• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Донистани забони тоҷикӣ ҳатмист

Таҳлили мухтасаре доир ба раванди забономӯзии

донишҷӯёни бурунмарзӣ

Дар донишгоҳи мо зиёда аз 1718 нафар донишҷӯи хориҷӣ дар шуъбаи рӯзона ва беш аз 96 нафар дар шуъбаи ѓоибона таҳсил менамоянд. Дар ин мақола сатҳи забондонӣ ва азхудкунии дарсҳои таълимии онҳоро мавриди баррасӣ қарор додем.

Розия Абдуллоева, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, раванди таҳсили донишҷӯёни хориҷиро хуб арзёбӣ мекунад ва омӯхтани забони таҳсилашонро (баъзе дар гурӯҳҳои русӣ ва баъзе дар гурӯҳҳои тоҷикӣ таҳсил мекунанд) барои онҳо ҳатмӣ медонад. Аз ин рӯ, барои онҳо курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва русӣ  амал менамоянд. Бештари  донишҷӯёни хориҷии моро шаҳрвандони Ҷумҳурии Туркманистон ташкил медиҳанд.

Матлуба Мирова, роҳбари Маркази забономӯзии донишгоҳ, зимни  суҳбат қайд кард, ки донишҷӯёни бурунмарзӣ барои забономӯзӣ хеле шавқманданд ва қариб ҳамаи онҳо дар курс хондаанд ё ҳуҷҷатҳояшонро супоридаанд. Баъди тамом шудани муҳлати омӯзиш аз онҳо санҷиш гирифта мешавад ва дар шартнома қайд гардидааст, ки агар се рӯз бесабаб ба дарс иштирок накунанд, аз гурӯҳ хориҷ карда мешаванд. Ҳангоми аз санҷиш нагузаштан онҳо 1 моҳи дигар иловагӣ мехонанд. Рӯйхати донишҷӯёнеро, ки дар рафти дарс саҳлангорӣ мекунанд, ба раёсати донишгоҳ пешниҳод мекунем, то чораҷӯӣ шавад. Онҳоро устодони собиқадор ва фаъоли донишгоҳ дарс мегӯянд ва барои курсҳои забони тоҷикӣ китоб нашр шудааст, ки онҳо бе маблаѓ, яъне, ройгон ба донишҷӯёни курсҳои забони тоҷикӣ тақсим шудаанд ва забони русиро бошад, устодон бо маводи тайёрнамудаи худ дарс мегӯянд.

А.Куллиев, ки аз забони русӣ дарс мегӯяд, дар ин хусус шавқу завқ доштани муҳассилинро нисбат ба забономӯзӣ иброз дошт. Албатта, дар аввал барои онҳо каме мушкил аст, вале оҳиста-оҳиста меомӯзанд.

Муаллифи китоби «Забони тоҷикӣ»  (барои навомӯзони гурӯҳҳои туркманӣ) Саидмурод Хоҷазод доир ба китоби таълифнамудааш иброз  намуд, ки бо супориши ректори донишгоҳ Носирҷон Салимӣ ин китоб барои донишҷӯёни туркман бо теъдоди 500 нусха чоп гардид.

Истифода аз китобхонаи донишгоҳ барои донишҷӯёни туркман ҳеҷ мамониат надорад. Раҷабгул Атоева, мудири шуъбаи хизматрасонии китобхона, дар рафти суҳбат муҳассилинеро ном гирифт, ки фаъолона аз китобхона истифода мебаранд. Сабина Шамшиддинова, Гахриман Гаппаров, Роза Алланазарова, Гулбахар Абдуллаева, Шахира Бахадурова, Бахадур Вахапов аз зумраи донишҷӯёни фаъоланд. Онҳо бештар китобҳои бадеии русӣ ва «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ѓафуровро дархост мекунанд.

Садоратҳои факултаҳо аз таҳсил, давомот ва интизоми донишҷӯёни хориҷӣ қаноатманданд. Муаллими калони кафедраи асосҳои технологияи информатсионии умумидонишгоҳӣ Н.Музаффаров хоҳиш ва шавқу завқро дар роҳи забономӯзӣ аз ҳама муҳим мешуморад. Мавсуф мегӯяд, ки бархе аз донишҷӯён мавзӯъро мефаҳманд, аммо баён карда наметавонанд, иддаи дигар бошад, ҳамеша баҳри омода будан ба дарс кӯшиш мекунанд.

Шаҳриёр Сафаров, омӯзгори кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ, таъкид кард, ки ин зумра донишҷӯён  зина ба зина боло мераванд ва албатта, дар онҳо пешравӣ дар ҷодаи забономӯзӣ мушоҳида мешавад.

Бо мақсади муайян намудани сатҳи забондонии толибилмони туркман бо чанде аз онҳо ҳамсуҳбат шудем. Огулмиве Абдуллоева, донишҷӯи соли 4-уми факултаи биология, қайд намуд, ки забони тоҷикиро ба воситаи суҳбат ва бо кумаки ҳамсабақон азхуд кардан мумкин аст. Ӯ мегӯяд, ки соли аввали донишҷӯӣ бо тоҷикон зиндагӣ кардам ва ин барои зуд омӯхтани забон нақши бориз гузошт.

Иштирок дар курсҳои забономӯзӣ ва суҳбатҳои пайваста бо ҳамсабақон барои зуд омӯхтани забони тоҷикӣ ба донишҷӯи соли 4-юми факултаи физика Сулгум Алақулова мусоидат кардааст. Гулзар Хоҷаева, донишҷӯи соли 3-юми факултаи филологияи тоҷик, низ забони тоҷикиро аз ҳамсабақон омӯхтааст.

Адолат Бойназарова, донишҷӯи соли 4-уми факултаи химия ва Севара Равшанова, донишҷӯи соли 3-юми факултаи математика, бо забони тоҷикӣ озодона ҳарф мезананд ва забондонияшон боис гардида, ки аз ягон фан қарздор нестанд.

Баъзе донишҷӯёни факултаи забон ва адабиёти рус забони тоҷикиро намедонанд, аммо бо забони русӣ  суҳбат мекунанд. Узугҷамол Ризоқова, Майса Чориева, Гулширин Тахирова, Оѓулгул Эргешева, донишҷӯёни соли 2-юм ва Айболек Назарова, донишҷӯи соли 1-уми ҳамин факулта, аз ҳамин қабиланд.

Воқеан, ҳастанд донишҷӯёне, ки ягон забони ѓайримодариашонро намедонанд, ҳамроҳи онҳо бо забони ӯзбекӣ суҳбат карда, фаҳмидем, ки баҳри омӯзиши забон ҳуҷҷатҳояшонро ба курсҳо супоридаанд.

Таҳлилҳои нишон медиҳанд, ки сатҳи забондонии донишҷӯёни хориҷӣ яксон нест. Бе донистани забон донишҷӯёни бурунмарзӣ ба мушкилӣ мувоҷеҳ мешаванд. Маркази забономӯзиро мебояд таълимро боз ҳам дуруст ба роҳ монда, масъалаи бар дӯш доштаашро ба таври мукаммал иҷро намояд.

Дилафрӯз Муқимова, хабарнигори ҷамоатии «Омӯзгори ҷавон»

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj