• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
16.04.2024 03:33
There are no translations available.

ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ ОҒОЗ ГАРДИД!
Возможно, это изображение 7 человек, помост и текст
Имрӯз, 15-уми апрели соли 2024 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфренсияи илмӣ-назариявии профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” ва ба ифтихори Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
 
15.04.2024 10:46
There are no translations available.

Ба ифтихори рӯзи мавлуди
устод Садриддин Айнӣ

ХАЛҚИ МОРО ДАФТАРИ АЙНӢ ШАҲОДАТНОМА ШУД

Имрӯз ба ифтихори зодрӯзи Асосгузори адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар сари турбати шоир воқеъ дар боғи ба номи Садриддин Айнии пойтахт маҳфили адаби ороста, бо арҷгузорӣ ба хотири неки ин фарзонафарзанди миллат бар пояи тандиси шоир гулчамбар гузоштанд.

Муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ва декани факултети филологияи тоҷик, дотсент Абдумаҷид Қурбонов аз хидматҳои мондагори устод Садриддин Айнӣ дар рушди адабиёти навтини тоҷик ёдовар шуда, донишҷӯён аз

 
15.04.2024 10:35
There are no translations available.

Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд…

Соли 2018 як гурӯҳ устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгори Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ҷиҳати шиносоӣ бо ҷойҳои таърихӣ ва макони зисти поягузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ ба шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухоро сафар намудем. Дар шаҳри зебову ҳамешаҷавон, муҷаллло ва гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик Самарқанд аз хона- музейи устод дидан кардем. Тамошои хона-музейи поягузори адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ  моро ба сайри таърихии зиндагиномаи устод дар солҳои пурталотуми ибтидои қарни ХХ бурд. Хонаи устод дар ҷониби рости маҷмааи таърихии Регистон ҷойгир аст. Чун вориди он гардидем, бо дастури Президенти Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев таъмиру таҷдиди он босуръат идома дошт. Мо бо утоқи кори устод, мизу курсӣ, чойнику пиёла, сандалӣ ва ҷое, ки осори худро таълиф намудааст, ошно гардидем. Дар даҳлези хона аксҳои нодири устод, лаҳзаҳои зиндагӣ, кӯдакиву наврасӣ, айёми камолот, мулоқот бо нависандагони тоҷику Шӯравӣ ва хориҷӣ маҳфузанд. Мутобиқи нақли роҳбалад се хонаи ҷониби чап манзили аслии устод ва хонаҳои ҷониби ростро ҳукумати Ӯзбекистон бунёд

 
15.04.2024 05:15
There are no translations available.

ИДОМАИ ВОХУРИҲОИ СУДМАНД БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ
(БО УСУЛИ ФАКУЛТЕТ БА ФАКУЛТЕТ)
Возможно, это изображение 10 человек, помост и текстДар таърихи 13-уми апрели соли равон бо дастгирии Раёсати донишгоҳ ва иҷрои бандҳои нақша-чорабиниҳои муштарак бо мақсади баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар нимсолаи якуми соли 2024, таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” бо донишҷӯёни факултетҳо бо усули факултет ба факултет баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Турсунзода Раҷабалӣ намояндаи Кумитаи кор бо
 
15.04.2024 05:13
There are no translations available.

 

ЛИТСЕЙИ ДДОТ: ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАГОН ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Возможно, это изображение 9 человек и текст12-уми апрели соли 2024 дар филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологӣ дар шаҳри Душанбе (МИСиС) бахшида ба рӯзи кайҳоннавардон озмуни байналмилалии "Звездный диктант" таҳти унвони "Поехали" баргузор гардид, ки дар ин озмун хонандагон ва донишҷӯёни донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Боиси хурсандист, ки аз Литсейи назди ДДОТ ба номи С. Айнӣ ҳашт нафар хонандагони синфҳои 9-10 иштирок намуда, чор нафари онҳо соҳиби дипломи ғолибон ва чор нафари дигар соҳиби сертификати иштирокдор гардиданд.

 

 
13.04.2024 12:23
There are no translations available.

ҚАБУЛИ РЕКТОР: ДАСТГИРИИ МУРОҶИАТКУНАНДАГОН ДАР ДОИРАИ ҚОНУН ВАЗИФАИ МОСТ!
Возможно, это изображение 5 человек, помост, отдел новостей и текст13-уми апрели соли 2024 дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чун ҳамешагӣ қабули шаҳрвандону муроҷиаткунандагон аз ҷониби ректори донишгоҳ баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки арзу шикоятҳои муроҷиаткунандагонро ректори донишгоҳ дар доираи қонун мавриди баррасиву дастгирӣ қарор дода, масъулинро ҷиҳати иҷро дар доираи талаботи муайяншуда вазифадор намуд.
 
13.04.2024 12:20
There are no translations available.

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ
(БО УСУЛИ ФАКУЛТЕТ БА ФАКУЛТЕТ)
Возможно, это изображение 7 человек, помост и текстДар таърихи 12-уми апрели соли равон бо дастгирии Раёсати донишгоҳ ва иҷрои бандҳои нақша-чорабиниҳои муштарак бо мақсади баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар нимсолаи якуми соли 2024, таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” бо донишҷӯёни факултетҳо бо усули факултет ба факултет баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Амир Иброҳимзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонони
 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ