• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Низоми кредитӣ ва мушкилоти он

Дар ДДОТ ба номи С.Айнӣ конференсияи илмиву амалӣ дар мавзӯи «Низоми кредетии таҳсилот, проблема, таҷриба ва роҳҳои ҳалли он» доир гардид, ки гузоришоту маърӯзаҳои устодони донишгоҳу намояндагони дигар макотиби олии кишварро фарогир шуд.
Тавре дар оғоз ректори донишгоҳ, академик А.Раҳмонов изҳори назар кард, ин низом, ки дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё ҷорӣ шудааст, аз устод дониши саҳеҳу малакаи касбӣ ва аз донишҷӯ худомӯзиро тақозо мекунад. Ӯ ба иштирокдорони конфронс барор хоста, таманно кард, ки дар ҳамбастагӣ роҳҳои ҳалли мушкилот ва бурди соҳаро пайгирӣ хоҳанд намуд.
Дар идома устоди донишгоҳ А.Ҷӯраев гуфт, ки низоми кредитии таҳсилот барои донишомӯзии донишҷӯён бисёр нақши калон мебозад. Махсусан, донишҷӯ тахминан 70 фоиз худаш бояд мустақилона кор кунад. Вазифаи муаллим роҳ нишон додан, мавод додан ва ҳавасманд кардани ҳамон донишҷӯст. Ин низом дар чандин давлат мавриди амал қарор дорад.
Ба изҳори мавсуф, яке аз мушкилоти асосӣ дар ин самт он аст, ки донишҷӯёни мо маводҳои асосиро дар даст надоранд. Бояд баззаи моддӣ-техникиро мустаҳкам гардонем, агар ба донишҷӯ маводҳои асосиро бидиҳем, мустақилона меомӯзад.
Дар идома Н.Сангинов бо мавзӯи «Масоили ҳалталаби низоми кредитӣ дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ш.Азизов, мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи омӯзгорӣ дар мавзӯи «Татбиқи низоми кредитӣ, проблема ва роҳҳои ҳалли он», Ҷ.Алиҷонов, декани факултаи молия ва баҳисобгирии бухгалтерии ДИС ДДТТ дар мавзӯи «Такомули таъминоти иттилоотии раванди таълим дар низоми таҳсилоти кредитӣ» ва дигарон бо баҳсҳо атрофи ин мавзӯот конфронсро хеле муассир гузарониданд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj