• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Паёми Пешвои миллат – раҳнамои устодону донишҷӯён

Санаи 11-уми январи соли ҷорӣ дар толори калони бинои асосии донишгоҳ ҷаласаи васеи омӯзишию маърифатӣ оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо ширкати ҳайъати раёсати донишгоҳ, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни шуъбаи ғоибона баргузор гардид. Ҷаласаро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Н.Убайдуллоев ифтитоҳ бахшида, оид ба муҳтавои куллии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуд.

 

Дар суханронӣ зикр гардид, ки Паёми имсола нисбат ба паёмҳои гузашта хеле пурмуҳтаво ва фарогири масъалаҳои мубрами ҷомеа буда, барои боз ҳам пешрафти Тоҷикистони биҳиштосо заминагузор хоҳад буд. Зеро Паёми навбатӣ тамоми ҷанбаҳои хоҷагии халқро дар бар мегирад. Аз он ҷумла соҳаи кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, масъалаҳои коммуникатсионӣ ва раҳоӣ ёфтан аз буҳрони иқтисодие, ки тамоми сайёраро ба ташвиш овардааст, дар паёми имсола ироа гардидааст. Дар анҷоми сухаронӣ аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки ҳар як шаҳрванди бонангу номус барои тараққиёти соҳаҳои хоҷагии халқ бояд сайю кӯшиш намояд, баҳри ободии имрӯзу фардои кишварамон, сулҳу суботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд бардоштани сатҳи дониши насли наврас саҳми арзанда гузорад.

Мудири кафедраи фалсафа дотсент Ш.Бердиев доир ба нуктаҳои асосии  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки моро мебояд ҳар як банди Паёмро сармашқи кори худ қарор диҳем. Махсусан, ба мушкилоти соҳаи маориф диққати зарурӣ дода, ҷиҳати натиҷаҳои дилхоҳро ба даст овардан аз ташаббуси эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саъю талош варзем. Омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик Д.Маҳмудов Паёми навбатии Пешвои миллатро ҳуҷҷати роҳнамо арзёбӣ карда, оид ба пешравиҳои илмӣ, норасоии кадрҳои омӯзгорӣ ва риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаҳои худро иброз намуд.

Ҳамчунин дигар устодону кормандон дар ҷаласа фаъолона ширкат варзида, зимни шарҳу тавзеҳи мазмуну муҳтавои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлисӣ Олӣ донишҷӯён ва ҳозиринро ба иҷроиш ва сармашқи кори хеш қарор додани нуктаҳои асосии он ҳидоят намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки рафти ҷаласаи мазкур аз тарафи  шабакаҳои телевизионии кишвар ба навор гирифта шуд.


 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj