• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Тарбия

Викторина: “Мо ватандорем”

 

Шоми 15-уми ноябр дар толори маҷлисгоҳи хобгоҳи № 6 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушодашавии агрегати якуми НБО Роѓун викторина таҳти унвони “Мо ватандорем” доир гардид. Нахуст раиси шӯрои донишҷӯёни хобгоҳ Ҷамшед Валиев чорабиниро ҳусни оѓоз бахшида аз рафти баргузории он ба иштирокчиён маълумот дода, гуфт, ки мо, ҷавонон, бояд санаҳои муҳими таърихии кишварро донему ба он арҷ гузорем.

 

Викторина аз 2 бахш иборат буда, ба иштирокчиён дар бахши аввал 10-тої саволҳои умумї ва дар бахши ҷамъбастї низ 10-то саволҳои мантиқї пешкаш карда шуд. Мақсад аз баргузории ин чорабинї санҷиши донишу малакаи донишҷӯён буда, эшонро водор месозад, ки ҳамеша ҳозирҷавоб бошанду сатҳи дониши андуӯхтаҳои хешро санҷанд. Аз ҳар ошёна 3-нафарӣ бо дастаҳои худ иштирок карданд.

Аъзои ҳакамон дар  ҳайъати муовини декан оид ба тарбияи факултаи география Муҳсин Ҳайдаров, ассисенти кафедраи физикаи эксперименталї Муҳаммад Саломов ва раиси шӯрои донишҷӯёни хобгоҳ Ҷамшед Валиев ба донишу маҳорати донишҷӯён одилона холгузорї намуданд. Дар бахши аввал дастаи “Истиқлол” соҳиби 16 хол, “Ҷомеаи обод” 18 хол, “Ваҳдат” 12 хол ва дастаи “Маҳорат” соҳиби 12 хол гаштанд ва дар бахши дуюм низ бо вуҷуди саволҳои мушкил буданаш донишҷӯён мувофиқи тавони хеш ҷавоб гардонданд. Дар ҷамъбаст ҷамъи холҳо ҳисоб карда шуда, бо гирифтани 23 хол ошёнаи 2-юм ҷои аввал, ошёнаи 1-ум бо гирифтани 17,5 хол ҷои дуюм ва ошёнаи 4-ум бо гирифтани 16,5 хол ҷои сеюмро соҳиб шуданд.

Дар анҷоми чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таъкид карда шуд, минбаъд чунин чорабиниҳо зуд-зуд доир карда хоҳанд шуд.


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj