• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Қутбнамои рушди иқтисодиёти мамлакат

Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 26-уми декабри соли 2018 ироа гардид, бозгӯйи дастовардҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва рӯйдодҳои фараҳбахшу ободкориҳо буда, дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт мегардад. Дар Паёми навбатӣ аз ҷониби Пешвои миллат тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат ва дурнамои рушди ҷомеа аниқ гардида, сиёсати хориҷии мамлакат, бахусус андешаҳо дар бораи нақши арзандаи ҷумҳурӣ доир ба ҳаллу фасли проблемаҳои муҳимтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҳалли масъалаи дастрасии аҳли башар бо оби тоза иброз карда шуданд.

 

Бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  эълон карда шавад.  Амалӣ гаштани ин ҳадаф имкон фароҳам меорад, ки аҳолии қобили меҳнат бештар ба шуѓл фаро гирифта шавад ва иқтисоди мамлакат аз пештар дида бештар рушд намояд. Иқдоми навбатие, ки аз ҷониби Президенти кишвар оид ба эълони солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» пешниҳод гардид, хеле саривақтӣ ва айни муддаост.

Соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври васеъ ва ҳаматарафа баррасӣ карда шуд. Он таклифу пешниҳодҳое ки аз тарафи  Пешвои миллат пешниҳод карда шуданд, боиси дастгирӣ ва омўзиши васеъ аст. Аз пурзӯр намудани курсҳои бозомўзии муаллимон то пурра бо омўзгорон таъмин намудану дар давоми се сол аз аттестатсия гузаронидани омўзгорон, дар ҳақиқат, талаби замон аст. Инчунин ба мавқеъ ва мартабаи омўзгорон дар ҷамъият баҳои баланд дода шуд.

Ҳамин тавр, вазифаҳо барои соли 2019 ва давраи минбаъда дар Паёми Пешвои миллат возеҳу равшан баён карда шуданд. Амалӣ гаштани онҳо аз масъулиятшиносӣ, меҳанпарастӣ, дилсўзона ба супоришҳои муайяншуда муносибат кардан ва дурандешии ҳар як сокини кишвар вобаста аст.

А. Самиев,
декани факултети география

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj