• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

70 соли устоди таҷрибадор

Дар конференсияи ҷумҳуриявии «Экология ва масъалаҳои таълиму тарбия», ки ба 70-солагии номзади илмҳои биология, дотсент Шарифов Иноят Негматович бахшида шуда, 26-уми май дар донишгоҳ доир гардид, олимону донишмандон аз кулли макотиби олии кишвар, дӯстону ҳамкорон ва наздикони устод гирд омада, қатори сухани табрикотии ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов соҳибҷашнро шодбошӣ намуданд ва аз заҳматҳояш дар соҳаи илму маорифу тарбияи шогирдон ёдрас шуданд.
Аз ҷумла, декани факултаи химия С.Алимов саҳми И.Шарифовро дар пажӯҳишу тозакориҳои нав ва тарбияи шогирдон назаррас хонда, барояш ояндаи наку ва эҷодкориҳои бешро таманно кард. Дар ин баробар, намояндаи Вазорати маориф ва илми кишвар Раҷабалӣ Сангов, намояндаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Сайдалӣ Маъмур, аз номи Иттифоқи касабаи маориф ва илми Тоҷикистон Абдуғаффор Қараев, намояндаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ҳамидҷон Азизов ҳар як меҳрномаи худро ба устод арза доштанд. Ҳамзамон, раиси собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба соҳибҷашн, ки раисии ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷанг ва меҳнатро дар донишгоҳ ба уҳда дорад, барои таваҷҷуҳи зиёду заҳматҳояш ифтихорнома тақдим кард.
Аз ҳама хотирмон шеъри ба устод И.Шарифов бахшидаи шоира Муҳаррама Сорбонзода аз шаҳри Норак буд, ки 70 соли пурзаҳматашро ситоиш мекард.
Бояд зикр кард, Иноят Шарифов 5-уми майи соли 1944 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Омӯзгор ва кимиёшиноси тоҷик, номзади илмҳои биология (1978), дотсент (1987) мебошад.
Ӯ соли 1978 дар Шӯрои дифои рисолаҳои номзадии Донишгоҳи давлатӣ ба номи В.И.Ленини шаҳри Кишинёв дар мавзӯи «Биохимическое изучение осоки парвской» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Вай ҳамчун муҳаққиқ дар доираи илмҳои биология, экология ва химияи пайвастагиҳои табиӣ мақолаҳои илмии зиёде ба табъ расонидааст.
Хизматҳои И.Шарифовро дар тайёр намудани мутахассисони баландсавия дар соҳаи маориф, илм ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ба назар гирифта, ӯро бо нишонии Аълочии маорифи Тоҷикистон, Ифтихорномаҳои КМ ҷавонони РСС-и Тоҷикистон (1994, 1996, 1997, 1998), Федератсияи Иттифоқи касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон (1987), Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1989, 1994, 2004), Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997) ва бо ифтихорномаю раҳматномаҳо аз тарафи раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ сарфароз гардонидаанд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj