• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

«Иҷлосия XVI -Шӯрои Олӣ  ва нақши он дар барқароркунии сохти конститутсиони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Садорати факултети таърих санаи 27.10.2017 дарси кушоди тарбиявиро дар байни курсҳои 1-уми гурӯҳҳои «А»«Б» дар мавзӯи «Иҷлосия XVI - Шӯрои Олӣ  ва нақши он дар барқароркунии сохти конститутсиони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи омӯзгори ҷавони факултет  Ризоев Б. доир гашт.

Омӯзгор дар мавзӯи зикршуда пеш аз ҳама шогирдонро бо эълон гардидани «Соли ҷавонон» табрик намуда, сипас қайд намуд, ки ҷавонон имрӯз дар шароити мусоиди даврони истиқлолият зиндаги доред ва ҳамаи мо бояд пайравӣ сиёсати пешгирифтаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдат - Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем, баҳри ҳамбастагӣ ва ободонии Ватани азизи хеш ҷаҳду талош намоем. Ва инчунин иброз намуданд, ки шумо хушбахтарин ҷавононед, ки дар фазои сулҳу осоиш ҳаёт ба сар мебаред, аз ин рӯ зарур аст, ки ба қадри ҳаммаи ин расид.

Дар суханронии худ омӯзгор таърихи  замони давлатдории шӯравиро бо 26-соли замони соҳибистиқлолӣ имрӯза қиёс карда пешравиҳои имрӯзаи халқи тоҷикро дар ҳамма соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, дастоварди бузург номид.

Ризоев Б. инчунин аз ҷанги шаҳрвандии  солҳои 1992-1997 ёдовар шуда, қайд намуданд, ки дар ин  фоҷиа бадхоҳони дохиливу хориҷӣ даст дошатанд ва мутаассифона  ҷавонони ноогоҳ қурбони он гаштанд.

Ӯ иброз дошт, ки маҳз даъват намудани Иҷлосия XVI - Шӯрои Олӣ  ва дар рафти он интихоб намудани Ҳукумати ҷадид ва қарорҳои таърихии иҷлосияи мазкур буданд, ки мо ба ин рӯзҳои нек расидем.

Маҳз бо талошу ҷонбозиҳои Асосгузори Сулҳу Ваҳдат - Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сулҳу ваҳдат дар кишвари мо пойдор гардид. Имрӯз ҳар яке моро зарур аст, ки ба қадри ин сулҳу осоиш ва истиқлолияти давлатӣ расем ва онро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳ дорем.

 

 

Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ     Наҷмуддинов Т.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj