• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
29.12.2017 06:00

Каримон ҷон фидои дӯст карданд.

Таърихи куҳанбунёди адабиёти тоҷик, ки аз адабиётҳои қадимтарин ва ғанитарини дунё маҳсуб меёбад, дар тамаддуни умумиинсонӣ мақоми бузургро ишғол менамояд.Ҳанӯз пеш аз солшумории мелодӣ вақте ниёгони мо пайраи дини Зардушт буданд, амалҳои некро пазируфтаву корҳои бадро  маҳкум мекарданд.Онҳо барои инсонҳо  “Пиндори нек- кирдори нек”-ро ташвиқ менамуданд,ки ин шиорро марому ҳадаф ва  амали хеш қарор дода  буданд.

 
29.12.2017 05:52

Таассуб ва ифротгароӣ.

Тайи даҳсолаҳои охир кишварҳои мусулмонӣ ба буҳрони бузург гирифтор шудаанд, ки низоъу ҷангҳои тӯлонӣ дар майдони муборизҳои сиёсӣ ва пайдо шудани хизбу ҳаракатҳои тундгарои мазҳабӣ нишонаи рӯшани он мебошад.Таҷрибаи  ҳизбсозии мазҳабӣ як амали носозгор буда, хусусан аз  ҷониби аксари башарият пазируфта нашудудааст. Вале сиёсисозии дин аз ҷониби баъзе ашхос, ҳизбу гурӯҳҳо ва давлатҳои манфиатҷӯ бо истифода аз сатҳи пасти  вазъи иҷтимоӣ ва бемаърифатии сиёсию динии мардум барои пиёда кардани ҳадафҳои сиёсӣ равона карда шудааст.

 
28.12.2017 14:07

Ҷавонон раҳгумзада нашаванд

Ҷавонон қувваи бузургеанд. Ҳар миллату давлат кӯшиш ба харҷ медиҳад, то  ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва ҳамчунин, дар ҳоли омодабош барои дифоъ аз давлату миллат тарбия бинмояд. Ҷавононе ба мисли Суҳробу Сиёвуш дар таърихи мо манбаи ибратпазириянд, ки барои дифои манфиатҳои миллату давлати хеш ҳамеша омода буданд ва мубориза мебурданд.

 
28.12.2017 14:05

Аз гурӯҳҳои ифротгаро дур бояд буд

Пешвои муаззами миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боварӣ ва эътимоди хоса нисбат ба ҷавонони Тоҷикистон доштанашонро дар ҳар суханронии хеш иброз медоранд. Аз ҷумла, аз ҷониби Пешвои миллат зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид: «Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат

 
28.12.2017 13:58

Тарбияи хуби ҷавонон-вазифаи волидон

Мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи  фарзанд аҳамияти махсус зоҳир карда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд. Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳкамии

 
28.12.2017 13:56

Амнияти Ватанро ҳифз намоем

Ваҳдат ободии Ватан, бебаҳотарин неъмати рӯзгори мост ва шукрона мекунем, ки он ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон , фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон насибамон гардидааст.

Инчунин, Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафии сулҳофарӣ, фарҳангпарварию таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

 
28.12.2017 13:48

Ҷонибдори сиёсати Пешвои миллатем

Солҳои 1989-1990 бо пароканда шудани сохтори муқтадири собиқ Шӯравӣ ва заиф гаштани сутунҳои ҳокимият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муддате вазъи носолим ва низоъҳои дохилӣ ба миён омада, ба хоҷагии халқ хисороти зиёд ворид намуданд. Ин фоҷиаи гарон то соли 1997 давом кард, ки дар натиҷа ҳазорон

 
27.12.2017 09:41

МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

Пас аз эълон гардидани Истиқлолияти Тоҷикистон дар арсаи чаҳонӣ давлати мустақилу соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Дар фазои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои қонунгузории давраи собиқ Иттиҳоди Шўравӣ амал мекарданд ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 водор намуд, ки вобаста ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ