• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Манфиати камераҳои назоратӣ дар чист?

Бо шурӯи соли нави таҳсил дар баробари дигар навигариҳое, ки дар донишгоҳ рӯй доданд, насби камераҳои назоратӣ дар синфхонаҳои лексионӣ ҳам ҷой дорад. Пиромуни зарурат ва манфиати ин иқдом бо зумрае аз мутахассисон ва омӯзгорон суҳбат доир намудем.

Директори Маркази хизматрасонии техникии донишгоҳ Сулаймон Шукуров, қайд кард, ки камераҳои назоратӣ дар дохили ҳар факулта на камтар аз 5 адад насб  шудаанд. Ин камераҳо замонавӣ буда,  сифати хуб ва иқтидори баланд доранд. Дар баробари ба навор гирифтан, ҳамчунин, садоро низ сабт мекунанд. Бо пешниҳоди раёсати таълим журналҳои электронӣ ва проекторҳоро аз сари нав ҷобаҷогузорӣ карда истодаем. Нақша дорем, ки дар оянда дар даромадгоҳи ҳар як факулта барномаи электронии худкор барои тафтиши давомоти донишҷӯён насб намоем. Мақсади мо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи илмомӯзии толибилмон аст.

Доир ба мавзӯи мазкур сардори Раёсати таълим Бобоҷон Самиев зикр намуд, ки дар ҷомеаи технологӣ ва пешрафти илму техникаи муосир, ҳамзамон, ҷиҳати татбиқи талаботи ҳукумати электронӣ насби камераҳои назоратӣ, проекторҳо дар аудиторияҳои таълимӣ зарур ва ҳатмист. Насби камераҳои назоратӣ, пеш аз ҳама, имкон медиҳад, ки давомоти донишҷӯён ба машѓулиятҳо пурра гардад. Аз амалҳои ноҷо, аз ҷумла, истифодаи телефони мобилӣ, ки дар азбар намудани барномаи таълимӣ халал ворид месозад, дар раванди таълим худдорӣ намоянд.

Омӯзгорро, ки масъул ва ҷавобгар ба баргузории машѓулиятҳои дарсӣ мебошад, муваззаф менамояд, ки мувофиқи ҷадвали дарсӣ ба синфхона ҳозир шуда, тибқи барномаи таълимӣ ва нақшаи мавзӯъ ба донишҷӯён маълумотҳои воқеӣ диҳад. Насби камераҳои назоратӣ аз он ҷиҳат ба манфиат мувофиқ аст, ки машѓулиятҳои дарсии омӯзгор сабт гардида, намунаи электронии он (зиндаи он) дар сомонаи донишгоҳ ҷой дода мешавад. Донишҷӯ имкон меёбад, ки ҳангоми ворид шудан ба сомона аз маводи мазкур истифода бурда, дониши худро такмил диҳад. Маводи дар фиттаҳо сабтшуда, ҳамзамон, барои ѓанӣ гардонидани маводи электронӣ аз фанҳои таълимии ихтисосҳои амалкунанда дар китобхонаи электронии донишгоҳ захира мегарданд.

Донишҷӯёни шакли таҳсилоти ѓоибона, ки аз соли таҳсили 2017-2018 бо низоми таҳсилоти фосилавӣ ба таълим фаро гирифта мешаванд, имкон меёбанд, ки маводи сабтшударо аз сомона дастрас ва барномаи таълимиро азбар намоянд.

Иттилое, ки дар сомонаи Радиои озодӣ оид ба он ки навори камераҳо тарс ва ҳаросро дар вуҷуди донишҷӯ дар раванди дарс ба вуҷуд меорад ва омӯзгорро дар як доираи маҳдуд қарор медиҳад, қобили пазироӣ нест.  Зеро ҳадафи донишҷӯён андӯхтани дониш новобаста аз ҳар гуна вазъу ҳолатҳо ва таъсироти муҳит аст. Донишҷӯе, ки ҳадафи азбар намудани барномаи таълимиро дорад, набояд тарсу ҳарос дошта бошад. Омӯзгор низ ба тайёрии ҷиддӣ ба дарс ҳозир мешавад ва новобаста аз ҳар гуна таъсироти бевосита ва бавосита бояд дониши тахассусии донишҷӯёнро такмил диҳад.

Искандар Сулаймонов, директори Маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ, изҳор дошт, ки камераҳои назоратӣ ба таври интихобӣ танҳо дар синфхонаҳое, ки дар онҳо машѓулиятҳои лексионӣ, амалӣ ва лабораторӣ баргузор мегарданд, насб гардидаанд. Ба таври дигар гӯем, насби камераҳо дар синфхонаҳо маънои таъсис додани синфхона-студияҳоро дорад, ки дар онҳо бештар омӯзгорони соҳибтаҷриба машѓулиятҳои намунавӣ мегузаронанд, ки дар онҳо омӯзгорони ҷавон ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи пешқадам ширкат меварзанд. Гузаронидани машѓулиятҳо дар чунин синфхонаҳо, ҳамчунин, кори идораи сифати таҳсилотро осон мегардонад. Кормандони ин сохтор ба усули таълими ин ё он омӯзгор, маҳорати педагогӣ, ҷаҳонбинии илмӣ, муносибати психологӣ бо донишҷӯён, этикаи омӯзгорӣ ва дониши ӯ баҳо дода метавонанд.

Дар оянда омӯзгорони пешқадам, соҳибмалака, ки дарсҳои ибратомӯз баргузор мекунанд, дар ҳар нимсола аз ҷиҳати моддӣ ҳавасманд карда мешаванд. Насби камераҳои назоратӣ имконият медиҳад, ки масъулияти омӯзгор, омодагӣ ба дарс зиёдтар гардад, донишҷӯён ба дарсҳо дер намонанд, бо тайёрӣ ба дарс ҳозир шаванд, ки ин ҷиҳатҳо кори садоратҳои факултаҳо ва раёсати таълим, ба роҳ мондани раванди таълимро осон мегардонад.

-Дар синфхонаи лексионӣ, ки 80-90 нафар донишҷӯ менишинанд, баъзан омӯзгор наметавонад онро идора намояд, аз ин рӯ, насби камераҳои назоратӣ усули ба низом даровардани дарс ҳам ба шумор меравад. Шояд барои донишҷӯён ва омӯзгорони камтаҷриба дар аввал насби ин таҷҳизот  камтар воҳиманок намояд, вале тадриҷан мо ба он одат мекунем, зеро ин ба манфиати мост,-иброз дошт муовини декан оид ба таълими факултаи математика Абдуллоҷон Файзуллоев.

Муовини декан оид ба корҳои илмии факултаи психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир Умед Ҳамидов бар он назар аст, ки шинонидани камераҳои назоратӣ дар аввал омӯзгорони камтаҷриба ва ба худ боваринадоштаро ба изтироб меорад, даступо мехӯранд. Омӯзгори ҷавон бояд аввал аз дигар устодон таҷриба гираду сипас дар зери камера дарс гӯяд. Воқеан ҳам, ин раванд дар бисёр давлатҳои ҷаҳон роиҷ аст ва моро низ зарур аст, ки ҳамқадами замон бошем.

Чи тавре аз гуфтаҳои боло бармеояд, насби камераҳо назоратро пурзӯр гардонида, донишҷӯ ва омӯзгорро масъулиятнок менамояд, кори садоратҳои факултаҳо ва раёсати донишгоҳро ба маротиб осон мегардонад. Ҳаминро қайд бояд намуд, ки тамоми саъю кӯшиши раёсати таълим аз он иборат аст, ки донишгоҳро бо таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз ва сифати таълимро беҳтар намояд.

Шаҳлои Исрам,

хабарнигори ҷамоатӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj