• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ношунавоёнро дастгирӣ мебояд

29-уми сентябри соли ҷорӣ дар донишгоҳ мизи мудаввар таҳти унвони «Дунёашон гӯё аст» баргузор гардид. Мақсад аз баргузории нишасти мазкур такмили рушди забони ишоравии тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақш ва мавқеи муҳими ин забон дар таълиму тарбия ва инкишофи кӯдакони ношунаво, рафъии таҳқири ин забон унвон шуд.

Дар ҳамоиш мутахассиси соҳа Б.Маҷидова, доктори илмҳои педагогӣ,

профессор, устодони фанни сурдопедагогика, омӯзгор аз Донишгоҳи Техаси ИМА, омӯзгорони мактаб-интернатҳои махсуси ҷумҳурӣ, намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи ташкилоти байналмилалӣ оид ба рушду инкишофи имову ишора, донишҷӯёни ихтисосҳои махсуси донишгоҳ ва зумрае аз ношунавоёну волидони онҳо ширкат варзиданд.

 

Саттор Қувватов ҷамъомадро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки забони имову ишора дар таълиму тарбияи ношунавоён нақши басо муҳим дорад. Пеш аз ҳама, онҳо метавонанд бо ёрии ин забон донишу маслиҳатҳои лозимаро аз худ кунанд, қоидаҳои зиндагиро дарк созанд, инчунин, аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва ҳам аз ҷиҳати рӯҳӣ инкишоф ёфта, ҳиссиёту дарёфтҳои худро изҳор намоянд.

Сипас, Б.Маҷидова зимни маърӯзаи пурмуҳтаво қайд кард, ки бо воситаи забони имову ишора ба ношунавоён расму оинҳои фарҳангии ҳам одамони шунаво ва ҳам одамони ношунаворо фаҳмонидан мумкин аст. Дар моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» забони ишора ҳамчун воситаи муоширати байни одамони ношунаво қабул шудааст. Дар бисёр мамолик забони ишора ҳамчун забон дар қатори дигар забонҳо эътироф мешавад. Тоҷикистон низ дар Осиёи Миёна ягона давлатест, ки ин забонро бо таълими махсус қабул кардаву барои рушди он чораҳо меандешад.

Дар идомаи нишаст филмҳои тасвирӣ доир ба сурдопедагогика ва имову ишора пешкаши иштирокчиён гардид. Ҳозирин ақидаҳои худро оид ба ин соҳаи ҳаётан муҳим барои ношунавоён иброз намуданд.

Дар охир зикр шуд, ки имрӯз ношунавоён ба қатори одамони солим ба муассисаҳои олии кишвар дохил шуда истодаанд ва бархе аз онон аз сабаби надонистани забони англисӣ соҳиби номи донишҷӯ намегарданд, Аз ин лиҳоз хуб мешуд, ки таълими забони англисӣ барои ин табақа ба роҳ монда шавад, то ҳангоми имтиҳонсупорӣ дар Маркази миллии тестӣ танқисӣ накашанд.

Саидаброр САИДӢ, хабарнигори ҷамоатӣ

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj