• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Андешаҳо перомуни Паёми навбатии Пешвои миллат

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26-уми декабри соли 2018 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҳукумати кишвар баён гардиданд. Паёми навбатии Пешвои миллатро устодону кормандони донишгоҳ муташаккилона ба таври мустақим тамошо намуда, аз нуктаҳои асосӣ ва мазмуну муҳтавои он огоҳ гардиданд. Дар зер андешаву назари чанде аз устодони донишгоҳро дар ин хусус пешкаш менамоем.

 

 

 


 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарвоқеъ натиҷагирӣ аз соли равон ва нақшаҳои муҳим барои соли оянда ва солҳои дигар буд. Пешвои миллат зикр намуданд, ки таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти каммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, гузариш аз иқтисодиёти аграрӣ-индустралӣ ба индустриалӣ-аграрӣ ҳадафҳои муҳими давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин соли 2021 ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон таҷлил хоҳад шуд, ки ҳар яки мо барои истиқболи шоистаи ин ҷашн, корҳои зиёди ободонӣ ва созандагиро бояд ба сомон расонем.

Шоҳназар Бердиев,
мудири кафедраи фалсафа, дотсент

 


 

Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан як рӯйдоди муҳимми ҳаёти ҷомеаи кишвар маҳсуб мегардад. Дар арафаи соли нави мелодӣ тавассути Паём ёдовар гардидан аз бурду бохти як соли сипаригардида, муайян сохтани самтҳои асосии пешрафти хоҷагии халқ ва мамлакат барои соли оянда ва роҳҳои пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад. Соли сипаришуда барои халқи кишвар соли бобарор ва пур аз фатҳу заҳматҳои нек буд. Оғози ташаббуси байналмилалии Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор»-и солҳои 2018-2028, ба фаъолият шурӯъ намудан чархаи нахустини НБО “Роғун” ва таҳкими равобит бо кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон барои хоҷагии халқи кишварҳо уфуқҳои нав ва шароити татбиқи ҳадафҳои олиро боз намуд. Аминем, ки татбиқи нақшаҳои нав, аз ҷумла имтиёзҳо барои рушди соҳибкорӣ, баланд бардоштани сатҳу самараи маорифу тандурустӣ, маърифату маданияти шаҳрвандӣ, рушди деҳот, дастгириҳои рушди ҳунарҳои халқӣ ва сайёҳӣ барои шукуфон гардидани зиндагии мардуми мо созгор хоҳад буд.

Мирзошоҳрух Асрорӣ,
номзади илми фалсафа, дотсент


Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои муҳимми ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвар бо такя ба асноди саҳеҳу муътамад мавриди таҳлили амиқ қарор гирифт. Хусусан, ба масъалаҳои беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин ба вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул диққати асосӣ равона карда шуд.
Ҳамчунин дар Паёми мазкур ба масъалаи амнияту субот дар кишвар таваҷҷуҳи асосӣ зоҳир карда шуд, чунки пешгирии шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда, хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир, шиддати хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мераванд.
Паёми Пешвои миллат ҳамчун барномаи амал дониста мешавад ва ҳар як шаҳрванди ин сарзаминро водор месозад, ки ҷиҳати татбиқ ва мавриди амал қарор додани дастуру вазифаҳои бамиёнгузошта масъул бошад.

Ҳобил Зикирзода,
мудири кафедраи фарҳангшиносӣ, дотсент


Ба андешаи ман, ду мушкилоти ҳалталаби соҳаи маориф, ки дар Паёми Пешвои миллат ишора гардиданд, хеле мубрам ҳастанд. Ҷомеаи навини Тоҷикистон, ки қадамҳои устувор ба сӯи фардо мегузорад, ба мутахассисони соҳибтаҷриба ниёзи бештаре пайдо мекунад. Аз ин рӯ, ҳалли масъалаи норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва баланд бардоштани сатҳи сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар то соли оянда бояд ҳалли худро пайдо кунанд. Инчунин аз тарафи Пешвои миллат назари ҷиддӣ андохтан ба масъалаи омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ва такмили барномаи нави махсуси омӯзишӣ барои ин забонҳо барои ҷомеаи ояндаи кишвар, ташаккули насли ҷавон ва ҳамқадам будан бо ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон нақши бориз дорад. Ироаи чунин масъалаҳои дурандешона аз тарафи Президенти кишвар баёнгари он ҳастанд, ки ҳанӯз ҳам масъалаҳои маорифу илм ва соҳиби касбият будани омӯзгорон пурра ҳалли худро наёфтаанд ва фикр мекунам, нисбати чунин мушкилот ҳатман чораҷӯӣ карда мешавад ва бо ҳалли воқеии онҳо ҷомеаи мо боз ҳам ба комёбиҳои рӯзафзун даст меёбад.

Азалбегим Мирзоева,
омӯзгори кафедраи фарҳангшиносӣ


 

Ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анъанаи неке мубаддал гардидааст, ки сол то сол ҳамчун дастурамали тамоми соҳаҳои иҷтимоии кишварамон хидмат мекунад. Он дастур ва роҳнамоест, ки тибқи он ҳамаи соҳаҳои кишвар барои татбиқи амалии фаъолияташон саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар Паёми имсола низ таваҷҷуҳи роҳбари давлат ба соҳаи илму маориф, аз ҷумла баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, тайёр намудани кадрҳои соҳибтахассус, азхуднамоии забонҳои хориҷӣ, аз такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон дар ҳар се сол ва минбаъд низ боло бурдани музди маоши кормандони маориф дар мадди аввал қарор дошт. Бо вуҷуди он ки дар ин самт дастовардҳо зиёданд, вале роҳбари давлат дар баъзе самтҳо ҳанӯз нигарон ҳастанд, хусусан, дар самти омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва ҳисси масъулиятшиносии омӯзгорон. Чунин нигарониҳои роҳбари давлат аз мо, омӯзгорон, тақозо менамояд, ки дар самти таълиму тарбияи ҷавонон боз ҳам масъулиятшинос бошем.

Соқибой Султонзода,
номзади илми фалсафа, дотсент


Яке аз хусусиятҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ дар он аст, ки сараввал муваффақияту дастовардҳои беназири соли сипаришуда, аз ҷумла ба истифода додани агрегати якуми НБО “Роғун”, қабули қатънома аз тарафи СММ оид ба қабул ва амалӣ гардидани 10-солаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва таҳким ёфтани муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон натиҷагирӣ карда шуда, вазифаҳои асосии давлату ҳукумат дар соли 2019 ва солҳои минбаъда муайян гардид. Эълон гардидани солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ифодакунандаи тамаддуни халқи тоҷик, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди деҳот ва таҷассумгари сулҳу субот ва пешравиҳои назарраси даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Солҳои дарпешистода намоди корзори дастаҷамъонаи миллат дар рушду шукуфоии кишвар то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб ёфта, дар ин давра масъалаи сохтани роҳҳо, мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммому кошонаи ҳусн ва дигар инфрасохтори деҳоти мамлакат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Тоҷикистон имрўз марҳилаи нави рушду тараққиёти худро оғоз намуда, раванди саноатикунониро бо маром идома мебахшад ва ин имкон медиҳад, дар заминаи амалӣ гардидани ҳадафҳои қаблии стратегии мамлакат ҳадафи нави стратегӣ - ба давлати индустриалӣ-кишоварзӣ табдил додани кишвар дар маркази кору фаъолияти минбаъда қарор бигирад.

Ҳусайн Бедилов,
мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, дотсент

 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj