• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

НИГАРОНӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ БАЪЗЕ СОХТОРҲОИ ДОНИШГОҲ

Санаи 17-уми январи соли ҷорӣ дар толори калони бинои асосии донишгоҳ ҷаласаи васеи корӣ бо ширкати намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазир  Сайфиддин Давлатзода, аъзои Раёсати донишгоҳ, кормандони шуъбаи фосилавӣ, муовинони деканҳо ва методистони шуъбаи ғоибона баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ Носирҷон Салимӣ ҳадафи баргузории ҷаласаро тавзеҳ бахшида, пас аз муаррифии меҳмонон риштаи суханро ба эшон дод.

 

Сайфиддин Давлатзода дар суханронии худ аз бархе натиҷаҳои санҷиши фаъолияти донишгоҳ аз ҷониби гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм ибрози нигаронӣ намуд. Муовини вазир оид ба таҳсилоти фосилавӣ, ки соли дувум аст дар кишвар роҳандозӣ гардидааст, бештар тамаркуз намуда, оид ба фаъолияти шуъбаи таҳсилоти фосилавии донишгоҳ андешаҳои худро изҳор дошт. Зикр гардид, ки фаъолияти шуъба дар сатҳи паст қарор дошта, дар баробари камбуди мудир ва кормандони он, инчунин, хунукназарӣ ва бепарвоии деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорон ба сар задани мушкилот боис шудааст. Аз ин лиҳоз, махсусан, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳоро зарур аст, ки аз болои донишҷӯёни шакли таҳсили фосилавӣ ва омӯзгороне, ки ба тадриси онҳо машғуланд, назорати ҷиддӣ баранд. Омӯзгорон тибқи сарбории худ вазифадоранд, ки бо ҳар як донишҷӯи шакли таҳсили фосилавӣ фаъолияти инфиродӣ дошта бошанд. Хуб аст, ки дар донишгоҳ сервери ягона мавҷуд аст, вале бо вуҷуди ин баъзе камбудиҳо дида мешаванд, ки рафъи онҳо низ вазифаи ҳамагон аст, - афзуд муовини вазир.

Дар ҷаласа ҳамчунин таъкид гардид, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун нахустин муассисаи таҳсилоти олии кишвар ва маркази асосии тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ дар ҷумҳурӣ мақоми хоси худро дорад. Мебояд ин донишгоҳ аз дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар усулан бартарӣ дошта бошад, зеро он ояндасозони миллату давлат, яъне омӯзгоронро тайёр мекунад ва тавре маълум аст, соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии ҳукумати кишвар мавқеи аввалиндараҷа дорад.

 

 

Саидаброр САИДӢ,
хабарнигори ҷамоатии донишгоҳ


 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj