• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

«Ғалабаи Инқилоби Октябр дар тақдири халқи тоҷик»

Дар санаи 25 октябри соли 2017 дар толори асосии донишгоҳ конференсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба 100 – солагии ғалабаи Инқилоби Октябр таҳти унвони  «Ғалабаи Инқилоби Октябр дар тақдири халқи тоҷик»  баргузор гардид, ки он аз ду қисм  иборат буда, қисми пленарии он соати 1200 баргузор гадид.

Дар он намояндагони макотиби олии ҷумҳурӣ: профессори ДДХ  ба номи М. Назаршоев Ҳоҷибеков Э, профессори ДСТР Муҳиддинов С.,  Сафарқулова Т. дотсенти ДДХ   М. Назаршоев, дотсенти ДДҒ Наврузов Т., дотсенти ДДҚ ба номи Носири Хисрав Пиров А., дотсенти ДДЗ ба номи С. Улуғзода Раҷабов С.  иштирок доштанд.

Қисмати пленарии конференсияи мазкурро  декани факултет дотсент Муродов А. А. ифтитоҳ бахшида, суханро ба муовини ректор оид ба корҳои илмӣ профессор  Убайдуллоев Н.К. дод. Номбурда тамоми иштирокчиёни конференсияро хайру мақдам гуфта қайд намуд, ки конференсияи имрӯза ба яке аз воқеаҳои таърихии асри ХХ, ғалабаи Инқилоби Октябр бахшида шудааст, ки ба мо тоҷикон низ имконият дод, ки баъди 1000- сол аз нав давлати тоҷиконро   ташкил  намоем.

Дар бораи  таъсир ва нақши Инқилоби Октябр  гуфта шуд. Дар баробари ин қайд карда шуд, ки баъди парокандашавии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ақидаҳо дар бораи ғалабаи Инқилоби Октябр гуногун мебошад. Имрӯзҳо иддае аз муаррихон ин воқеаи таърихиро бо назари хеле манфӣ баҳо медиҳанд. Гуруҳи дигар ҳаст, ки нақши Инқилоби Октябро дар  диди халқи тоҷик  баҳои баланд медиҳад.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мо шоҳиди он ҳастем, ки имконоти ташкилёбии ҷумҳурии автономӣ, ҷумҳурии сотсиалистӣ ва оқибат ҷумҳурии мустақили соҳибихтиёри Тоҷикистон гардидем. Бинобарин накши

Инқилоби Октябр дар  тақдири халқи тоҷик калон аст, ки имрӯз маърӯзаи асосӣ маҳс бо ин ном  аз тарафи  узви  вобастаи академияи илмҳои  Ҷумҳури Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Ҳ. Пирумшоев  ба шумо пешкаш мешавад.

Ҳамин тавр аз тарафи Ҳ. Пирумшоев зери унвони  «Ғалабаи Инқилоби Октябр дар тақдири халқи тоҷик» маърӯзаи пурмуҳтаво ва пурмазмуне шунида шуд, ки он тамоми паҳлуҳои  таъсир, нақш ва  омилҳои асосии ин инқилобро дарбар гирифта, ҷавононро ҳидоят ба таҳсилу хониш намуд, то ки аз таърихи гузаштаи қадимаи халқамон воқиф бошанд.

Дар хотима муовини ректор оид ба корҳои илмӣ муҳтарам Убайдуллоев Н.К. баромад намуда, таъкид аз он намуд, ки чи тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст «ояндаи халқу миллат дар дасти шумо ҷавонон аст». Бо умедҳои зиёд  ба сухани худ хотима бахшида қисмати пленарии конференсияро  пӯшида эълон кард.

Баъди нисфирӯзӣ қисми дуюми конференсия  дар ду бахш  дар бинои факултети таърих идома ёфт, ки дар бахши якум ҳашт маърӯза ва дар бахши дуюм бошад, 15 маърӯза  шунида шуд.

Ҳамин тавр конференсияи кори худро  ба анҷом расонд.

 

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj