• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Аз худшиносии миллӣ то Зиракии сиёсӣ

Таҳаввулоти ҷаҳони муосир дар омехтагӣ бо бозиҳои сиёсӣ манфиатҳо ва ҳадафҳои стратегии гурӯҳҳо ва давлатҳои муайянро дар худ инъикос менамоянд. Олами сиёсии ҷаҳони муосир либоси навро ба бар кардааст ва «бозиҳо»-яш зери ниқоби ранга амалӣ мешаванд. Ин раванд аз давлатҳо ва миллатҳои рӯ ба тараққӣ ва нисбатан хурд талаб менамояд, ки механизми ҳимояи манфиатҳои худро

коркард карда, ҳамеша ва пайваста онро навсозӣ намоянд. Дар ин раванд дигар сухан атрофи пурқувват ва зиёд гардонидани иқтидори ҳарбии давлат намеравад.

Чунки механизми аз байн бурдани миллатҳо ва давлатҳо ва ё ба майдони ҷанг табдил додани онҳо ба куллӣ тағйир ёфтааст. Ин ҳадафҳо бо дасти шаҳрвандони худи ҳамон давлат амалӣ карда мешаванд. Зинаи аввали амалишавии ҳадафҳои стратегии гурӯҳҳои сиёсӣ ба итоат овардани мафкураи аҳолии давлатҳои алоҳида, махсусан, мафкураи ҷавонони он, зинаи дуюм дарёфти нуқтаҳои заифи миллат, зинаи сеюм бозиҳои сиёсӣ бо эҳсосоти рӯҳию равонии миллат ва зинаи чорум ба гурӯҳҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва қавмӣ ҷудо намудани миллат ва барпо намудани зиддият миёни онҳо мебошад. Дар ин раванд сараввал арзишҳои миллии давлат аз байн бурда мешаванд ва ҷойи онҳоро арзишҳои бегона мегиранд, ки манфиати давлату миллатро дар худ инъикос карда наметавонанд ва бегонашавии фарҳангӣ ба вуҷуд меояд, ки ин қадами нахустин дар роҳи маҳви миллат мебошад. Сипас, зиддияти миёни гурӯҳҳои сиёсию мазҳабӣ тезонида шуда, онҳо ба воситаҳои зарурӣ (яроқу аслиҳа ва сарчашмаҳои маблағгузорӣ) таъмин карда мешаванд, ки ҳар кадом манфиати шахсӣ ва гурӯҳию мазҳабии худро ҳимоя намуда, манфиати умумимиллӣ ё манфиати миллат аз байн меравад ва давлат ба майдони ҷанг табдил ёфта, «дасти сеюм» ё гурӯҳҳои сиёсӣ ё абарқудрати манфиатдор ба мақсади худ мерасад. Мисоли мушаххаси он давлати Афғонистон ва давлатҳои Ироқ, Сурия, Либия, Украина ва дигарҳо мебошанд. Имрӯз ин гурӯҳҳои сиёсӣ дар тамоми давлатҳои дунё арзи ҳастӣ доранд ва фаъолияти густурдаи пӯшидаю ошкоро мебаранд. Миллати мо низ ин раванд ва бозии сиёсиро аз сар гузаронид, вале ин маънои онро надорад, ки дигар хатари он дар Ватани маҳбуби мо - Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Хушбахтона, миллати сарбаланди мо дар ибтидои даҳсолаи ниҳоии асри 20 дар баробари арзишҳои муқаддаси миллӣ, фарҳангу таърих ва адабиёту забони бою рангини худ боз соҳиби як неъмати дигар - Истиқлолияти давлатӣ гардид. Тоҷикистон роҳи бунёди давлати миллиро дар доираи принсипҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ пеш гирифт. Бунёди давлати миллӣ аз арзишҳои миллӣ, таърих, фарҳанг ва адабиёти оламшумули мо сарчашма мегирад. Асоси давлати миллиро, пеш аз ҳама, инсондӯстӣ, сулҳпарварӣ, ҳамгироӣ, муносибати неки ҳамбастагӣ бо давлатҳои дигар, созандагӣ, бунёдкорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои тамоми гурӯҳҳои иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини зиндагии шоистаю арзанда баҳри онҳо, волоияти қонун, ҳифз ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арҷгузори ба фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонӣ ва эҳтиром ба эътиқоди мардум ташкил менамояд.

Барои бунёди давлати миллӣ заминаи боэътимод ва қадамҳои аввалин бо саъю кӯшишҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии азизамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст. Ҳоло дар кишвар сулҳу ваҳдати умумимиллӣ таъмин аст, корҳои ободонию созандагӣ дар сатҳи баланд бо маром идома доранд, волоияти қонун таъмин гардида, ба ҳуқуқу озодиҳои инсон эҳтиром гузошта мешавад. Сокинони кишвар ба фаъолияти озоди иқтисодӣ ва хоҷагидорӣ машғуланд. Истеҳсоли маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ сол то сол зиёд гардида истодааст. Барои рушди соҳаҳои илму маориф низ тамоми шароитҳо муҳайёст. Ин ҳама заминаи боэътимод ва қадамҳои устувор дар роҳи бунёди давлати миллӣ мебошанд.

Аммо ин ҳанӯз аввали кор аст. Нооромиҳои сиёсӣ дар давлати ҳамсояи Афғонистон, зиёд шудани амалҳои террористию экстремистӣ дар дунё, ҷангҳои мазҳабию характери таассуби динидошта дар давлатҳои исломӣ, сиёсикунонии дини Ислом аз тамоми мардуми Тоҷикистон талаб менамояд, ки аз ҷиҳати сиёсӣ ҳушёру зирак бошанд ва фирефтаи суханони образноки гурӯҳҳо ва ҳизбҳои сиёсии бо номи дини мубини Ислом баромадкунанда нашуда, ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ки бо талошҳо ва ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва асоси ҳама хушбахтиҳои мо мебошад, арҷгузорӣ намуда, онро қадр намоянд. Сулҳу ваҳдат ва инсондӯстию фарҳангсолорӣ дар меҳвари арзишҳои миллии миллати мо меистанд ва арзишҳои миллӣ асоси бунёди давлати миллиро ташкил менамоянд.

Имрӯз ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳо ва ҳизбҳои террористию экстремистӣ бештар бо роҳи сӯистифода аз дини мубини Ислом сурат мегирад. Иштироки бархе аз ҷавонони мо дар майдони ҷанги ба ном «Давлати исломӣ» низ маҳз фирефта шудан ба ҳамин андешаю идеология мебошад. Роҳҳои асосии пешгирии ҷалби ҷавонону шаҳрвандон ба ин гурӯҳҳо аз инҳо иборат мебошад:

1.   Баргузор намудани чорабиниҳои сиёсӣ – фарҳангӣ, ки тавонанд сатҳи зиракии сиёсии ҷавононро боз ҳам баланд бардоранд.

2.   Паҳн ва дастраси омма намудани варақаҳо доир ба таърихи пайдоиш, амалҳои содирнамуда, мақсаду ҳадафҳо ва оқибатҳои маргбори амалиёти гурӯҳҳои террористӣ.

3.   Тарғиби моҳияти диндорӣ миёни ҷавонон.

4.   Ташкили дарсҳои сиёсӣ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ, вазорату идораҳо ва маҳалу деҳаҳо.

5.   Баргузор намудани чорабиниҳои иттилоотӣ – равонӣ доир ба густариш додани мафкураи дунявӣ ва коҳиш додани мафкураи динӣ.

6.   Тарғиби бештари арзишҳо ва дастовардҳои миллӣ миёни ҷавонон.

7.   Тарғиб намудани ташаббусҳо ва хизматҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи диндорӣ ва ба ҷо овардани фароизи дини мубини Ислом.

8.   Тарғиби андешаи миллӣ ва бунёди давлати миллӣ миёни омма, бахусус, ҷавонон.

Бунёди давлати миллӣ фарогири тамоми орзую ормонҳои миллату давлат ва мардуми шарафманди Тоҷикистон буда, манфиатҳои тамоми сокинони кишварро дар худ инъикос менамояд. Дар марҳилаи бунёди давлати миллӣ аз мардуми Тоҷикистон, махсусан, ҷавонон сатҳи баланди ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳо ва дастовардҳои миллӣ, ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун ва илмдӯстию фарҳангсолорӣ, аз бар намудани касбу ихтисосҳои замонавӣ ва техникаю технологияҳои иттилоотию забонҳои хориҷӣ талаб карда мешавад.

Фаридун Холов,

донишҷӯи факултаи география

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj