• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

кафедраи Методикаи таълими химия

Кафедрахо 54

 

 

Алимов Сироҷиддин Шералиевич

Мудири кафедраи методикаи таълими химия
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
тел: +992918499602
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

КАФЕДРАИ МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ХИМИЯ

Соли 1976 факултети табиатшиносию география  ба ду факултет, факултети биология-химия ва факултети география ҷудо шуд ва ин имконияти ба вуҷуд омадани кафедраро ба миён овард. 15 майи соли 1989 дар назди факултети биология-химия кафедра бо номи кафедраи методикаи таълими биология ва химия таъсис ёфтааст. Аввалин мудири ин кафедра шодравон н.и.п., дотсент Усмонов И.У. буданд, ки дар ташкил кардан ва бо базаи моддию техникӣ муҷҷаҳаз гаштани он хизмати калон кардааст. Дар ин давра ҳайати устодони кафедраро дотсентон Тошев А.С., Ашурова М.А., омӯзгорони калон Маҳмудова Э.М., Ҷӯраева С.М., Зиёбекова М ва ассистентон Қараев Ѓ.Ю., Маҷидов Р.Н., Лалъбекова М., Иброҳимова О., Шарипов М. ва Алимов С.Ш. ташкил медоданд.

Бо ташаббуси аъзоёни кафедра донишҷӯёни факултет дар олимпиадаҳои умумиитифоқии донишҷӯён, ки солҳои 1985 – 1990 таҳти шиори донишҷӯ ва прогресси илмию техникӣ доир гаштааст, ширкат  варзида ба гирифтани «Ифтихорномаи фахрии Вазорати маориф» ноил гардидаанд.

Пас аз фавти дотсент Усмонов И.У. ба ин вазифа соли 1993 н.и.б., дотсент Тошев А.С. интихоб гардид. Дар зери роҳбарии Тошев А.С. омӯзгорони кафедра дар мустаҳкам гардидани базаи кафедра бо маводҳои илмию методӣ фаъолияти хеле калон карданд.

Соли 1998 факултети  биология-химия ба ду факултет, факултети биология ва факултети химия ҷудо шуд ва ин боиси он гардид, ки кафедра ба ду кафедраи мустақил: кафедраи методикаи таълими биология ва кафедраи методикаи таълими химия ҷудо  шавад. Вазифаи мудирии кафедраи навтаъсис ба уҳдаи дотсент Тошев А. С. гузошта шуд ва минбаъд ин вазифаро дар асоси озмӯн моҳи апрели соли 1998 доктори илмҳои педагогика, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, профессор Зубайдов У.З. ишѓол кард.

Аз моҳи декабри соли 2015 дар асоси озмӯн вазифаи мудири кафедраро н.и.п., дотсент Алимов С.Ш. ишѓол кард, ки то ҳоло роҳбарии онро ба уҳда дорад.

Аъзоёни кафедра таи ин солҳо бо сарварии профессор Зубайдов У.З. ва баъд аз он кас бо сарварии дотсент Алимов С.Ш. ба таҳлилу таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни мавзуи  «Назария ва амалияи таълими тафриқа – асоси таълим, инкишоф ва тарбия» машѓул гардида, онро то имрӯз давом дода истодаанд. Кафедра инчунин ба омӯзиши осори ниёгон ва истифодабарии маводҳои маҳал  дар таълими химия низ аҳамияти зиёд медиҳад.

Кафедра бо кафедраҳои методикаи таълими химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ДДБохтар ба номи Носири Хусрав, ДДХуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ѓафуров, ПРМ-и АТТ, АТТ, ДҶТИБКМ ва бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейу гимназияҳои ҷумҳурӣ робитаи қавӣ дорад. Як зумра аъзоёни кафедра бо роҳбарии профессор Зубайдов У.З. дар таҳлили маводҳои дидактикӣ, маводҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимӣ аз химия ҳиссаи худро гузоштаанд. Аввалин барномаи таълими тафриқаи химия, монографияю китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, консепссияи таълими фанни химия ва стандарти давлатии маълумоти химия ба қалами доктори илми педагогика, профессор Зубайдов У.З. мансуб аст.

Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ 16 нафар унвоҷӯёну аспирантон рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд ва чанде дигар омодаи дифоъанд. Муаллифи китобҳои дарсии химияи синфҳои 8, 10, 11, Методикаи таълими химия ва Асосҳои таълими биология барои донишҷӯёни Донишгоҳҳои омӯзгорӣ буданд. Бо роҳбарии н.и.п., дотсенти кафедра Алимов С.Ш. китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ таълиф карда шудаанд.

Дар ин давра аъзоёни кафедра беш аз 510 мақола, 12 китоби дарсӣ, 30 барномаи таълимӣ, 28 дастури методиро аз усули таълими химия барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ ба табъ расонида, бо донишҷӯён корҳои илмию таҳқиқотӣ гузаронида, зиёда аз 130 рисолаҳои магистрӣ, корҳои дипломӣ ва рисолаҳои хатм ҳимоя карда шудааст.

Бо ташаббуси профессор Зубайдов У.З. ва дастгирии раёсати Донишгоҳ дар кафедра аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ соли 2009 дар назди кафедра Шурои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз  рӯйи ихтисоси 13.00.02 (методикаи таълими химия)  кушода шуд, ки раиси Шуро аъзои вобастаи АТТ, доктори илмҳои химия, профессор Бандаев С.Г. ва ҷонишини раиси Шуро академики АТТ доктори илмҳои педагогика, профессор Зубайдов У.З. буданд ва он солҳои зиёд фаъолият намуда, чандин нафар унвонҷӯён дар он ҳимоя намуданд.

Инчунин бо дастгирии раёсати Донишгоҳ дар назди кафедра соли 2019 Шурои диссертатсионии 6D КОА-044 аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 - Назария ва методикаи таълим ва тарбия (химия ва биология) кушода шуд, ки то соли 2021 фаъолият намуд. Имрӯз дар назди кафедра Шурои диссертатсионии 6D.КОА-071 аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 - Назария ва методикаи таълиму тарбия (13.00.02.01 - Назария ва методикаи таълими фанҳои табиӣ (таҳсилоти миёнаи умумӣ) (химия ва биология)) амал менамояд ва вобаста ба ин рисолаҳои илмии пешниҳодшудаи унвонҷӯён дар кафедра баррасӣ карда мешаванд.

Дар кафедра унвонҷӯён, аспирантон, докторантон (PhD бо ихтисоси Методикаи таълими химия) ва магистрҳо аз дохили кишвар ва берун аз он таҳсил намуданд ва менамоянд.

Имрӯз дар кафедра дотсент Алимов С.Ш., номзадҳои илм иҷрокунандагони вазифаи дотсенти кафедра Файзуллоева М.М. ва Чариева С.А, ассистентон Маҳмадаминов М.Н. ва Қаландаршои Иссо. фаъолияти илмию омӯзгорӣ доранд.

 







Файзуллоева Мукаррама Маҳмудҷоновна
Номзади илмҳои педагогӣ, и. в. дотсенти кафедра
(тел: +992907095575)









Чариева Саида Алламурадовна
Номзади илмҳои химия, и. в. дотсенти кафедра
тел: +992907095575










Маҳмадаминов Маҳмадалӣ Назирович
Ассистенти кафедра (тел: +992938494986)





Қаландаршои Иссо
Ассистенти кафедра тел: +992100005005
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj