Saturday, 31 May 2014 11:04 |
There are no translations available.
70 соли устоди таҷрибадор
Дар конференсияи ҷумҳуриявии «Экология ва масъалаҳои таълиму тарбия», ки ба 70-солагии номзади илмҳои биология, дотсент Шарифов Иноят Негматович бахшида шуда, 26-уми май дар донишгоҳ доир гардид, олимону донишмандон аз кулли макотиби олии кишвар, дӯстону ҳамкорон ва наздикони устод гирд омада, қатори сухани табрикотии ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов соҳибҷашнро шодбошӣ намуданд
|
Saturday, 31 May 2014 10:20 |
There are no translations available.
Маҳфил номи Лоиқро гирифт
Бо ибтикори садорати факултаи филологияи тоҷик 23-юми май дар толори фарҳангии донишгоҳ бахшида ба солгарди шоири тавоно, шодравон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ бо номи «Дасти дуои модар» доир шуд. Маҳфилро ректор, академик А.Раҳмонов оғоз намуда, аз манзалати шеъри Лоиқ дар ҷомеаву миёни кишварҳои ҳамзабон, сабку услуби ғании ӯ ва ҷойгоҳаш дар адабиёти муосири мо сухан гуфт.
|
Saturday, 31 May 2014 10:16 |
There are no translations available.
Рақобати донишҷӯён дар маҳфил-озмуни “Базми ғазал”
27-уми майи соли равон дар толори фарҳангии донишгоҳ бо ташаббуси намояндагони ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон ва “Созандагони Ватан” бахшида ба 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва 20-солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва коллеҷу литсейҳо маҳфил-озмуни “Базми ғазал” гузаронида шуд.
|
Saturday, 31 May 2014 10:12 |
There are no translations available.
«Қасам»-и донишҷӯён ва рақси бадахшонӣ
23 майи соли равон бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истироҳатгоҳи «Чайка» воқеъ дар ноҳияи Варзоб маҳзари донишҷӯёни тамоми макотиби олии Тоҷикистон гузаронида шуд. Муҳассилин аз кулли гӯшаю канори ҷумҳурӣ: шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Ваҳдат иштирок доштанд. Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Ризоев
|
Friday, 30 May 2014 10:01 |
There are no translations available.
Коллеҷ номи Хосият Махсумоваро гирифт
17 май маросими ботантанаи ба Коллеҷи омӯзгории донишгоҳ додани унвон ва ифтитоҳи пайкараи Муаллимаи шоистаи Тоҷикистон, аввалин зани дорои медали ба номи Н.К.Крупская Махсумова Хосият Нусратуллоевна баргузор гардид. Дар ин маросим муовини аввали вазири маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Мирбобоев, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон,
|
Friday, 30 May 2014 09:59 |
There are no translations available.
Намоиши порча аз Шекспир
14-уми майи соли равон дар Коллеҷи омӯзгорӣ бо ибтикори кафедраи забони англисӣ конференсияи илмӣ-амалии донишҷӯён бахшида ба 450-солагии Улям Шекспир барпо гардид. Устодону донишҷӯён оид ба рӯзгор ва осори Шекспир бо забони англисӣ маърӯзаҳо намуда, дар хотима порчаи намоишномае пешкаши ҳозирин гардид. Ҳамзамон, дар фарҷоми конфронс донишҷӯён бо забони англисӣ шеърҳо қироат намуданд.
|
Friday, 30 May 2014 09:55 |
There are no translations available.
Ғолибони «Ҳафтранг» муайян шуданд
6-уми май бо ташаббуси кафедраи педагогика ва психологияи Коллеҷи омӯзгорӣ озмуни «Ҳафтранг» гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюм маҳорати хеле хуб нишон дода, бо туҳфаҳо сарфароз гардиданд. Дар ин баробар, 13-уми май дар толори коллеҷи мазкур бо ташаббуси мудири шуъбаи ҷавонон Ш.Давлатов дар мавзӯи «Зарари маводи мухаддир ба руҳу ҷисми инсон дар ҷомеа» конференсия барпо гардид.
|
|
|
|
Page 317 of 318 |