• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Гумроҳӣ фоҷеафарҷом аст

Дар марҳилаи навини таърихӣ тақвият ёфтани амалиёти гурӯҳҳои эктремистӣ ва террористӣ боиси таассуф ва нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Қатлу кушторҳои ваҳшиёнае, ки имрӯз дар кишварҳои мусулмонӣ дида мешаванд, ҳеҷ як фарди ҷомеаи ҷаҳониро бетараф гузошта наметавонанд. Ҳамоно мубориза алайҳи ин ҳама амалиёти ноҷавонмардона аз мавзӯъҳои пурбаҳс ва доманадор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Таассуфовар аст, ки ин гурӯҳҳо аз номи дини мубини ислом баромад намуда, мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ менамоянд ва ҷавонони зиёди дунёро ба доми худ кашида, ба ин восита ба номи ин дин доғи нангин мегузоранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ борҳо таъкид кардаанд: «Экстремизм ва терроризм ватан, миллат, забон, дин ва мазҳаб надорад».

Имрӯзҳо бархе аз ҷавонони гумроҳи мо, ки аз фарҳангу маданияти дини ислом хуб огоҳ нестанд, ба воситаи шабакаҳои интернетӣ ва дигар расонаҳои иттилоотию таблиғотӣ ба доми ин гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ афтода, ба давлатҳои ҷангзадаи Афғонистон, Покистон, Ироқ ва Сурия рафта, дар даст силоҳ гирифта, дар роҳи барпо намудани давлати ба ном «Хилофати исломӣ» хуни садҳо мусулмони бегуноҳро резонида, тартиби ғуломдорӣ ва асримиёнагиро ба роҳ мондан мехоҳанд.

Агар мо ба таърихи гузашта назар афканем, мебинем, ки разилию ҷоҳилии ин гурӯҳҳои каҷрав аз ҷоҳилии давлатдории Чингизхону Темурланг тафовуте надошта, аҳли оламро ба таҳлуқа овардаву боиси нафрату ғазаби ҷаҳониён гардидааст.

Ин ҷанг натанҳо бераҳмӣ нисбат ба инсониятро ба вуҷуд овард, балки ба рушди тамаддуни аҳли олам низ таъсири амиқи манфӣ мерасонад. Мувофиқи маълумоти охирини омории соли 2016, дар давлатҳои Ироқу Сурия 1094 нафар ҳамватанони гумроҳшудаи мо, ки аксарияташонро ҷавонон ташкил медиҳанд, дар сафи ин гурӯҳҳо қарор доранд. Аз ин шумора 147 нафар тариқи марзи Туркия ба ҷумҳурӣ баргардонида шуданд.

Сарнавишти ҷомеа ва дунёи имрӯза ба мо ҳушдор медиҳад, ки гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ бештар ба ҷавонон такя менамоянд. Агар баъзе аз ҷавононро ҳаваси ба зудӣ соҳиби пулу мол шудан ба гумроҳӣ барад, қисми дигарро сабаби раҳгумзадагӣ, ноогоҳию нофаҳмӣ аз дини мубини ислом гумроҳ месозад.

Давлати мо, аз кишварҳои аз лиҳози шумораи аҳолӣ ҷавонтарин (70%-аҳолӣ шахсони то 30-солаанд) ба шумор меравад ва ҷавонон неруи бузурги пешбарандаи ҷомеаанд. Аз ин рӯ, аз ҳар як падару модар, аз омӯзгорон ва аҳли ҷомеа дархост мешавад, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ, ки ба осонӣ ба даст наомадааст, тарбият намоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқ зикр кардаанд: «Ҳамроҳ шудани баъзе шаҳрвандони мо ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ ҳар яки моро водор месозад, ки барои пешгирӣ кардани ин раванди хатарнок ва вабои аср ҷиддӣ ва дастаҷамъона кор кунем ва давлату Ватани худро аз ҳаргуна хатарҳои даҳшатбор эмин нигоҳ дорем». Ин таъкиду ҳидоят бояд ҳамеша дар мадди назари мо бошанд.

Саидҷон Зубайдуллоев, докторанти (Ph.D)-и курси 2-юми факултаи таърих

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj