• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Беҳбудии иқтисодиёт пешрафти ҷаҳон

Бо мақсади ҷалб намудани донишҷӯён барои такмили дониш ва таҳлили тамоюли тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар ҷумҳурӣ 25-уми сентябр дар толори Шӯрои олимони факултаи технология ва иқтисодиёт бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии «Назарияи иқтисодӣ» маҳфили илмию амалӣ бо номи «Сармояи инсонӣ» дар мавзӯи «Таҳлили нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Маҳфилро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ш.Азизов ифтитоҳ бахшида, муаллими калон У.Рӯзиев мафҳуми сармояи инсониро ба ҳозирин шарҳ дод. Ӯ қайд кард, ки омили истеҳсолии сармоягузорӣ, рушди иқтисоди оилавӣ ва ҷомеа, дониш, истифодаи воситаҳои техникию иттилоотӣ, меҳнати зеҳнӣ ва маъмуридошта, муҳити зист ва кор оид ба таъмини фаъолияти самаранок сармояи инсонӣ маҳсуб меёбад.

 

Дар идома маърӯзаҳо аз ҷониби донишҷӯёни факултаҳои гуногуни донишгоҳ дар мавзӯъҳои «Нақши таваррум дар замони муосир», «Моҳияти нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ», «Тамоюли тағйирёбии маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли охир», «Таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Таҳлили воридоти андозҳо ва буҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ироа гардид.

Фарзона Турсунова, донишҷӯи соли 3-юми факултаи филологияи тоҷик

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj