• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
07.10.2015 04:20

Сухан Рӯдакивор некуст

Бахшида ба бузургдошти сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ 22-юми сентябри соли ҷорӣ дар донишгоҳ бо ташаббуси садорати факултаи педагогика ва донишҷӯи фаъоли ҳамин факулта Саидаброр Ҳасанов маҳфили адабии «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй» баргузор гардид. Декани факулта А.Ғаффоров чорабиниро ифтитоҳ намуд.

 
07.10.2015 04:10

Чу узве ба дард оварад рӯзгор…

Шоири бузурги тоҷик Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ фамудаанд: «Бани одам аъзои якдигаранд…». Алҳақ инсони комил ба ғаму мусибати дигарон бетарафу бетафовут буда наметавонад. Аз ин ҷост, ки омӯзгорони донишгоҳи мо барои кумаку дастгирии ҷабрдидагони офати табиии Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ дасти ёрӣ дароз карда, як қатор ашёи рӯзгор ва хӯрока фиристоданд.

 
07.10.2015 04:08

Сурдопедагогика - «дастони гӯё»

Ҳамасола дар ҷаҳон 29-уми сентябр ҳамчун рӯзи байналмилалии ношунавоён ҷашн гирифта мешавад. Дар робита бо ин рӯз факултаи педагогика бо роҳбарии омӯзгорон Б.Маҷидова, Г.Қурбонова ва З.Рустамова ҷамъомад доир намуданд.

Дар чорабинӣ директори мактаб-интернати ношунавоёни ноҳияи Рӯдакӣ ва хонандагони ҳамин муассиса, хонандагони мактаби махсусгардонидашудаи №8-и шаҳри Душанбе,

 
07.10.2015 04:04

Таҷлили бошукӯҳи истиқлолият

Истиқлолият барои ҳар кишвару давлат дастоварди бузургест. Мо, тоҷикон, низ 9-уми сентябри соли 1991 соҳибиистиқлол гаштем. Бахшида ба ин санаи муборак дар донишгоҳ ҷамъомади пуршукӯҳ доир гардид. Дар оғоз ректори таълимгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ аз арзиши истиқлолият сухан гуфт.

Сипас, доктори илмҳои фалсафа Б.Самиев аз заҳматҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани Истиқлолият

 
07.10.2015 03:58

Дарси кушод илҳомбахш аст

Берун шудан аз дарсҳои қолабӣ ва ташкили дарси кушод ба донишҷӯён шавқу завқи тоза мебахшад. Бардошти толибилмон аз дарсҳои ғайримуқаррарӣ бештар аст, зеро муҳассилин аз дарсҳои якрангу якмаром дилбазан мешаванд.

Дар робита ба ин мавзӯъ 15-уми сентябри соли равон муаллими калони кафедраи геоэкология Қобилҷон Иброҳимов дар факултаи география дарси кушод

 
30.09.2015 09:27

Чаро фарзандон носолим мешаванд?

Бо ташаббуси Шӯрои занони донишгоҳ мавзӯи «Никоҳи хешу таборӣ ва зарари он» мизи мудаввар баргузор шуд. Дар чорабинӣ намояндагони Маркази солимии репродуктивӣ ва донишҷӯдухтарони фаъол ширкат варзиданд. Сараввал раиси Шӯрои занон С.Қувватова дар хусуси никоҳи хешутаборӣ ва сабабҳои ба дунё омадани фарзандони носолим маърӯза кард.

 
09.07.2015 06:01

Раванди имтиҳонот боз ҳам шаффоф шуд

Дар оғози нишасти матбуотие, ки имрӯз, 8-уми июл, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, ректор, академик Носирҷон Салимӣ мухтасар пиромуни фаъолияти таълимгоҳ дар нимсолаи аввал маълумот ироа намуд.

Мавсуф, аз ҷумла, зикр кард, дар маърифатгоҳ Маркази бузурги тестӣ таъсис ёфт, ки имкон дорад дар як вақт ҳудуди 300 нафар тариқи мониторӣ санҷишу имтиҳон супоранд.

 
26.06.2015 09:24

Ҳақ ба ҳақдор расид

Ростӣ, ба он ки иддае аз рӯзноманигорони ҳангоматалабу моҷароҷӯ сафедро сиёҳу сиёҳро сафед ва рӯзро шабу шабро рӯз мегӯянд, одат кардаем. Бо вуҷуди ин, баъзан маворид виҷдон, нангу номуси тоҷикона ва эҳсосоти ватандӯстона намегузорад, ки дар баробари иттилооти носаҳеҳ, носанҷида ва бепоя муҳри хомӯшӣ ба лаб гузорем. Хоса, нисбат ба ахборе, ки пиромуни донишгоҳи азизу куҳансоли мо бошад. Бисёр дар таҳайюрем, ки чаро солиёни охир зумрае аз

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ