• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
ТАЛАБОТ БА МАШҒУЛИЯТҲОИ АМАЛӢ, СЕМИНАРӢ ВА
ЛАБОРАТОРӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

Истилоҳи «машғулияти амалӣ» дар педагогика ниҳоят васеъ мавриди истифода қарор дода шуда, ба шаклҳои машғулияти лабораторӣ, семинарӣ ва машқ ҷудо мешавад.

Машғулиятҳои амалии аудиторӣ дар ташаккул ёфтани маҳорату малакаи

касбии донишҷӯён ҳангоми зоҳир намудани фаъолияти якҷоя бо омӯзгор ҷиҳати дар амал истифода кардани донишҳои ба таври назариявӣ азбарнамудаи онҳо нақши муҳим мебозад.

Дар курсҳои аввали давраи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ машғулиятҳои амалӣ дорои характери системанок мебошанд. Яъне, мунтаззам пас аз ҳар як ва ё ду-се дарсҳои лексионӣ гузаронида мешаванд. Барномаи таълимии аксарияти фанҳои нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ новобаста аз шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона, фосилавӣ) дар шакли гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва семинарӣ, ки иҷрои корҳои таълимии дар дарсҳои лексионӣ оғозгардидаро мантиқан идома мебахшанд, аз худ карда мешавад.

Агар дарсҳои лексионӣ дар шакли умум аз худ намудани асосҳои илмии дониши донишҷӯёнро оид ба ин ё он фанни таълимӣ ташаккул диҳанд, машғулиятҳои амалӣ ва семинарӣ бошанд, ба ташаккул ёфтани маҳорату малакаҳои фаъолияти касбии онҳо мусоидат мекунанд. Машғулиятҳои амалӣ ва семинарӣ қобилияти фикрронӣ ва нутқи донишҷӯёнро инкишоф медиҳанд. Ҳамчунин машғулияти амалӣ ба омӯзгор имкон медиҳад, ки дониши донишҷӯён муайян кунад. Бинобар ин, аз худ намудани талаботи барномаи таълимии фанҳо дар шакли гузаронидани машқ, машғулиятҳои семинарӣ, амалӣ ва лабораторӣ ҳамчун воситаи муҳими алоқаи баргарданда баромад мекунанд.

Ба донишҷӯён барои бо омодагӣ ба машғулияти амалӣ ҳозир шудан, танҳо шунидани лексия кофӣ нест. Бинобар ин, аз донишҷӯён бояд иҷрои кори мустақилона (супориши вазифаи хонагӣ) оид ба мавзӯъ талаб карда шавад. Ҳатто, гуфтани он ҷоиз нест, ки донишҷӯён ба машғулиятҳои амалӣ ва семинарӣ бе пешакӣ аз худ намудани қисми назариявии маводи таълимӣ тариқи истифода аз ёддошт-конспекти дарси лексионӣ, китобҳои дарсӣ, дастуру воситаҳои таълимӣ ҳозир шаванд.

1. МАШҒУЛИЯТҲОИ АМАЛӢ

Машғулиятҳои амалӣ шакли хосаи алоқаманд гардонидани назария бо амалия ба шумор мераванд. Сохтори машғулиятҳои амалӣ ягона буда, аз қисмҳои зерин иборат мебошад: сухани ифтитоҳии омӯзгор, пурсиши қисми назариявии мавзӯъ (ки ҷавобҳои донишҷӯёнро ба саволҳои аз ҷониби омӯзгор гузошташуда дар бар мегирад), иҷрои корҳо ва сухани ҷамъбастии омӯзгор. Гуногуни асосан дар қисми «иҷрои корҳо»-и машғулияти амалӣ, ки баҳодиҳӣ ба рефератҳо, шунидани маърӯзаҳо, баргузор намудани дисскусияҳо, иҷрои машқҳо, ҳалли масъалаҳо, гузаронидани мушоҳидаҳо ва таҷрибаҳоро дар бар мегирад, ҷой дорад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои амалӣ танҳо ба ташаккули маҳорату малакаи донишҷӯён, техникаи ҳалли масъалаҳо, қоидаҳои тартиб додани нақшаҳо ва ғайра таваҷҷуҳ зоҳир карда нашавад, балкӣ донишҷӯён бояд дар рафти машғулияти амалӣ ҳамеша идеяи асосии мавзӯъ ва алоқамандии онро бо таҷриба дуруст дарк кунанд. Мақсади гузаронидани машғулияти амалӣ на танҳо ба омӯзгор, балкӣ ба донишҷӯён низ бояд фаҳмо бошад. Чунин ҳолат ба ин шакли корҳои таълимӣ хусусияти шавқоварӣ бахшида, зарурати аз худ намудани таҷрибаи фаъолияти касбиро тасдиқ мекунад ва онҳоро бо таҷрибаи ҳаётӣ алоқаманд мегардонад. Донишҷӯён дарк мекунанд, ки гузаронидани машғулиятҳои амалӣ то кадом андоза барои аз худ намудани касби ояндаи онҳо зарур мебошанд. Агар донишҷӯён пайхас намоянд, ки имкониятҳои таълимии машғулиятҳои амалӣ маҳдуд мебошанд, таваҷҷуҳи онҳо нисбат ба машғулиятҳои амалӣ гум мешавад. Бо назардошти ҷой доштани чунин ҳолати психологӣ машғулиятҳои амалӣ бояд тавре ташкил ва гузаронида шаванд, ки донишҷӯён ҳамеша мураккабшавии супоришҳои иҷрошавандаро аз як машғулият ба машғулияти дигари амалӣ эҳсос намояд. Чунин вазъ боиси аз ҷониби донишҷӯён дарк намудани масъулияти ба даст овардани комёбӣ дар машғулиятҳои амалӣ мегардад ва сатҳи ҳавасмандии онҳо баланд мешавад. Ҳамчунин агар донишҷӯён дар машғулиятҳои амалӣ ҳолати дар як ҷой қарор доштанро эҳсос намоянд, он гоҳ сатҳи ҳавасмандии онҳо паст мешавад. Омӯзгор бояд машғулиятҳои амалиро тавре гузаронад, ки ҳамаи донишҷӯён ба иҷрои корҳои эҷодӣ, барои ба даст овардани ҷавобҳои дуруст ва дақиқи масъалаҳо сафарбар карда шаванд. Ҳар як донишҷӯ бояд имконияти дар машғулияти амалӣ баромад кардан, зоҳир намудани қобилияти худро пайдо карда тавонад. Аз ин рӯ, ҳангоми таҳияи нақшаи машғулияти амалӣ ва муайян намудани супоришҳои корҳои мустақилонаи донишҷӯён (супоришҳои вазифаи хонагӣ) омӯзгор бояд сатҳи омодагӣ ва муносибати ҳар як донишҷӯро ба назар гирад. Дар рафти машғулияти амалӣ омӯзгор дар як вақт ҳамчун мушовири аз рӯи фаъолияти таълимии ҳар як донишҷӯ назораткунанда баромад намуда, қобилияти саривақт ба онҳо расонидани кӯмаки педагогиро доро бошад. Дар ҳолати бо чунин тарз гузаронидани машғулияти амалӣ дар донишҷӯён эҳсоси маҳдуд гардидани имкониятҳои таълимӣ ба вуҷуд намеояд.

Ҳангоми баргузор намудани машғулиятҳои амалӣ ва умуман дар раванди иҷрои тамоми шаклҳои корҳои таълимӣ нақши такроркунӣ ва азёд намудани таърифу қоидаҳои асосии фан хеле муҳим мебошад. Якранг гузаронидани такроркунӣ ва дарки субъективии (қориёна) азёд намудани таърифу қоидаҳои асосии маводи таълимӣ, раванди азхудкунии маводи таълимиро ба мисли суст ба пеш ҳаракат кардан, паст мегардонад. Бинобар ин, хеле муҳим аст, ки такроркунӣ ва азёд намудани таърифу қоидаҳои асосии фан бо тарзҳои гуногун гузаронида шаванд. Мутаасифона, чунин тарзи муносибат дар таҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ на ҳамеша мушоҳида мегардад.

2. МАШҒУЛИЯТҲОИ СЕМИНАРӢ

Фаҳмиши «машғулияти семинарӣ» аз калимаи лотинии «semenarium» гирифта шуда, маънии «гулчин кардан»-ро ифода мекунад. Машғулиятҳои семинарӣ дар мактабҳои Юнон ва Рими қадим ҳамчун ягонагии диспутҳо ва маърузаҳои хонандагон, шарҳ ва хулосабарории омӯзгорон гузаронида мешуданд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии муосир машғулияти семинарӣ чун яке аз шаклҳои асосии корҳои амалӣ ҳам барои фанҳои ҷомеашиносӣ ва ҳам барои фанҳои табиатшиносӣ (дақиқ) маҳсуб меёбад. Машғулияти семинарӣ барои пурра аз худ намудани талаботи барномаи таълимии ин ё он фан пешбинӣ мегардад.

Машғулиятҳои семинарӣ мустақилияти эҷодии донишҷӯёнро инкишоф дода, таваҷҷуҳи онҳоро ҷиҳати аз худ намудани илм ва тадқиқотҳои илмӣ устувор мегардонанд. Дар машғулиятҳои семинарӣ донишҷӯён дастгоҳи илмии фанро аз худ намуда, маҳорату малакаи иҷрои корҳои илмӣ, санъати ба таври шифоҳӣ ва хаттӣ баён намудани маводи таълимӣ, дифои назария ва хулосаҳои илмии дар инкишоф қарордоштаро пайдо мекунанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии муосир се типи машғулиятҳои семинариро фарқ мекунанд: машғулияти дарсии то семинарӣ, семинарӣ ва семинари махсус.

Тавре ки аз номи машғулияти дарсии то семинарӣ бармеояд – ин типи машғулияти дарсӣ омодашавӣ ба семинар мебошад. Чунин типи машғулиятҳои дарсӣ дар курси 1-ум асосан бо мақсади шинос кардани донишҷӯён бо махсусияти иҷро намудани корҳои мустақилона, методикаи кор бо адабиёт ва сарчашмаҳо гузаронида мешавад.

Таҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нишон медиҳад, ки донишҷӯёни курси 1-ум бо якчанд адабиёт кор карда наметавонанд, намедонанд чи тавр маводи вобаста ба мавзӯъ зарурӣ дарёфт карда, онро тибқи мақсад ва вазифаҳои гузошташуда пешниҳод гардонанд. Бинобар ин, ба инкишофи маҳорату малакаи бо сарчашмаҳо кор карда тавонистани донишҷӯён таваҷҷуҳ зоҳир кардан муҳим мебошад. Давраи дуюми иҷрои корҳои таълимиро дар машғулиятҳои то семинарӣ – аз ҷониби донишҷӯён омода намудани рефератҳо дар мавзуъҳои алоҳида, шунидани маърӯза ва муҳокимаронии онҳо, хулосабарории роҳбар (омӯзгор) ташкил медиҳанд.

Масъалаҳои ҷиддии таълимӣ, тарбиявӣ ва илмӣ дар машғулиятҳои семинарии курсҳои 2-3 ва дар семинарҳои махсуси курсҳои 4-5, ки ба ташаккулёбии тарзи илмии азхудкунии мавод дар донишҷӯён мусоидат мекунанд, мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

Ҳамчунин вобаста ба хусусиятҳои маводи таълимӣ намудҳои зерини машғулиятҳои семинариро фарқ мекунанд:

- машғулияти семинарие, ки бо мақсади пурра аз худ намудани барномаи таълимии ин ё он фан ва ё аз ҷиҳати тематикӣ ба он зич алоқаманд, гузаронида мешавад;

- машғулияти семинарие, ки пурра аз худ намудани мавзуъ ё мавзуъҳои муайяни нисбатан муҳим ва аз ҷиҳати методологӣ хоси фанни таълимиро дар бар гирифтааст;

- семинари махсус (таҳқиқотӣ)-и дорои тематикаи масъалаҳои хоси илмӣ мебошад ва ба омӯзиши ҳамаҷонибаи он равона гардидааст.

Аз ҷиҳати шакл машғулиятҳои семинарӣ дар намуди «суҳбати кушод» аз рӯи нақшаи пешакӣ ба донишҷӯён дастрасгардида ва ё «маърузаҳои хурди донишҷӯён» бо муҳокима аз ҷониби иштирокчиёни он гузаронида мешавад.

Ба машғулияти семинарӣ алоқаи бевоситаи донишҷӯён бо омӯзгор хос мебошад ва натиҷаи чунин алоқаро бояд боварии тарафайн ташкил диҳад. Баъзе семинарҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тамоми умр дар хотир мемонанд, чункӣ ба роҳбарони онҳо муяссар мегардад, ки фазои илмӣ ва дӯстона фароҳам созанд. Семинарҳои чунин роҳбарон метавонанд ба корҳои мунтазаму устувори як коллективу дустона ва муттаҳид табдил ёбанд.

Омӯзгорони собиқадор фазои корҳои эҷодӣ фароҳам оварда, донишҷӯёнро ба маъруза ва музокираҳои дорои хусусияти баҳодиҳӣ, иштирок дар намудҳои гуногуни дискуссияҳо сафарбар менамоянд. Омӯзгор бояд пешакӣ ба донишҷӯён фаҳмонад, ки чи гуна ҷавобҳоро ба саволҳо ва супоришҳои додашуда интизор аст – дар шакли навиштани реферат ё тақриз, бо назардошти баҳодиҳӣ ва муҳокимаи онҳо. Дар баробари ин омӯзгор бояд сатҳи омодагии ҳар як донишҷӯ, баъзе сифатҳои хислати онҳо (муошираткунӣ, ба худ боварӣ зоҳир кардан, ба ҳаяҷон афтодан ва ғайра)-ро дар машғулияти семинарӣ ба эътибор гирад. Ҳангоми баргузор намудани машғулияти семинарӣ омӯзгор имконияти васеи танзим намудани дискуссияро, ки ба шахсияти донишҷӯ бояд таъсири манфӣ нарасонанд, доро мебошад. Масалан, омӯзгор ба донишҷӯёни нофаъол ва ба худ пурра боварӣ надошта тариқи додани саволҳои осон дар дискуссия иштрок намуданро пешниҳод менамояд. Дар натиҷаи муваффақ гаштан онҳо минбаъд кӯшиш мекунанд, ки барои ҷавоб гуфтан ба саволҳои нисбатан мураккаб дар дисскуссияҳо иштирок намоянд.

Машғулияти семинарӣ донишҷӯёнро тадриҷан ба семинарҳои махсуси курсҳои болоӣ сафарбар менамояд. Дар семинари махсус ба комёбӣ муваффақ гардидани донишҷӯён дар муқоиса ба семинар дорои аҳамияти хеле калон мебошад. Чункӣ он ба муоширати кутоҳмуддати таҳқиқотчиёни оид ба масъалаи муайян акнун ба илм воридшаванда равона гардида, таҳти роҳбарии омӯзгори собиқадор ва дорои донишу таҷрибаи баланди касбӣ ташкил ва баргузор карда мешавад. Семинари махсуси таҳти роҳбарии мутахассиси барҷаста доиршаванда хусусияти мактаби илмиро касб мекунад, ки дар донишҷӯён тафаккур ва қобилияти фикрронии коллективонаро ташаккул медиҳад. Дар рафти доир намудани семинарҳои махсус муҳим он аст, ки донишҷӯён ба иҷрои корҳои гуруҳӣ ва баҳодиҳӣ ба натиҷаҳои онҳо, овардани мисолҳои мушаххас сафарбар карда шаванд. Дар қисмати охири семинари махсус, чун қоида, роҳбар шарҳи васеи машғулият ва корҳоро аз ҷиҳати илмӣ иброз дошта, доираи минбаъдаи таҳқиқ намудани масъаларо кушода медиҳад ва бо ин васила шавқу рағбати донишҷӯёнро ба илм бедор мекунад.

3. МАШҒУЛИЯТҲОИ ЛАБОРАТОРӢ

Ба ҳам овардани донишҳои назариявӣ-методологӣ ва маҳорату малакаи иҷро намудани корҳои амалии донишҷӯён дар шакли протсесси ягонаи фаъолияти дорои характери таълимӣ-илмӣ танҳо тариқи ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои лабораторӣ ба даст меояд.

Баланд бардоштани мавқеи машғулиятҳои лабораторӣ дар раванди таълим ба рушди шиддатнокӣ эксперимент дар шакли муосири он алоқаманд мебошад. Бинобар ин, ҳар як хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд барои иҷрои корҳои илмӣ-истеҳсолӣ комилан омода карда шаванд.

Истилоҳи «лаборатория» аз калимаи лотинии «labor» гирифта шуда, маънои меҳнат, кор ва душвориро ифода мекунад. Истилоҳи «лаборатория» ба фаҳмиши дар давраҳои қадим ташаккулёфтаи ба тарзи истифодаи фаъолияти фикрӣ ва ҷисмонии ҳалли масъалаҳои илмӣ ва ҳаётан муҳим алоқаманд, равона гардидааст.

Машғулиятҳои лабораторӣ вобаста ба ихтисоси алоҳида дорои хусусияти хос ва бараъло таҷассумёфта мебошанд. Дар рафти машғулиятҳои лабораторӣ яке аз шаклҳои самараноки корҳои таълимӣ - ин ба таври гуруҳи иҷро намудани онҳо ба шумор меравад. Ба таври самранок гузаронидани машғулияти лабораторӣ аз омӯзгори фанни таълимӣ  масъулияти баланд ва иҷрои ҳаҷми зиёди корро талаб мекунад. Чунин тарзи иҷро намудани корҳо имкон медиҳад, ки донишҷӯён ҷиҳати минбаъд пурра ва ҳамаҷониба иҷро намудани корҳои мустақилона сафарбар карда шуда, бо методҳои гузаронидани таҳқиқот (таҷриба) мусаллаҳ гардонида шаванд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj