• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

«Қасам»-и донишҷӯён ва рақси бадахшонӣ

23 майи соли равон бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истироҳатгоҳи «Чайка» воқеъ дар ноҳияи Варзоб маҳзари донишҷӯёни тамоми макотиби олии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Муҳассилин аз кулли гӯшаю канори ҷумҳурӣ: шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Ваҳдат иштирок доштанд. Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Ризоев маҳзарро ифтитоҳ бахшида, ҷавононро ба рӯзи идашон шодбош гуфт. Қайд кард, ки мақсади ҷалби ҷавонон бо иттифоқи касаба тарғиб ва оммавӣ гардонидани тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани робитаҳои дӯстии байни ҷавонон мебошад.

Барои ғолиб донистани иштирокчиён иҷрои шартҳое, ки муайян гардида буданд, муҳим буд. Шартҳо чунин буданд: якум, саволу ҷавоб оид ба Оинномаи Иттифоқи касаба, дуюм, суруд дар васфи Ватан ва шарти сеюм, иҷрои рақси миллии тоҷикӣ буд.
Ҷавонон тавонистанд маҳорат ва санъатеро, ки аз Бадахшону Суғд ва аз Рашту Хатлон бо худ овардаанд, нишон диҳанд. Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон ба хотири санъаташон ба ҳар яки онҳо сад сомонигӣ тақдим кард.
Бояд қайд кард, дар ин маҳзар донишҷӯёни мо иштироки фаъол доштанд. Онҳо ба иҷрои суруди «Қасам» ва бо рақси бадахшонӣ маҳорату санъати худро нишон доданд ва ин ҳама аз тарафи кумита қадрдонӣ гардид.

 

 

 

Ҷасур Раҳмонов, раиси Иттифоқи касабаи донишҷӯёни факултаи технология ва соҳибкорӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj