Thursday, 05 June 2014 16:04 |
There are no translations available.
Роҳхати бештар ба Хатлон
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ конференсияи умумиҷумҳуриявӣ «Оид ба тақсимоти мутахассисони ҷавон дар соли хониши 2014-215» доир шуд. Баробари иштироки бевоситаи ректори донишгоҳ, академик А.Раҳмонов дар конфронс муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон З.Назруллоев, мудирони маорифу намояндагонашон
|
Saturday, 31 May 2014 11:07 |
There are no translations available.
Низоми кредитӣ ва мушкилоти он
Дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ конференсияи илмиву амалӣ дар мавзӯи «Низоми кредетии таҳсилот, проблема, таҷриба ва роҳҳои ҳалли он» доир гардид, ки гузоришоту маърӯзаҳои устодони донишгоҳу намояндагони дигар макотиби олии кишварро фарогир шуд. Тавре дар оғоз ректори донишгоҳ, академик А.Раҳмонов изҳори назар кард, ин низом, ки дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё ҷорӣ шудааст, аз устод дониши саҳеҳу
|
Saturday, 31 May 2014 11:04 |
There are no translations available.
70 соли устоди таҷрибадор
Дар конференсияи ҷумҳуриявии «Экология ва масъалаҳои таълиму тарбия», ки ба 70-солагии номзади илмҳои биология, дотсент Шарифов Иноят Негматович бахшида шуда, 26-уми май дар донишгоҳ доир гардид, олимону донишмандон аз кулли макотиби олии кишвар, дӯстону ҳамкорон ва наздикони устод гирд омада, қатори сухани табрикотии ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов соҳибҷашнро шодбошӣ намуданд
|
Saturday, 31 May 2014 10:20 |
There are no translations available.
Маҳфил номи Лоиқро гирифт
Бо ибтикори садорати факултаи филологияи тоҷик 23-юми май дар толори фарҳангии донишгоҳ бахшида ба солгарди шоири тавоно, шодравон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ бо номи «Дасти дуои модар» доир шуд. Маҳфилро ректор, академик А.Раҳмонов оғоз намуда, аз манзалати шеъри Лоиқ дар ҷомеаву миёни кишварҳои ҳамзабон, сабку услуби ғании ӯ ва ҷойгоҳаш дар адабиёти муосири мо сухан гуфт.
|
Saturday, 31 May 2014 10:16 |
There are no translations available.
Рақобати донишҷӯён дар маҳфил-озмуни “Базми ғазал”
27-уми майи соли равон дар толори фарҳангии донишгоҳ бо ташаббуси намояндагони ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон ва “Созандагони Ватан” бахшида ба 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва 20-солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва коллеҷу литсейҳо маҳфил-озмуни “Базми ғазал” гузаронида шуд.
|
Saturday, 31 May 2014 10:12 |
There are no translations available.
«Қасам»-и донишҷӯён ва рақси бадахшонӣ
23 майи соли равон бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истироҳатгоҳи «Чайка» воқеъ дар ноҳияи Варзоб маҳзари донишҷӯёни тамоми макотиби олии Тоҷикистон гузаронида шуд. Муҳассилин аз кулли гӯшаю канори ҷумҳурӣ: шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Ваҳдат иштирок доштанд. Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Ризоев
|
Friday, 30 May 2014 10:01 |
There are no translations available.
Коллеҷ номи Хосият Махсумоваро гирифт
17 май маросими ботантанаи ба Коллеҷи омӯзгории донишгоҳ додани унвон ва ифтитоҳи пайкараи Муаллимаи шоистаи Тоҷикистон, аввалин зани дорои медали ба номи Н.К.Крупская Махсумова Хосият Нусратуллоевна баргузор гардид. Дар ин маросим муовини аввали вазири маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Мирбобоев, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон,
|
|
|
|
Page 322 of 323 |