|
There are no translations available.
Ҳамадон
Боиси хурсандӣ аст, ки маҳфили имрӯза низ аз тарафи Созмонҳои ҷамиятии факултет ва донишҷӯёни фаъол ташкил гардида, барои баланд бардоштани маърифатнокӣ ва хештаншиносии донишҷӯён мусоидат хоҳад кард.
Дар маҳфил донишҷӯёни курсҳои 1,2,3,4 ва 5-ум иштирок дошта байни худ рақобат намуданд. Донишҷӯён ба дастаҳои худ, ки ҳар кадомашон аз 6-нафар иборат буданд, дар маҳфил иштирок карданд: -курси 1-ум бо номи дастаи «Орён»; -курси 2-юм бо номи дастаи «Адолат»; -курси 3-юм бо номи дастаи «Таърихчиёни ҷавон»; -курсҳои 4-ум бо номи дастаи «Дӯстии ҷавонон»; -курсҳои 5-ум бо номи дастаи «Донишвар». Дар маҳфил омӯзгорони кафедраи таърихи халқи тоҷик н.и.т., дотсент Фозилова М., н.и.т., дотсент Ганҷакова М. ҳамчун ҳайати ҳакамон иштирок намуданд. Маҳфил аз се шарти асосӣ иборат буд: -саволномаи хаттӣ; -саволномаи тестӣ; -муайян намудани шахсиятҳо ва мавзеъҳои таърихӣ аз рӯи аксҳо. Донишҷӯён дар маҳфили зикршуда фаъолона иштирок намуда, ҳар даста заҳмат мекашид, то ин ки ба соволномаҳо ҷавобҳои саҳеҳ манзур намояд. Аммо ғолиб бояд муайян шавад ва дар охир аз тарафи ҳакамон дастаи «Таърихчёни ҷавон» ҷойи сеюм, дастаи «Адолат» ҷойи дуюм ва дастаи «Донишвар» ҷойи якумро соҳиб гардиданд. Садорати факултет ғолибони маҳфилро бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуд. |
