• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ШИНОХТИ ИЛМИ ТОҶИК

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, рушди иқтисодӣ ва такомули муносибатҳои нави ҷамъиятӣ устуворона қадам мегузорад. Равандҳои ҷаҳонишавӣ ва пешрафти бесобиқаи илму технологияҳои нав дунёро фаро гирифтаанд ва имрӯз мафҳуми илму дониш ҳамчун маҳаки асосии рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа барои ҳамагон аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад.

 

Миллати мо тӯли ҳазорсолаҳо таърих, илму адаб ва фарҳангро пойдор нигоҳ дошт ва дар ҷаҳон машҳур гардонд. Бо ба даст овардани истиқлоли миллӣ замина ва имкониятҳои зиёд барои истиқлоли илмӣ ва дарёфти роҳҳои нави инноватсионӣ ба вуҷуд омадааст. Аз ин имконот дуруст ва васеъ истифода намудан масъулиятро талаб мекунад, зеро муваффақ нагаштан моро дар замони ҷаҳонишавии илм ба иҷрои мақсадҳои бузург комёб намегардонад.

Сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм аз ҷумла ба ҷалби ҷавонон ба илм нигаронида шудааст. Мувофиқи омор имрӯз аз теъдоди умумии номзадҳои илм тақрибан 13,3 дарсад то 35-сола ва докторони илмро 1,2 дарсад ҷавонони синни то 35-сола ташкил медиҳанд. Бо назардошти ин таъкид шудааст, ки барои боз ҳам инкишоф додани илм ва беҳтар намудани натиҷаи корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар ҷумҳурӣ марказҳои таҳқиқоти технологиву инноватсионӣ таъсис дода шавад.

Тоҷикистон тӯли қариб се даҳсолаи Истиқлолияти давлатӣ дар соҳаи илму маориф ба як қатор дастовардҳо муваффақ гардид, ки ҳамаи онҳо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи даст омаданд. Рушд ва таҳкими дастовардҳои соҳибихтиёрии давлатӣ барои наслҳои минбаъда фазои озод ва шароити мусоидро ба вуҷуд меоварад, ки дар ҳифзу татбиқи манфиатҳои миллии Тоҷикистон мақоми марказӣ доранд.

Олимону муҳаққиқони тоҷик бисёр равшан дарк намуданд, ки маҳз дар фазои Истиқлолияти давлатӣ имконияти васеъро дар роҳи таъмини шинохти илми тоҷик дар арсаи ҷаҳон пайдо кардаанд. Имрӯзҳо онҳо дар чорабиниҳои бузурги ҷаҳонӣ фаъолона ширкат варзида, ақида ва мақсадҳои волои худро аз номи Тоҷикистон пешниҳод ва баррасӣ менамоянду барои ҷаҳонишавии илми тоҷик саъй ба харҷ медиҳанд.
Ҳадаф аз таъкиди Пешвои миллат ташаккул ва рушди низоми миллии инноватсионӣ бо назардошти манфиатҳои амнияти миллии Тоҷикистон ва рушди ҷаҳонии илми тоҷик мебошад.

Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба он ноил гардид, ки 16-уми ноябр аввалин чархаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор даромад. Ин рӯйдодро метавон санаи тақдирсоз дар рушди давлатдории миллӣ номбар кард, ки баъди он кишвари мо ба марҳилаи комилан дигари рушд ворид гардида, ояндаи дурахшону осудаи мардум таъмин мегардад.

Анҷоми корҳои асосӣ ва ба фаъолият шурӯъ намудани агрегати аввалини Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» барои рушди ояндаи Тоҷикистон ва тақвияти таҷрибаи миллии давлатдорӣ аҳамияти стратегӣ доранд, зеро ба фаъолият шурӯъ намудани агрегати аввалин собит мекунад, ки Тоҷикистон дар сиёсати ҷаҳонӣ сиёсати фаъоли миллиро барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ роҳандозӣ намудааст. Чунин сиёсати миллӣ бо барномарезии рушди стратегии давлат дар дурнамо барои ҳифзу татбиқ гардидани манфиатҳои дарозмуддати миллӣ таъсири мусбат мерасонад ва навовариҳои миллии инноватсиониро талаб мекунад.

Дар замони истиқлол, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, №334 қабул гардидани «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» ва дар ҳоли ҳозир таҳияи «Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030» ва «Консепсияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2050» собит месозад, ки кишвари мо аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, ваҳдат ва ягонагии миллиро устувор намуд ва суботу амниятро тақвият бахшид.

Дар ин радиф, масъулияти мо низ бештар гардида, мебояд дастуру супориш ва таъкидҳои Президенти мамлакатро роҳнамои асосии фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба Ватани азизамон хизмат намоем ва махсусан дар пешрафти илму маорифи он саҳмгузор бошем.

 

Лутфия ИМАТОВА,

мудири кафедраи педагогикаи умумӣ, д.и.п., профессор

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj