• Tajik
  • Russian
  • English

Туризм ва методикаи таълими география

Кафедрахо 54
There are no translations available.

 

 

 

CАМИЕВ Амриддин Муҳамадиевич

Мудири кафедраи туризм ва методикаи таълими география
номзади илмҳои география, дотсент

Тел:
E-mail:

CАМИЕВ Амриддин Муҳамадиевич (тав. 24.11.1971, ноҳияи Дарвоз), географ, номзади илмҳои география (2010). Соли 1990 - омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 7 ш. Душанбе ва соли 1995 Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраевро хатм кардааст. Баъди хатми донишкадаи мазкур дар кафедраи географияи табиӣ дар вазифаи ассистент ба кор шурӯъ намуд. Соли 1999 ба аспирантура дохил шуда, дар мавзӯи «Географическое исследование Памира в конце XIX-первой половине ХХ вв. и их значение для развития науки и экономики современного Таджикистана» тадқиқот бурд. Соли 2001 баъди хатми аспирантура ҳамчун ассистенти кафедраи географияи табиӣ ба кор омад. Соли 2004 муаллими калони кафедраи МТГ ва туризм интихоб гардид. Соли 2010 дар мавзуи зикршуда рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.

Самиев Амриддин дар давлатҳои Япония, Венгрия, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон аз курсҳои омӯзишӣ ва такмили ихтисос гузаштааст.

Аз моҳи августи соли 2015 то моҳи августи соли 2020 вазифаи  декани факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро ба ӯҳда дошт. Моҳи августи соли 2020 вазифаи мудири кафедраи  методикаи таълими география ва туризмро ба уҳда дорад.


Кафедраи методикаи таълими география ва туризм

Кафедраи методикаи таълими география ва туризм, яке аз кафедраҳои пойгоҳии факултети география буда, бо номи «Таълими табиатшиносӣ ва география» аз ибтидои таъсисёбии факултет амал дорад.

Вазифаи асосии кафедра тайёр намудани мутахассисон барои соҳаи афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ – туризм ва омӯзонидани усулу методҳои гуногуни таълими асосҳои география дар мактаб аст.

Бо ташаббуси собиқ декани факултет н.и.г., дотсент Диловаров Р. дар факултет шуъбаи туризм кушода шуд,  ки  ҳамаи фанҳои ин ихтисоси навташкил ба зиммаи кафедраи методикаи таълими  география ва туризм гузошта шудааст.  Ҷиҳати пешбурди раванди таълим лозим омад, ки мутахассисони зиёдеро ҷустуҷӯ намуда, самаранокии раванди таълимро таъмин намоянд.  Натиҷаи ин заҳматҳо буд, ки соли 2002 аввалин мутахассисони соҳаи туризм ба муассисаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат фиристонида шудаанд .

Кафедра таҷрибаомӯзии омӯзгориро дар шуъбаи география ва таҷрибаомӯзии сайёҳиро дар шуъбаи туризм амалӣ менамоянд. Таҷрибаомӯзӣ дар мактабҳои шаҳри Душанбе бо роҳбарии методистони варзидаи кафедра гузаронида мешавад.

Омӯзгорони оянда дар рафти таҷрибаомӯзӣ бо усулҳои фаъоли дарс ва таълиму тарбия шинос шуда, маҳорат ва малакаи касбӣ пайдо карда, дар рафти таҷрибаомӯзии сайёҳӣ аз тарафи донишҷӯён васеъ истифода карда мешаванд.

Имрӯз дар кафедра 1нафар доктори илм, 3 нафар  номзади илм ва 4 нафар  ассистент фаъолият доранд.

 

Омӯзгорони кафедра

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj