• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Саодати миллат дар маърифат аст

(Ба истиқболи Рӯзи китоб)

Инсон, ки бешак, реша аз олами улвӣ дорад, пайваста ба ғизои маънавӣ эҳтиёҷманд аст:

Сухан аз чархи барин омадааст,

Бањри покон ба замин омадааст.

Офаридгори олам низ барои аз ҷаҳолат берун кашидани башарият ба паямбаронаш китоб (Тавроту Забуру Инҷилу Қуръон) фиристоду калому китобро раҳкушою раҳнамои инсонҳо қарор дод. Сарчашмаи ақлу донишу илм ҳатман китоб аст:

Ҳар он мағз, к-ўро хирад равшан аст,

Зи дониш ба гирди танаш ҷавшан аст.

Чун майнаи одам имкони ғунҷонидани маҷмуи илму донишҳоро надорад, зарурияти гирдоварию маҳфуз нигҳодории онҳо ба таҳия ва нашри китоб замина гузошт. Ва инак ҳазорсолаҳост инсоният худро бе китоб тасаввур карда наметавонад. Инкишофи ақлонии бани башар, рушду такомулёбӣ ва пешрафти тараққиёти соҳаҳои гуногун низ бастагӣ ба илму дониш дорад:

Касе к-ў ҷаҳонро бувад хостгор,

Варо дониш ояд, на гавҳар ба кор.

Дар рушди улуми нақлӣ (шеъру адаб) комёбиҳо дорем, вале тавсеаи улуми ақлӣ (дақиқ) беҳбудӣ мехоҳад. Боиси ифтихор мебуд агар миёни миллиёнҳо техологияҳои мухталиф, ашёи рўзгор, ихтироот тамғаи Made in Tajikistan бештар ба чашм мерасид. Агар дар гузаштаи дур шарқ сарчашмадору маҳди маърифату маънавиёти сайёра маҳсуб меёфт, чанд садсолаи охир ғарб пешгому аламбардори донишҳои башарист. Дар ихтирооту кашфиёти илмӣ низ шарқи куҳан ҷои пои худро дар ҷаҳони муосир ба Фаранг додааст:

Шарқиёнро ишқ рози коинот,

Ғарбиёнро зиракӣ сози ҳаёт,

Хезу нақши олами дигар бинеҳ,

Ишқро бо зиракб омез деҳ.

Барои мисол илмҳои кайҳоншиносӣ, нуҷумшиносӣ, кимиё, аксаран фанҳои дақиқ маҳсули ақлу андешаи олимони асримиёнагии машриқзаминанд, вале имрўз дар ин соҳаҳо ками дар кам олимону мутахассисони ин минтақа шуҳрати ҷаҳонӣ ва ё амалкарди чашмрасе доранд:

Ҳикмати ашё фарангизод нест,

Асли ў ҷуз лаззати эҷод нест.

Нек агар бинӣ мусалмонзода аст,

Ин гуҳар аз дасти мо уфтодааст.

Нахусткитобхонаву академияҳо низ аввалан дар дарборҳои шоҳону императорҳои машриқзамин, хусусан ориётаборон таъсис ёфта буданд, ки намунаи олияш фарҳангистони «Гунди Шопур» - Сосониён ва «Ганҷинаи ҳикмат» -и Сомониён буда метавонад. Яке аз сабабҳои асосии ақибмондагӣ дар ин самт маҳз дурӣ аз китоб ва камтаваҷҷуҳӣ ба илм, инчунин фосилаи зиёд ҳатто ноҳамоҳангии илму истеҳсолот ва албатта маблағ ё дареғ доштани маблағи зарурӣ аст:

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

«Силиконовая долина» - и Амрико ва Маркази иноватсионии «Сколково» - и Россия намунаи олии ҳамкорию ҳамбастагии олимону истеҳсолотчиёну соҳибкорону ҳукумат маҳсуб меёбад. Олим ихтироъ мекунад, ҳукумат шароит фароҳам меоварад давлат ё соҳибкоронкорон маблағгузорӣ мекунанд, истеҳсолотчӣ истеҳсол кардаву ба фурўш мебарорад ва ҳама суд мебаранду ҳавасманди кору пайкоранд. Мутаасифона аз мавҷуд набудани ин занҷира ва таасуби бемаънӣ Шарқ эҳтиёҷманду дастнигари ғарб шудаву Ғарб пештозу бологузар гардида:

Ҳар он кас, ки дониш фаромўш кунад,

Забонро зи гуфтор хомўш кунад.

Заъфи маданият, болоравии ҷоҳилият, поёнравии касбият, рушди ҷиноят маҳз бастагӣ ба камсаводию бемаърифатӣ, дақиқтараш дурӣ аз китобу маърифат ва ниёкони тамаддуновару тамаддуноварамон дорад:

Чу бар решаи хеш реша занӣ,

Ту бар решаи хасм теша занӣ.

Бо арҷгузорӣ аз гузаштагони оламгирамон ва ба хотири ояндаи босаодати миллати шарафмандамон мебояд сар карда аз хонаамон то ба тамоми қишрҳои ҷомеа тарғибу ташвиқи хондану омўхтанро ба роҳ монем. Агар мехоҳем дар ин ҷаҳони пуртаззоду бо суръати кайҳонӣ рушдёбанда мавқеи намоёни худро дошта бошем, пас, ифодаи «Саодати миллат дар маърифат аст» бояд шиори зиндагиямон бошад.

Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР

Аълочии маорифи ҶТ, журналист,

Директори Китобхонаи шаҳрии

ба номи Абулқосим Лоҳутӣ

Аз саҳифаи муаллиф дар Фейсбук

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj