• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Тарбия

 

 

МАҲФИЛ – ОЗМУНИ  «ДУРАХШИ ҲУНАР»

photo 237.jpg - 104.86 KbДар санаи  1-уми апрели соли 2019 бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  маҳфил – озмуни «Дурахши ҳунар»  байни  факултетҳои таърих ва география баргузор гардид. Чорабинӣ аз тарафи Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ  ташкил ва гузаронида шуд. Дар рафти чорабинӣ сараввал мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон Кувватов С., суханронӣ намуда, ёдовар шуд, ки раванди баргузории маҳфил - озмун аз шаш шарти асосӣ иборат аст. Шарти якум саломнома – муарифинома,  шарти дуввум намоиши  ҳунарҳои мардумӣ, шарти сеюм нақли латифаҳои халқӣ, шарти чаҳорум бадеҳаҳои халқӣ, шарти панҷум саволномаи  иттилоотӣ – ҳаҷвӣ ва шарти шашум бошад саҳначаи ҳаҷвӣ мебошад.  Мақсад аз баргузории маҳфил – озмун  ва пешниҳоди шартҳо ба дастаҳои факултетҳо барои дарёфти чеҳраҳои нав, муарифӣ намудани ҳунарҳои миллӣ ва фарҳанги гузаштаи миллати тоҷик ба шумор меравад.

Дар чорабинии мазкур Мусина Э.- Мудири китобхонаи донишгоҳ, Баротова Г. - Раиси шӯрои кураторони донишгоҳ ва Мансуров Н.-  сардори шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеъа ҳамчун аъзоёни  ҳакамон иштирок намуда, чорабинии мазкурро баҳогузорӣ намуданд.

Шартҳое, ки дар низомномаи маҳфил – озмуни «Дурахши ҳунар» дарҷ гардида буданд дастаҳои «Ҷадидон»-и факултети таърих ва «Сайёраи замин»-и факултети география пурра иҷро намуда, пешкашӣ иштирокдорони маҳфил – озмун гардониданд.

Дар охир аъзои ҳакамон ба сухан баромада ҳамаи шартҳое, ки аз ҷониби дастаҳо  иҷро гардиданд хуб арзёбӣ намуданд, ҳар кадоми онҳоро шарҳ доданд ва ба чунин хулоса омадаанд, ки ҳардуи дастаҳо ба 75 холӣ сазоворанд. Ҳамин тавр ҳардуи даста, ки дар маҳфил – озмун иштирок намуданд, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Шуъбаи кор бо ҷавонони

ДДОТ ба номи С. Айнӣ

 

 

 

photo 235.jpg - 94.50 Kb bahrullo.jpg - 96.44 Kb photo 242.jpg - 101.13 Kb photo 245.jpg - 107.26 Kb photo 243.jpg - 99.21 Kb photo 239.jpg - 86.43 Kb

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj