• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба чакан ва анҷоми Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Дар донишгоҳ санаи 22-юми декабр ба шарафи дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарият шомил шудани чакан  чорабинии тантанавии ҷашнӣ баргузор гардид. Дар чорабинии ҷашнӣ, ки бо ширкати васеи устодону донишҷӯён ва меҳмонон идома ёфт, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи фарҳангӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.

 

Дар саҳни донишгоҳ ва бинои асосии он намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд, ки дар он донишҷӯёну кормандони факултетҳо ва дигар сохторҳои донишгоҳ ҳунари волои хешро ба намоиш гузоштанд. Занону духтарон куртаҳои миллии чакан ба бар бо ифтихор аз тамаддуну фарҳанги қадимаи тоҷикон намоишгоҳи худро бо намунаҳои ҳунарҳои дастии гулдӯзии чакан, аз қабили куртаву тоқӣ, болишту ҷойпӯш, сӯзаниву бардеворӣ, инчунин дигар ҳунарҳои мардумӣ зиннат бахшиданд. Савту навои миллӣ ва рақсу шодӣ дар иҷрои навозандагону ҳунармандони донишгоҳ ба чорабинӣ ҳусни идона зам менамуд.

Роҳбарияти донишгоҳ ҳамроҳ бо меҳмонони ташрифоварда аз Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт аз намоишгоҳи мазкур дидан намуда, сипас дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ дар толори калони бинои асосии донишгоҳ ширкат варзиданд. Ректори донишгоҳ академик Носирҷон Салимӣ ҳозиринро бо ҷамъбасти хотирмони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таҳният гуфта, аз дастовардҳои кишвар дар соли сипаришуда ёдовар шуд. Зикр гардид, ки бо ташаббус ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли ҷорӣ соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат рушди бесобиқа ёфт. Агар аз як ҷониб табиати афсункор ва олами набототу ҳайвоноти кишвар барои рушди сайёҳӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон заминагузорӣ карда бошад, аз ҷониби дигар ҳунару ҳунармандии миллии мардуми ин сарзамин барои шинохти дурусти он дар дохилу хориҷ мусоидат намуд. Хусусан, дар анҷоми Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарият ворид намудани чакан идомаи мантиқии ба ҳунарҳои мардумӣ тахассус додани соли ҷорӣ ва натиҷаи шоистаи чунин иқдоми хирадмандонаи Пешвои миллат дониста хоҳад шуд. Пас аз суханони табрикотӣ чорабинӣ бо барномаи пурмуҳтаво ва ҷолиби фарҳангӣ дар иҷрои аъзои дастаи ҳунарии “Чеҳранамо”-и донишгоҳ идома ёфт.

Ёдовар мешавем, ки 29 ноябр Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид гулдӯзии дар ҷануби Тоҷикистон маъмули чаканро пас аз талоши чандсолаи ҳукумати кишвар ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил намуд. Дар торнамои кумитаи мазкур дар муаррифии чакан зикр шудааст, ки «чакан як навъ гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар ин ҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд. Санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод – шогирд ба мерос мондааст».

Ин кумитаи СММ ҳамчунин чанд сол қабл бо пешниҳоди Тоҷикистону Ӯзбекистон оши палав ва бо пешниҳоди 11 кишвари минтақа ҷашни хуҷастаи Наврӯзро ба унвони соли нави миллӣ ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда буд.


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj