• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Диктанти беҳтарин

5-уми октябри соли равон ба ифтихори Рӯзи забон ва арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ соати 900 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садридди Айнӣ бо ҷалби тамоми омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён диктант гирифта шуд. Раёсати донишгоҳ ба хотири дастгирии ин ташаббус ва ҳавасманд гардонидани омӯзгорону донишҷӯён аз натиҷаи диктант натиҷагирӣ намуда, диктантҳои беҳтаринро дар байни омӯзгорон ва донишҷӯён

муайян намуд. Меъёри асосии муайянкунанда ҳусни хати зебо ва бехато навиштани диктант муқаррар шуданд. Донишҷӯёну омӯзгорони факултети забон ва адабиёти тоҷик берун аз озмун  дар ини сабқат ширкат доштанд.  Дар натиҷаи омӯзиш диктантҳои зерин беҳтарин дониста шуданд:

 

дар байни омӯзгорон:

1. Раҷабова Фирӯза, омӯзгори кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он;

Неъматова Хуршеда, омӯзгори кафедраи забони олмонӣ ва методикаи таълими он;

2. Гадоев Ғозибек, устоди кафедраи таърихи халқи тоҷик;

3. Таваллоева Наима, ассистенти кафедраи ботаника.

 

дар байни донишҷӯён:

1. Давлатназарова Мавзуна - донишҷӯи курси 1, факултети математика;

Қурбонова Дилноза - донишҷӯи курси 2, факултети забони англисӣ;

2. Баротмамадова Норик - донишҷӯи курси 4, факултети биология;

3. Мавлоназарова Рухшона - донишҷӯи курси 3, факултети забонҳои романӣ-германӣ;

Мазҳабова Манижа - донишҷӯи курси 2, факултети химия.

 

Омӯзгорон ва донишҷӯёни ҷойҳои ифтихориро соҳибшуда, аз тарафи Раёсати донишгоҳ бо Ифтихорнома ва китобҳои нави таълимию илмӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Раёсати илм

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj