• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Л Е К С И Я
ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ:
ТАЛАБОТИ АСОСӢ

Лексия – аз калимаи лотинии «хониш» гирифта шуда, яке аз намудҳои алоқаи бевоситаи байни омӯзгор ва донишҷӯ ба шумор меравад.

Лексия тарзи мантиқан системанок, пайдарҳам, рав-шан ва фаҳмо баён намудани маводи таълимӣ мебошад.

Дар лексия бояд ба расонидани мақсад ва самтҳои омӯзонидани фанни таълимӣ такя карда, ҷиҳати аз

ҷониби донишҷӯён иҷро намудани корҳои (навбатии) мустақилона дастур дода шавад.

 

Тавассути лексия мақсадҳои зерин ва ба ҳамдигар алоқаманд татбиқ карда мешаванд:

- ба донишҷӯён пешкаш намудани донишҳои бунёдӣ ва татбиқӣ бо таҳлили васеи онҳо;

- ташаккул додани асосҳо барои аз ҷониби онҳо аз худ намудани маводи таълимӣ;

- ҷалби донишҷӯён ба мустақилона иҷро намудани корҳои таълимӣ-илмӣ;

- инкишофи сифатҳо ва тарбияи ҷабҳаҳои гуногуни хислати донишҷӯён ҳамчун шахс, муносибат, ғояҳо ва ақидаҳои ӯ идома дода мешавад;

Лексия дар раванди таълим вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

- пешниҳоди маълумот (дастрас гардонидани маълумот, маводи таълимӣ ва донишҳои илмии нав);

- роҳнамоӣ (воридшавӣ ба илм ва касбӣ оянда, шиносоӣ бо фанни таълимӣ, масъалагузорӣ дар илм ва истеҳсолот, ки қабули қарорҳои дахлдорро тақозо менамоянд);

- методологӣ (пайдо намудани тасаввурот оид ба методологияи илм, методҳо ва усулҳои гузаронидани таҳқиқот);

- ҳавасмандагрдонӣ (бедор намудани завқи мустақилона аз худ намудани фанни таълимӣ, иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ташаккул додани донишандӯзӣ ва касбазхудкунӣ);

- тарбиявӣ (дарк ва қабули арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ, муносибат тавассути маводи азхудшаванда, муносибат бо омӯзгор);

- инкишофдиҳанда (инкишофи қобилияти фикрронӣ, нутқ, хотира, маҳорату малакаи касбӣ ва ғайра).

Хусусиятҳои хоси лексия:

- пешкаш намудани ҳаҷми ҳар чи бештари маводи таълимӣ;

- бартараф намудани мураккабии мантиқии аз худ намудани маводи таълимӣ, тасдиқи маълумоти пешниҳодгардида ва хулосабарорӣ;

- шарҳи дастгоҳи истилоҳотии соҳаи мушаххаси илм ва методологияи он;

- асоснок гардонидани алоқаи фанни таълимӣ бо дигар фанҳо;

- таҳлил ва баҳодиҳии илмии вазъ ва рушди назария ва амалия;

- асоснок гардонидани аҳамияти фанни тадрисшаванда ва илми муайян дар ташаккули салоҳиятҳои касбии донишҷӯён.

Лексия зарур аст, агар:

- китобҳои дарсӣ мавҷуд набошад ё ин ки маводи нави таълимӣ дар китобҳои дарсӣ дарҷ нагардида бошад;

- фаслҳои алоҳидаи китобҳои дарсӣ барои мустақилона аз худ намудани маводи таълимӣ аз ҷониби донишҷӯ мушкил бошад;

- аз рӯи масъалаҳои омӯхташавандаи фанни таълимӣ консепсияҳои гуногун (мазмунан мухолифатдошта) баён гардида бошад;

- бо мақсади ҳавасманд гардонидан ё ҷалб намудани донишҷӯён барои аз худ намудани маводи таълимӣ, фаъолиятнокии дарккунӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва қобилияти касбии онҳо таъсири эмотсионалии лектор-омӯзгор муҳим бошад.

Талоботи муҳими педагогӣ ба лексия.

Дар шароити низоми таҳсилоти кредитӣ, татбиқи комплексҳои таълимӣ-методии фанҳо, технологияҳои иттилоотӣ, дар замоне, ки барои ҳар як донишҷӯ нусхаи чопӣ ва электронии матни лексияҳо дастарс мебошад, баргузор намудани лексия характери проблемавӣ-илмӣ касб менамояд.

Аз ин рӯ, дар даврони муосир мисоли самаранок гузаронидани лексияро пешакӣ ба доншҷӯён дастарс гардонидани матни лексияҳо ташкил медиҳад. Омӯзгор бошад, ҳангоми баргузор намудани лексия бояд ба масъалаҳои нисбатан муҳим, баҳсталаб ва таҳқиқнагардида таваҷҷуҳ зоҳир кунад.

Ҳангоми бо чунин тарз ташкил намудани лексия омӯзгор метавонад лексияҳои нисбатан мураккабро доир намояд. Масалан, лексия-дискуссия, лексия-пресс-конференсия ва ғайра.

Ҷараёнҳои муосири рушди шакли лексионии корҳои таълимӣ чунинанд:

1) Лексия ҳамчун шакли анъанавии корҳои таълимӣ бинобар сабаби истифода кардан аз методҳо ва қоидаҳои информатсионӣ, интерактивӣ ва фаъолияти рефлектории таълимӣ ба тарзи фаъоли таҳсилот табдил ёфтааст;

2) Моҳият ва методикаи гузаронидани лексия беш аз пеш характери илмӣ ва проблемавӣ-таҳқиқотиро касб карда истодааст;

3) Донишҷӯ аз объекти нофаъол ба субъекти дарккунанда ва дорои фаъолияти таълимӣ-таҳқиқотӣ табдил ёфта истодааст, ки дар натиҷа самтнокии шахсияти ӯ афзоиш ёфта, вазни хоси корҳои мустақилонаи он низ зиёд гашта истодааст;

4) Лексия ҳамчун усули вербалии таълим бо маводи аудиовизуалӣ, ки ба таври шиддатнок сурат гирифтани раванди таълимро таъмин менамоянд, пурра гашта истодааст.

Таснифоти лексияи муосир дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.

Дар таҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таснифоти лексия дар омӯзонидани фанни таълимӣ тибки мавқеи гузаронидани он ба ромонда мешавад. Бинобар ин, лексияро ба намудҳои зерин ҷудо мекунанд:

- лексияи муқаддимавӣ;

- лексияи сафарбаркунанда;

- лексияҳои тематикӣ;

- лексияи кушод;

- лексияи ҷамъбастӣ;

- лексияи ниҳоӣ.

Лексияи муқаддимавӣ воридшавии донишҷӯёнро ба омӯзиши маводи таълимии фан таъмин менамояд.

Дар рафти чунин лексия вазифаҳои асосӣ, муҳтаво, рушди муосир ва ояндаи илми мазкур шарҳ дода шуда, ба онҳо рӯихати адабиёти асосӣ ва иловагӣ пешниҳод карда мешавад.         Ҳамчунин ҳангоми баргузор намудани лексияи муқаддимавӣ донишҷӯён бояд ба таври мушаххас дар бораи омодагӣ ба машғулиятҳои лексионӣ ва шаклҳои дигари корҳои таълимии фан, иҷрои корҳои мустақилона, назорати ҷорӣ, имтиҳонҳои фосилавӣ ва ниҳоӣ тасаввурот пайдо кунанд.

Лексияи сафарбаркунанда асосан бо донишҷӯёни шакли таҳсили ғоибона баргузор карда мешавад.

Максади ин намуди лексияро ба донишҷӯён расонидани кӯмак ҷиҳати мустақилона аз худ намудани барномаи таълимии ин ё он фан ташкил медиҳад.

Дар лексияи сафарбаркунанда одатан шарҳи фан, категорияҳои асосӣ ва проблемаҳои он, ҳамчунин аҳамияти фан дар омодагии касбии хатмкунанда ва ғайра шарҳ дода мешаванд.

Дар чунин лексия муҳтавои китобҳои дарсӣ ва дастуру воситаҳои таълимӣ, адабиёти асосӣ оид ба проблематикаи фан шарҳ дода мешавад.

Лексияҳои тематикӣ.

Дар раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бештар аз лексияҳои тематикӣ васеъ истифода мекунанд.

Ҳангоми баргузор намудани онҳо мавзуъҳои фанни таълимӣ ба таври системанок ва васеъ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Саволҳои ҳар як мавзӯи чунин лексияҳо ҷузъи саволномаҳои имтиҳонҳои фосилавӣ ва ниҳоии фан ба шумор мераванд.

Лексияҳои кушод одатан дар баробари ба анҷом расидани омӯзиши фанни таълимӣ дар курси ниҳоии давраи таҳсил пеш аз гузаштан аз аттестатсияи хатм баргузор карда мешаванд.

Мақсади гузаронидани лексияҳои кушодро системанок гардонидани дониши азбарнамудаи донишҷӯён ва возеҳ баён намудани масъалаҳои методологии фан, ҳамчунин баррасии он саволҳои фанни таълимӣ, ки дар лексияҳои тематикӣ кушода нашудаанд, ташкил медиҳад.

Лексияи ҷамъбастӣ ба омӯзиши фасл ё боб, ҳатто мавзӯи алоҳидаи фанни таълимӣ фарҷом мебахшад.

Ҳангоми баргузор намудани чунин намуди лексия маводи таълимии азбаркардашуда ҷамъбаст ва дар сатҳи нисбатан баланди илмӣ-назариявӣ системанок гардонида мешавад ва ба донишҳои дар вақти иҷро намудани корҳои мустақилона бадастовардаи донишҷӯён мутобиқ гардонида мешавад.

Лексияи ҷамъбастӣ донишҷӯёнро ба хуб аз худ намудани таърих ва вазъи муосири соҳаи дониш ё ин ки баҳси илмӣ сафарбар намуда, аҳамияти назариявӣ ва амалии онҳоро шарҳ медиҳад.

Чунин ҳолат ба истифода карда тавонистани қобилияти мустақилона истифодабарии дониш ва маҳорати касбии азбаркардаи донишҷӯён ва қабули қарорҳои дахлдор дар ҳалли масъалаҳои касбӣ аз ҷониби онҳо мусоидат мекунад.

Лексияи ниҳоӣ натиҷаи пурра аз худ намудани барномаи таълимии фанро таъмин намуда, донишҳои то омӯзиши фан ва дар рафти омӯзиши фан азбаркардаи донишҷӯёнро васеъ мегардонад ва самнокии касбияти онҳоро шарҳ медиҳад.

Дар чунин лексия рефлексияи фаъолияти таълимӣ ва пурсиши хаттии донишҷӯён оид ба масъалаҳои омӯзонидани фанни таълимӣ гузаронида мешавад.

Вобаста ба тарзи пешкаш намудани маводи таълимӣ ба донишҷӯён шаклҳои зерини лексияҳоро ҷудо мекунанд:

- лексияҳои информатсионӣ;

- лексияҳои проблемавӣ;

- лексия-дисскусия;

- лексияҳои визуалӣ;

- лексияҳо бо роҳнамоии компютер;

- лексияҳо-мусоҳибаҳо.

Дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар даврони муосир раванди таълиму тарбия амалӣ гардонида мешавад ва бояд аз шаклҳои лексияҳое истифода карда шавад, ки дар рафти онҳо замина ва шароитҳои ба таври самаранок ташкил ва иҷро намудани корҳои мустақилонаи донишҷӯён фароҳам оварда шавад.

Тарзи классикӣ, анъанавии лексия шакли ибтидоӣ ва паҳншудаи ташкили раванди таълим ба шумор меравад, ки дар рафти он истифодаи методи шарҳдиҳӣ-намоишӣ афзалият дорад.

Ин тарз минбаъд лексия-дикта нест. Чунки дар даврони муосир ҳар як донишҷӯ бо китобҳои дарсӣ ва дигар лавозимоти таълимӣ таъмин мебошад.

Тарзи классикии лексия аз ҷиҳати моҳият ва характери баргузор намудан аллакай дигаргун гаштааст. Ба ин дигаргуншавӣ пеш аз ҳама гузоштани саволҳои проблемавӣ, баёни матн, истифодаи пораи дискуссия, аёният, аз ҷумла, маводи видео- ва аудиовизуалӣ тавассути компютер мусоидат менамояд. Дар баробари ба донишҷуён пешкаш намудани маълумоти навтарин, лексия бояд моҳияти гипотезаҳо ва масъалаҳои дар соҳаи алоҳида таҳқиқнагардидаро кушода, фаъолияти ҷустуҷӯӣ ва эҷодии донишҷӯёнро дар рафти иҷрои корҳои мустақилона таъмин намояд.

Лексияи проблемавӣ аввалин маротиба дар донишгоҳҳои Амрико арзи вуҷуд намуд. Профессорони ИМА лексияи проблемавиро одатан аз саволҳои пешакӣ омодакардашуда шуруъ намуда, сипас, шарҳи онҳоро дар асоси ҷавобҳои донишҷӯён ба роҳ мемонанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия лексия дорои хусусиятҳои хоси худ мебошад. Чун қоида, саволҳои барои мавзӯъ ибтидоӣ ва мураккаб мебошанд. Донишҷӯён барои муҳокима ва ҷустуҷӯи ҷавоб ба онҳо даъват мешаванд. Методикаи баёни проблемавии маводи таълимӣ донишҷӯёнро фаъол гардонида, ба инкишоф ёфтани фикрронии таҳлилӣ ва бурда тавонистани дискуссия аз ҷониби онҳо мусоидат мекунад.

Масълагузорӣ ва истифодаи саволҳои проблемавӣ гарчанде дар давраҳои Я.А. Каминский (солҳои 1592-1670) шуруъ гардида бошад, лекин характери системанок пайдо накарда буд. Танҳо дар асри ХХ олимони соҳаи дидактика лексияи проблемавиро ба шакли алоҳидаи лексия ҷудо намуданд.

Лексияи монографикӣ аз ҷиҳати методика ба лексияи классикӣ пурра мувофиқат мекунад.

Мақсади асосии онро шарҳи мавзӯи алоҳида аз рӯи як монографияи дорои характери бунёдӣ дар намоиши масъала аз нигоҳи як нафар, олим, таҳқиқотчӣ, омӯзгор-новатор ташкил медиҳад.

Лексияи монографикӣ метавонад ду-се саволи проблемавиро дар бар гирад, ки онҳо бояд диққати донишҷӯёнро аз ақидаи асосии баёни масъала аз ҷониби муаллиф дур назонад.

Лексия-дискуссия аз рӯи масъалаҳои нисбатан мураккаб, дорои характери гипотетикӣ, шарҳ ва ҳалли гуногун гузаронида мешавад.

Якчанд варианҳои методии гузаронидани лексия-дискуссияро фарқ мекунанд:

1) Донишҷӯён дар оғози лексия ба омӯзгор саволҳои оид ба мавзӯъ пешакӣ омодакардаи худро медиҳанд. Омӯзгор ба саволҳо тариқи шарҳ додани мавзӯъ ҷавоб мегардонад ва дар як вақт ба донишҷӯён бо савол муроҷиат намуда, онҳоро ба дискуссия ҷалб менамояд. Омӯзгор барои аз худ намудани маводи таълимӣ фазои беҳтаринро ташкил намуда, худ баъзан дар нақши иштирокчии дискуссия ва баъзан дар нақши лектор баромад мекунад.

2) Дискуссия бояд тамоми лексияро фаро нагирифта, танҳо ба як қисми он бахшида шавад. Омӯзгор оид ба мавзӯъ ба донишҷӯён ду-се савол пешниҳод менамояд, ки дар шакли дискуссия дар асоси такя намудан ба донишҳои аллакай азбаркардаи донишҷӯён баррасӣ карда мешаванд.

3) Омӯзгор барои иштирок дар дискуссия ду-се мутахассис (экспертҳо)-ро вобаста ба масъалаҳои муайян даъват менамояд. Донишҷуён метавонанд ба онҳо бо савол муроҷиат намуда, дар байни тамоми тарафҳои раванди таълим дускуссияро ба вуҷуд оранд. Чунин шакли лексия-дискуссияро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатҳои Аврупо – мастер-класс меноманд.

4) Лексия-аудиовизуализатсия – натиҷаи дидактикии ҷустуҷӯи шакли муътадили лексия аз ҷониби омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар нимаи асри ХХ ба шумор меравад. Аввал лексия-визуализатсия арзи вуҷуд намудааст, ки аз худ кӯшиши тавассути воситаҳои техникӣ аз аёният истифода карданро дар бар гирифта буд. Дар омода намудани чунин шакли лексияҳо ҳам омӯзгори фанни таълимӣ ва ҳам донишҷӯён иштирок мекунанд. Ҳангоми баргузор намудани лексия омӯзгор ба маводи аудиовизуалӣ такя намуда, шарҳи васеи онро баён мекунад ва оид ба мавзуъ маълумоти илвагӣ пешниҳод мегардонад. Омӯзгори собиқадор аз тарзҳои гуногуни аудиовизуализатсия  истифода менамояд. Масалан, муаррифии маводи таълимӣ бо истифода аз воситаҳои компютерӣ.

Таҷриба нишон медиҳад, ки истифода бурдани лексия-аудиовизуализатсия дар дарсҳои муқаддимавӣ, ҷамъбастӣ ва ниҳоии фалсҳо ё барномаи таълимии фан ба мақсад мувофиқ мебошад. Дар замони муосир лексия-аудиовизуалиатсия бо мақсади пешниҳод намудани маълумоти бештару дақиқ, баргузор намудани санҷиши тестӣ бо истифода аз технологияҳои информатсионӣ ва тавассути компютер ба роҳ монда мешавад.

Лексияи бинарӣ (лексияи ду нафар), ё ин ки лексия бо даъват намудани мутахассисони соҳа (экспертҳо) дар таҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатҳои муттараққӣ дар амал ҳар чӣ бештар татбиқ шуда истодааст. Хусусияти хоси лексияи бинарӣ аз он иборат аст, ки лексияро ду-се нафар мутахассисони соҳа (экспертҳо) мегузаронанд.

Лексия-пресс-конференсия дорои чунин нақша мебошад: омӯзгор дар баробари эълон намудани мавзӯъ аз донишҷӯён хоҳиш менамояд, ки оид ба мавзуъ ба ӯ бо саволҳои хаттӣ муроҷиат намоянд. Дар муддати ду-се дақиқа донишҷӯён саволҳои худро оид ба масъалаҳои диққати онҳоро ҷалбкунанда алоқаманд тартиб дода, ба омӯзгор пешниҳод менамоянд. Омӯзгор дар давоми се-панҷ дақиқа бо саволҳо шинос шуда, барои ҷавоб гардонидан, онҳоро вобаста ба мазмун пайдарҳам гузошта ба лексия шуруъ менамояд. Маводи лексионӣ на дар шакли ҷавоб ба саволҳо, балкӣ дар шакли баёни мавзуъ бо назардошти ҷавоб гуфтан ба саволҳи гузошташуда гузаронида мешавад. Дар поёни лексия омӯзгор натиҷаҳоро ҷамъбаст намуда, саволҳои додашударо таҳлил мекунад, фикри донишҷӯёнро дар бораи дастарас намудани маълумоти нав шунида, хулосабарорӣ менамояд.

Чунин шакли лексияро дар давраҳои зерини тадриси фанни таълимӣ баргузор намудан мумкин аст:

- дар оғози омӯзиши мавзуъ бо мақсади муайян намудани талаботи донишҷӯён;

- дар давраи мобайнии азхудкунии барномаи таълимии фан - вақте ки он таваҷчуҳи донишҷуёнро ба ҳалли масъалаҳои алоҳида ва системанок гардидани дониши онҳо ҷалб мегардонад;

-дар давраи охири азхудкунии барномаи таълимии фан - ҷиҳати муайян намудани дурнамои рушди маводи азхудкардашуда ва роҳҳои дар амал татбиқ намудани он.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj