• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Бо ифротгароён чӣ гуна мубориза бояд бурд?

Ҳадисамо Ғоибова, донишҷӯи факултаи таърих

Ҳодисаҳое, ки дар Ироқу Сурия, Афғонистону Покистон, Исроилу Фаластин ва дигар мамолики ҷаҳон рух дода истодаанд мо-ҷавононро ҳушдор медиҳанд, ки ғофил набошем. Зеро ҳар як ҳодисаи таърих дарсест барои одами оқил. Ҷанги шаҳрвандие, ки дар ҷумҳурии мо шуд, кишварро, чи аз ҷиҳати иқтисодӣ ва чи аз ҷиҳати маънавӣ, ба чандин даҳсола қафо партофт. Дар давраи ҷанги

шаҳрвандӣ тамоми мактабҳо аз миёна то олӣ фаъолияти хуб надоштанд. Мутахассисони хуб тарки Ватан карданд. Ҳамаи ин мушкилот ба тарбияи ҷавонон таъсири манфӣ расонд. Натиҷаи ҳамин аст, ки мардуми мо ба гуфтаи дигарон бовар карда, ҳодисаву воқеаҳоро дақиқ намекунанд. То андозае хурофотпараст гаштаанд, ки охирин пули худро бароварда ба муллоҳои риёкор медиҳанду умедвор мешаванд, ки мулло корҳои онҳоро бобарор мегардонад, бахташонро мекушояд, фарзанддорашон мекунад. Пеши роҳи ин ҷаҳолатро фақат илму дониш гирифта метавонаду халос.

Раҳмонзода Сафаралӣ, донишҷӯи факултаи география

Ифротгароён, асосан, шахсони бесаводу бемаърифатанд, ки ҳадафи аслиашон ноором сохтани ин ё он кишвари дунё мебошад. Ба андешаи ман, онҳо ҳам дар ин муқовиматҳои мусаллаҳона нақши «пешка»-ро мебозанд. Манфиати асосӣ ба давлатҳои абарқудрат мерасад, ки онҳо барои манофеи худ ин гуна ҷангҳои мазҳабиву нажодиро роҳандозӣ мекунанд. Дар натиҷа аз кишварҳои ҷангзада материалҳои заруриро бо нархи арзон ё ба ивази яроқе, ки ба он давлат медиҳанд, мегиранд. Ҳар рӯз мо тариқи расонаҳои хабарӣ мебинем, ки ифротгароён мақсадҳои нопоки худро дар ин ё он минтақаи дунё амалӣ мекунанд. Вале онҳо бояд донанд, ки зулм бебунёд аст ва дер ё зуд решакан мешавад. Некӣ ҳамеша бар бадӣ зафар меёбад. Агар мардуми мо муттаҳид шаванду пайи ободии кишвар аз таҳти дил камари ҳиммат банданд, бовар дорам, ки ҳеҷ қуввае сулҳу ваҳдати моро барҳам зада наметавонад. Мо, ҷавонон, намегузорем, ки пойи касифи гурӯҳи ифротгаро ба сарзамини мо бирасад.

Усмоналӣ Самиев, донишҷӯи факултаи забон ва адабиёти рус

Ҷанг ҳамеша дар ҳама ҷо бадбахтӣ, қашшоқӣ, вайронӣ меоварад. Ва онҳое, ки ҷангро роҳандозӣ мекунанд, аҳриманнажоду бадтиннату разиланд. Барои мубориза бурдан бо ифротгароён, пеш аз ҳама, тарбияи дурустро дар оила ва мактаб ба роҳ мондан лозим аст. Дар дили ҷавонон муҳаббати Ватан, ҳимояи марзу бум, қадршиносии волидайн, дастгирии мардум дар ҳама корҳои хайр барин амалҳои шоистаро парвариш бояд дод. Инсони раҳмдил ҳеҷ гоҳ ба қатлу куштор, зулм бар каси дигар даст намезанад. Мо, ҷавонони имрӯза, шукрона аз он мекунем, ки дар замони осоишта умр ба сар мебарему дар фазои истиқлолият нафас мекашем. Мо ҳаргиз намегузорем, ки дигарбора бадхоҳони миллати мо дар ҷумҳурӣ ҷангҳои мазҳабиву гражданиро роҳандозӣ намоянду миллати тамаддунофари моро ба вартаи ҳалокат кашонанд. Барои ин, мо, пеш аз ҳама, бояд хуб хонем, то сиёҳро аз сафед фарқ карда тавонем ва касе моро бо роҳи нодуруст бурда натавонад.

Бунафша Нарзуллоева, донишҷӯи факултаи биология

Имрӯз мо дар давлати орому осуда зиндагӣ дорем ва бояд ба қадри ин неъматҳои бебаҳо-сулҳ, ваҳдат, истиқлолият бирасем. Зеро ҳамарӯза аз тариқи воситаҳои ахбори омма мебинем, ки бархе аз мардум фарзандони кучак дар даст тарки манзил кардаву дар ҷустуҷӯи макони амнанд. Қисме дар хаймаҳо зиндагӣ доранду дар ҳасрати обу нонанд. Иддае аз тарси ҷон худро ба малакатҳои Аврупо мезананду дар баҳрҳои пуртуғён ҷони худро аз даст медиҳанд. Аз тамошои чунин наворҳо дили одам реш –реш мешавад. Ва шукр мекунам, ки дар чунин давлате зиндагӣ дорам, ки роҳбари кордони ӯ ин мушкилиҳоро аз сари мо дур кард. Ба Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як умр сипосгузор ва дуогӯяш ҳастем. Мо, ки омӯзгорони оянда ҳастем, мекӯшем, ки насли ояндаро дар роҳи дуруст ҳидоят намоем, то дар зиндагӣ раҳгумзадаву фиребхӯрда нагарданд ва касе натавонад, ки ақидаашонро тағйир дода, онҳоро ба манфиати худ истифода барад.

Алмаҳмадзода Ситора, донишҷӯи факултаи математика

Дар замони муосир, ки илму технология хеле пеш рафтааст, таъсиррасонӣ ба тафаккури одамон низ осону қулай гаштааст. Ин барои таблиғгарони гурӯҳҳои ифротӣ василаи хубест, ки аз дуртарин нуқоти ҷаҳон бо одамон дар тамос шуда, мафкураи онҳоро заҳролуд мекунанд. Барои ҳамин, ҷавононро зарур аст, ки ҳангоми ба сомонаҳои интернетӣ ворид шудан бо шахсони ношинос дӯстӣ накунанд ва ё пешниҳодоти номақбули онҳоро напазиранд. Падару модарро низ зарур аст, нисбат ба тарбияи фарзанди худ бепарво набошанд, бо кӣ дӯстӣ кардани фарзандашонро дар мадди назар дошта бошанд. Зеро бисёр ҷавонони хушахлоқу хуб бо сабаби дӯстӣ бо бадахлоқон аз доираи одоб берун по ниҳода, ба корҳои ношоям даст задаанд. Барои мубориза бо ифротгароён фақат илм омӯхтану дониши худро мукаммал кардан зарур аст. Зеро одами доно ҳамеша дурандешу борикбин аст ва пеш аз амал кардан ба коре аз оқибати он андеша мекунад.

Саидшо Бозоров, донишҷӯи факултаи технология ва иқтисодиёт

Терроризму ифротгароӣ зуҳуроти номатлубест, ки дар тамоми кураи замин паҳн гаштааст ва зарари худро ба тамоми кишварҳо расонида истодааст. Ҳатто, ба Тоҷикистони мо низ таъсир гузошта, мафкураи ҷавонони моро заҳролуд месозанд. Сабаби асосии гаравидани ҷавонон бесаводии онҳост, ки ба моҳияти амали худ сарфаҳм намераванд. Ба андешаи ман, барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу равияҳои тундгаро бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ хуб ба роҳ монда шаванд. Агар инсон, ҳатто, дониши исломӣ ҳам надошта бошаду ақли солим дошта бошад, ҳеҷ гоҳ бо онҳо ҳамроҳ намешавад ва аз ақидаҳои онҳо ҷонибдорӣ намекунад. Зеро ягон инсони комилақл кӯдакони бегуноҳро дар панҷараҳо гирифта, оташ намезанад, занону пиронсолонро намекушад, модари худро сар намебурад. Ростӣ, дар тасаввури ман намеғунҷад, ки инсон ба амалҳои мекардаи онҳо қодир бошад. Онҳоро ҷуз даррандаи аз ақл бегона чизи дигаре гуфтан мумкин нест.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj