• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ЗИ ИСТИҚЛОЛ МОРО САРФАРОЗИСТ

Паёми табрикии Ректори донишгоҳ, академик

Носирҷон Салимӣ ба ифтихори соли нави таҳсил ва Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дӯстони арҷманд!

Устодон ва донишҷӯёни муҳтарам!

Басо гуворову сурурбахш аст, ки ҳамасола дар кишвари маҳбуби мо оғози соли нави таҳсил ба шарофати дарси Сулҳ, Рӯзи дониш, Рӯзи китоб ва ниҳоят, ба шарофати таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатӣ шукӯҳу шаҳомати махсус пайдо мекунад. Вобаста ба ин ҳама санаҳои фархундаву муборак дар саросари мамлакат машғулиятҳои намунавӣ, ҳамоишу тантанаҳо баргузор мешаванд. Дар ин миён таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аҳамияту моҳият ва нишоту сурури бештаре дорад, зеро он бо рисолати давлату давлатдории мо, бо нангу номус ва ифтихори миллатамон иртибот дорад. Истиқлолият посдори ҳастии миллат, шарафмандӣ ва сарбаландии кулли шаҳрвандон-номбардорони Ватан мебошад. Ҷумҳурии мо бисту шаш сол қабл аз ин соҳибистиқлол гардида, худро дар арсаи ҷаҳон ҳамчун давлати озоду мустақил ва комилҳуқуқ муаррифӣ намуд. Пойдории Истиқлолияти давлатии кишвари мо бо кору пайкор ва талошҳои ҷоннисоронаву ватанпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи қавию ногусастанӣ дорад. Дар тавсифу ситоиши ин дастоварди беназири халқи шарафманди тоҷик Сарвари кишварамон, аз ҷумла, гуфтаанд: «Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, армони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад».

Воқеан, Истиқлолият имкон фароҳам овард, ки мо суннату арзишҳои миллиамонро эҳё бикунему посдори муқаддасоти давлатиамон бошем ва Ватани маҳбубамонро ба ошёни бегазанди сулҳу ваҳдат ва ба маъвои бахту саодат табдил бидиҳем.

Дар радифи соҳоти дигар Истиқлолият ба соҳаи маориф низ имконоти созгори рушд фароҳам овард ва ба вижа, омили муҳиме баҳри тақвияти ҷанбаи миллии таълиму тарбия, таҳкими ҳисси хештаншиносӣ ва ватандӯстию ифтихори миллии аҳли кишвар гардид.

Истиқлолият неруи тавонои рушдбахше шуд барои пешрафту комёбиҳои донишгоҳи куҳанбунёду шуҳратёри мо. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар боргоҳи омӯзгорони ҷумҳурӣ мазмуну мундариҷаи таълим, муҳтавои нақшаҳои таълимию барномаҳо, усулҳои таълим ва китобу дастурҳои дахлдор таҷдиди назар шуданд. Ин аст, ки аҳли маърифатгоҳи олии мо ҳамасола Рӯзи Истиқлолиятро бо суруру шодмонӣ ва бо ифтихори баланди миллӣ таҷлил менамоянд.

Дар донишгоҳамон, ҳамчунин, вобаста ба Рӯзи дониш ва Рӯзи китоб маъракаҳои густурдаву рангин ва ҷолибу хотирмон баргузор карда мешаванд. Донишу китоб барои ба қуллаҳои мақсуд расидану дар ҳунару дар кору эҷод мумтоз гардидани донишҷӯён-омӯзгорони фардо нақши калидӣ мебозанд. Ба ибораи маъмул, дониш чароғи дил асту китоб калиди дари ганҷи маънавӣ. Дар нахустрӯзи соли таҳсил дарси Сулҳ дар таълимгоҳи мо дар сатҳи баланд баргузор мешавад, аҳамияту моҳияти Сулҳро таблиғ менамояд, марҳилаҳои Сулҳи тоҷиконро тавзеҳ мебахшад ва ваҳдати миллиро ситоиш мекунад.

Ҳамаи санаҳои нишотбору ҷашнвораҳои фархундаи мазкур дар маҷмӯъ ҳусни оғози соли нави таҳсиланд ва ба мо рӯҳу илҳоми тоза, неруву тавонмандӣ эҳдо менамоянд.

Ба ҳамаи шумо, устодону донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ ба муносибати соли нави таҳсил ва фарорасии Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландию комгорӣ ва барору саодатмандӣ таманно дорам.

Рӯзгоронатон ҳамеша фараҳрез ва фаъолиятатон бобарору бобаракат бод!

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj