• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

САҲМИ ВОЛОНТЁРОН ДАР ТАЪМИНИ ТАРТИБОТИ ДОХИЛИИ ДОНИШГОҲ

Аз соли 2013 инҷониб дар назди Шуъбаи кор бо ҷавонон дастаи волонтёрон таъсис ёта, фаъолияти назаррас намуда истодаанд. Онҳо асосан ҳангоми баргузории чорабиниҳо ва корҳои созандагӣ, бунёдкорӣ ва ҷамъиятӣ ҷалб гардида, саҳми арзандаи худро ҷиҳати пешрафти кор мегузоранд. Ҳангоми баргузории сесияҳои санҷишию имтиҳонӣ низ онҳо дар назди марказҳои имтиҳонӣ ва саҳни Донишгоҳ барои риояи Қоидаҳои тартиботи дохилӣ аз ҷониби донишҷӯён ва роҳ надодан ба бенизомӣ саҳмгузоранд. Ин навбат мо онҳоро дар саҳни Донишгоҳ барои сафарбар намудани донишҷӯён ба китобхона, сари вақт ба дарсҳо ҳозир шудан ва ҳангоми машғулиятҳои таълимӣ дар саҳни Донишгоҳ гашту гузор накардан дарёфтем. Онҳо кӯшиш менамуданд, ки донишҷӯёни дар саҳни Донишгоҳ бекор нишастаро ба китобхона ва ё машғулиятҳои иловагӣ ҷалб намоянд, то ки вақти худро онҳо беҳуда нагузаронанд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj