• Таджикский
  • Руский
  • Английский

Анатомия ва физиология

Кафедрахо 54
There are no translations available.

 


Иронова Сафина Шириншоевна

Мудири кафедраи анатомия ва физиология
номзади илмҳои биология, дотсент
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел: 918688023

КАФЕДРАИ АНАТОМИЯ ВА ФИЗИОЛОГИЯ

Кафедраи анатомия ва физиология соли 1958 дар назди факултети тарбияи ҷисмонӣ таъсис ёфтааст. Аввалин мудири кафедра доктори илмҳои тиб, профессор Икромов Э. Х. мебошад, ки то соли 1962 кафедраро роҳбарӣ намудааст.

Қиёмов  Қамариддин  Қиёмович аз соли 1962 то соли 1967 ба сифати мудири кафедраи физиология ва гигенаи Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ фаъолият намудааст.  Пас аз чанд соли фаъолият дар риштаҳои гуногуни илмӣ  Қиёмов Қамариддин Қиёмович аз шаҳри Ленинград боз ба шаҳри Душанбе баргашта аз соли 1971 то соли 1976 дар донишгоҳи мазкур ба вазифаи мудири кафедраи физиология ва гигиена кор ва фаъолият  намудааст.

Бобохоҷаев Ислом Яқубович аз соли 1976 то соли 1982 ва аз соли 1983 бошад, то 25-уми феврали  соли 1987 вазифаи мудири кафедраи  физиология ва гигенаи Донишгоҳро иҷро намудааст.

Аз соли 1988 то соли 1993 мудирии кафедраро Ёқубов А. Я. ба зимма доштааст.

Номзади илмӣ биологӣ  дотсент Ивазов Нурулло аз соли 1993 то соли 2002 ба вазифаи мудири кафедраи физиология ва гигиена фаъолият намудааст.

Бо ташаббуси Ғафуров Бабрак Ғафурович доктори илмҳои биологӣ, профессор соли 2005 кафедраи «физиология ва гигиена»-ро бо фанҳои анатомияи одам ва физиологияи одаму ҳайвони факултети биология ҳамроҳ намуда, кафедраи умумидонишгоҳии «анатомия ва физиология»-ро таъсис дода ва то моҳи майи соли 2011 вазифаи мудири кафедраи анатомия ва физиологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба уҳда дошт. Аъзои узви вобастаи мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нью-йорк ШМА буд.

Ғафуров Баврак Ғафурович – олими намоёни соҳаи анатомия ва физиология буда, дар фаъолияти зиёда аз 50 солаи меҳнатиаш барои тайёр намудани мутахассисони фанни физиологияи одаму ҳайвон ва олимони ҷавон саҳми хубу арзандаи худро гузоштааст.

Аз соли 2011то  моҳи ноябри соли 2017 кафедраи мазкурро дотсент Ваҳобов Алиҷон роҳбарӣ кардааст

Аз соли 2017 то моҳи ноябри соли 2018 роҳбарии кафедраи мазкурро номзади илмҳои биологӣ дотсент Қурбонов Абдуллоҷон ба уҳда дошт.

Аз моҳи ноябри соли 2018 то августи соли 2022  роҳбарии кафедраи мазкурро номзади илмҳои педагогӣ дотсент Шарипов Мирзобек сарварӣ мекард.

Аз моҳи августи соли 2022 то имрӯз роҳбарии кафедраи мазкурро номзади илмӣ биологӣ  дотсент Иронова Сафина Шириншоевна ба уҳда дорад.

 

Омӯзгорон

Ваҳобов Алиҷон Ахтамович
Номзади  илмҳои биологӣ, дотсент
Тел: 918808202
E-mail: alizhon Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Асозода Баргигул Ҷурақуловна
Номзади  илмҳои педагогӣ, дотсент
Тел: 935021823
E-mail:  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Бобоева Зебоҷон Субҳонова
Тел: 919101164
Номзади  илмҳои педагогӣ, дотсент

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj