• Tajik
  • Russian
  • English

Кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик

Кафедрахо 54
There are no translations available.

Кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик

Мудири кафедра

РАСУЛОВ С

Кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик (мудири кафедра проф.Шербоев С. бо қарори Шӯрои илмии собиқ Донишкадаи давлатии омӯзгории (ба номи Т.Г.Шевченко) ш.Душанбе 20 августи 1974 таъсис ёфт. Ба сарварии ин кафедра бошад номзади илми филология, дотсент (шодравон) Назаршо Бозидов таъин гардида буд. Кафедра дар заминаи кафедраҳои забони тоҷикӣ ва адабиёти факултаи филологияи тоҷик эҳё шуда, 8 нафар аъзо дошт, ки аз онҳо 1 нафар (Бозидов Н) номзади илми филолгия, 6 нафар (Раҳимова М., Юнусова Х., Қудратова Р., Бобокалонова М., Маликов ва Зиёев М.) муаллимони калон буданд.
Мақсад ва вазифаи асосии таъсиси кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик иборат аз он буд, ки сифати омӯзиши дарси методикаи таълими ҳам забон ва ҳам дабиёти тоҷик, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, таълими практикуми забони тоҷикӣ, ки таҳкурсии асосии азхудкунии курси забони адабии ҳозираи тоҷик ба шумор меравад, ба таври бояду шояд баланд бардошта шавад. Зимни иҷрои ҳамин мақсаду вазифа кафедра ва аъзоёни он дар тӯли зиёда аз 25 сол кор мебаранд.
Аз мудирон Назаршо Бозидов шахси аввал буда, ӯ на танҳо кафедра таъсис дода, онро бо мутахассисон таъмин намудааст, ҳамчунин баҳри рмивоҷу равнақи кори он расо 12 сол (1974-1986) заҳматҳои хешро ба харҷ додаст. Дар давраи мудии Н.Бозидов кори таҷрибаи омӯзгории донишҷӯёни факулта хеле хуб ба роҳ монда шуда, сифати таълими курси практикуми забони тоҷикӣ, таълими методикаи забон ва адабиёти тоҷик беҳтар гардида, устодони кафедра барои такмил додани барномаҳои таълимии ҳамин фанҳо ба кор шурӯ менамоянд.
Пас аз Н.Бозидов вазифаи мудирии кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик ба ӯҳдаи профессор, доктори илми филология Ҷ.Бобокалонова гузошта мешавад. ӯ аз соли 1990 дар кафедраи методика адои вазифа намудааст, ки дар ҳамин давра барномаҳои таълимии фанҳои марбут ба кафедраи мазкур пурра рӯи чопро дидаанд ва таълими он фанҳо низ бо маҷрои нав сурат мегирад.
Минбаъд вазифаи мудирии кафедра (1990-1995) ба ӯхдаи дотсент, номзади илми филология Нуров С. Вогузор мешавад. Дар ин давра аъзои фаъоли кафедра дотсент С.Шербоев ду сол барои навиштани кори докторӣ ба вазифаи ходими калони илмӣ гузаронида мешавад. Мавсуф зимни ду соли дар вазифаи ходими калони илмӣ буданаш ( 1990-1992) рисолаи докториро бо унвони Асосҳои илмӣ – методии таъсими синтаксиси забони тоҷикӣ дар мактаби миёна ба анҷом расонида, соли 1993 онро бомуваффақият ҳимоя намуда, ба дараҷаи доктори фанни педагогика (матбур ба методикаи таълими забони тоҷикӣ) соҳиб мешавад.
Бо қарори Шӯрои илмии Донишгоҳ аз 25 сентябри соли 1995 вазифаи мудирии кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик ба ӯхаи профессор Шербоев С. вогузор мешавад. Дар ин давра, ба хусус сифати таълими курси методикаи таълими забони тоҷикӣ ташкил ва гузаронидани таҷрибаи омӯзгории донишҷӯён факулта хеле беҳтар гардида, таи 5 сол аст, ки факулта ҳама вақт дар донишгоҳ дар ҷои аввал меистад.
Қайди чунин нуқтаро лозим медонем, ки ҳамаи мудирони кафедра дастпарвари факултаи филологияи тоҷик буда, пас аз хатми донишгоҳ бевосита ва ё пас аз чанд соли дар мактаби миёна кор кардан ба таълиму тарбияи донишҷӯёни факултаи хеш камар бастанд. Онҳо баъзе аз вазифаи мудирии кабинет ё аз ассистентӣ дар факулта ба кор шурӯъ намуда, таи меҳнати самарону омӯзиши мунтазам, аввал ба унвони муаллими калон, баъдтар ба дараҷаҳои илмӣ номзади илм ва доктори илм расида, сонитар ба унвонҳои илмии дотсент (Н.Бозидов, С.Нуров) аз профессорҳои кафедра (Бобокалонова Ҷ., Шербоев С.) сазовор шудаанд.
Алоқаи кафедра бо пажуҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон қавӣ буда, ҳамчунин бо мактабҳои миёнаи № 6,7, 10,12, 25, 34, 51 ва 52 ш.Душанбе барои ташкилу гузаронидани таҷрибаи омӯзгории донишҷӯёни факулта шартномаҳои 5 сола дорад. Мактаби базавии кафедра мактаби № 10-и ш. Душанбе ба номи С.Айнӣ, ки дар ояндаи наздик дар заминаи он филиали кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик таъсис дода мешавад.
Робитаи кафедра бо мактабҳо ва муассисаҳои илмиву таълимӣ.
Кафедра, сараввал, бо мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт (№№ 9, 10, 11, 12, 25, 34, 53, 66), бо муассисаҳои илмӣ ва илмӣ – тадқиқотии Академияи илмҳои педагогӣ ва Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти тоҷик ба номи Рӯдакӣ робитаи зич дорад. Хусусан, дар соли таҳсили 2009-2010 дар мактабҳои номбурда таҷрибаи омӯзгории донишҷӯёни курсҳои IV-и факулта гузаронида шуд, ки ҳар соли таҳсил маҳз дар ҳамин давра – моҳҳои сентябр - октябр ва феврал - март – дар давраи таҷрибаомӯзии курсҳои IV ва V ёрии устодони кафедра бо мактабҳои номбурда бештар аз ҷиҳати амалӣ сурат мегирад. Сониян, ҳамкории кафедра бо муассисаҳои дигар дар танзими барнома, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва тақриз ба чунин маводҳои анҷомёфтаи соҳаи таълими забон ва адабиёти тоҷик, ҳамчунин дар бобати баланд бардоштани такмили ихтисоси устодони кафедра, бухусус, дар назди Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии Тоҷикистон ба амал бароварда мешаванд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj