• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Таваҷҷуҳ ба ихтисоси дуюм афзудааст

Тавре аз гуфтаи раиси комисияи қабули довталабон ба донишгоҳ Х. Муҳаббатов бармеояд, таваҷҷуҳ ба донишгоҳ, бахусус, супоридани ҳуҷҷатҳо барои дарёфти маълумоти дуюм дар тамоми факултаҳо нисбат ба солҳои қаблӣ рӯ ба афзоиш овардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин таваҷҷуҳ аз он далолат медиҳад, ки нисбат ба соҳаи омӯзгорӣ мардум бештар мароқ зоҳир мекунанд. Аз сӯйи дигар, талаботи Вазорати маориф ва илми кишвар аст,

ки бояд  мударисони муассисаҳои томактабӣ ва синфҳои ибтидоӣ маълумоти олӣ бигиранд. Дар ин баробар, бино ба гуфтаи ӯ, довталабон бештар аз Коллеҷи техникӣ, Коллеҷи омӯзгорӣ ва Коллеҷи муҳандисӣ, металургӣ ҳастанд, ки мехоҳанд дониши худро ин ҷо мукаммал намоянду соҳиби тахассуси махсус шаванд. Бино ба иттилои Х.Муҳаббатов, имсол ҳамагӣ 1196 нафар аз рӯйи ихтисоси дувум ба донишгоҳ ҳуҷҷат супурдаанд, ки аз ин теъдод 666 нафар тибқи шартнома ва 520 нафар тариқи буҷавӣ қабул шудаанд.

 

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj