• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Мушкиле нест, ки осон нашавад

Тибқи маълумоти шуъбаи тарбия, донишҷӯёни чор факулта: забони англисӣ, математика, забонҳои романӣ-германӣ ва география 26-уми сентябр бештар ба дарс дер мондаанд. Аз суҳбат бо деканони ин факултаҳо маълум гардид, ки дар ин самт чораҳои зарурӣ дар амал татбиқ мешаванд.

Дар суҳбат бо мо декани факултаи забонҳои романӣ-германӣ Ҳобилҷон Зикиров иброз дошт, ки донишҷӯёни ба дарс дермонда, бо мазмуни такрор наёфтани ин амал баёнот навиштанд. Мазмуни баёнот тавассути телефон ба волидайни донишҷӯ фиристода мешавад. Агар ин амал боз такрор ёбад, ба толибилм муҷозот ва агар пайваста идома ёбад, ба хориҷ аз донишгоҳ пешниҳод карда мешавад.
Ба кураторони гурӯҳҳои академӣ супориш дода шуд, ки назоратро аз болои фаъолияти чунин донишҷӯён пурзӯр гардонанд ва дар маҷлисҳои гурӯҳҳои академӣ ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор диҳанд.

Декани факултаи забони англисӣ Файзиддин Баротзода роҳи ҳалли ин мушкилиро дар гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни донишҷӯён мебинад, ки дар факултаи забони англисӣ ин низомро аллакай ба роҳ мондааст. Ғайр аз ин, аз донишҷӯёни дермонда баёнот гирифта, ки дигар ин амал такрор намешавад.

Декани факултаи математика Сафар Латифов қайд намуд, ки бо кураторони гурӯҳҳои таълимӣ донишҷӯёни аз дарс дермондаро муҳокима намуда, аз онҳо баёнот гирифтаанд. Дар ҳолати такрор ёфтани ин амал ба ин тоифа донишҷӯён ҷазои маъмурӣ дода мешавад.

Амриддин Самиев, декани факултаи география, ҳамарӯза  бо донишҷӯёне, ки аз дарс қафо мемонанд, суҳбат доштанашро баён дошт. Ӯ қайд кард, ки волидайни нафароне, ки ин амалро пайваста такрор мекунанд, ба донишгоҳ даъват шуда, аз давомоти фарзандонашон огоҳ мегарданд. Аз ҷумла, ба наздикӣ бо модари донишҷӯи соли 4-ум Ойгул Мирзомуддинова  суҳбат гузаронида шуд.

-Донишҷӯён бештар нарасидани нақлиёт ва тамбашавии роҳро баҳона мекунанд, -мегӯяд А.Самиев. -Вале алҳол дер мондани донишҷӯён ба дарс хеле кам гаштааст ва бовар дорам, ин масъала ҳалли худро меёбад.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj