менюхо |
There are no translations available.
Фаъолияти имрӯзаи аспирантура ва докторантура
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон нахустин мактаби олӣ, ки дар аввал ҳамчун Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе таъсис ёфта буд, соли 1931 ба фаъолият шурӯъ кард. Дар баробари кори таълиму тарбия барои пешбурди фаъолияти илмӣ-тадқиқотии устодони донишкада соли 1937 зарурияти ташкил кардани шуъбаи аспирантура ба миён омад. Шуъбаи аспирантура дар мактаби олӣ ва муассисаҳои илмӣ яке аз сохторҳои асосии тайёр намудани кадрҳои илмӣ ба шумор меравад, ки барои баланд бардоштани дараҷаи илмии ҳайати омӯзгорон шароит фароҳам меоварад ва мусоидат менамояд. Шуъбаи аспирантураи донишкада дар асоси Қарори Совети Комиссарони Ҳалқи ҶШС Тоҷикистон ташкил карда шуд. Омӯзгорони варзида ва ҷавон аз истеҳсолот ҷудо нашуда барои таҳсил дар шуъбаи аспирантура имконияти хеле хуб ба даст оварданд. Дар солҳои аввал Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна 28 нафар профессорон ва муаллимонро ба ихтиёри донишкада сафарбар намуда буд, ки минбаъд дар зери роҳбарии онҳо аспирантони зиёде корҳои илмӣ-тадқиқотиро ба иҷро расониданд. Айни ҳол дар шуъбаи аспирантура ва докторантура барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф аз рӯи 37 ихтисос иҷозатнома дода шудааст. Бо ба даст овардани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми сохторҳо тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омад, як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ дар соҳаи маориф низ қабул гардид. Соли 2015 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.04.2012, №127 ва фармоиши Вазири маорф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.04.2015, №1015 дар донишгоҳ аз 1.09.2015 зинаи доктор аз рӯи ихтисос (PhD) таъсис дода шуд, ки ки барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф аз рӯи 43 ихтисос иҷозатнома дода шудааст. Cоли 2015 дар зинаи доктор аз рӯи ихтисос (PhD) 21 нафар ва соли 2016 бошад 13 нафар кабул карда шуданд. Ҳоло шуъбаи аспирантура ва докторантураи донишгоҳ фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Низомномаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Иҷозатномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебарад. Аспирантура ва докторантура воситаҳои муҳими тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ ба шумор рафта, барои баланд бардоштани дараҷаи илмӣ ва илмию педагогии устодони донишгоҳ имконият медиҳад. Донишҷӯёни донишгоҳ, ки маълумоти олии пурра (мутахассис) доранд, дар асоси озмун ба аспирантура дохил мешаванд. Мутахассисони ҷавоне, ки дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм кардаанд, бо пешниҳоди Шӯрои олимони донишгоҳ метавонанд дар имтиҳонҳои қабул иштирок намоянд. Мутахассисоне, ки баъд аз хатми донищгоҳ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳхат ба кор фиристода мешаванд, дар сурати доштани собиқаи корӣ на камтар аз ду сол метавонанд баъд аз супоридани имтиҳонҳои қабул ба аспирантураи донишгоҳ дохил шаванд.
Шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба аспирантураи донишгоҳ тибқи муқаррарот қабул карда мешаванд. Аз соли 2006 инҷониб дар шуъбаи аспирантураи донишгоҳ шаҳрвандони мамлакатҳои хориҷии дуру наздик ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул мебошанд. Таҳсил дар шуъбаи рӯзонаи апирантураи донишгоҳ - 3 сол ва дар шуъбаи ғоибона - 4 сол мебошад. Ба шуъбаи рӯзонаи апирантураи донишгоҳ шахсони синнашон то 35 сола, ба шуъбаи ғоибона шахсони синнашон то 45 сола қабул карда мешаванд. Тайёр кардани докторантҳо ба тариқи рӯзона амалӣ мешаванд. Муҳлати тайёр кардани докторантҳо дар донишгоҳ се сол мебошад. Қабул ба шуъбаи аспирантура ва докторантура ба ҳайси аспирант, унвонҷӯ, докторант соле як маротиба моҳҳои октябр-декабр доир мегардад. Ҳамасола зиёда аз 60 нафар довталабон ба шуъбаи аспирантура қабул шуда, пайи тадқиқи рисолаҳои илмии хеш мешаванд. Дар назди донишгоҳ Шӯрои ҳимоя аз рӯи ихтисоси педагогика амал карда истодааст ва аспирантон вобаста ба муҳлат рисолаҳои худро дар Шӯрои мазкур дифоъ менамоянд. Дар давоми солҳои мавҷудияташ шуъбаи аспирантураро Бенедиктов А.А., Кавраков А., Яворская Л.И., Сафарова Ф.Г., Шаропова Г., Абдуллоева Р., Мирзоалиева А., Исломова З., Абдураҳмонов А., Мирганова Н.Р. роҳбарӣ кардаанд. Аз соли 2012 роҳбарии шуъбаро Исломова Зебинисо ба зима дорад. |