• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Конститутсия  ҳуҷҷати мӯътабару

мӯътамади тақдирсози ҳар як миллат

(мизи мудаввар)

IMG_1145.JPG - 81.16 KbДар санаи 5.11.2019 дар кафедраи забонҳои шарқи   факултети забони англисӣ бо иштироки мудири кафедра Бекчаев Ё., муовини декан оид ба тарбия Шералиев С., омӯзгорони  кафедраи забонҳои шарқи факултети забони англисӣ Шодмонова Д.,  Фарзонаи Р., Раҳимҷонова З., Холзода Б., Зиёева М., Мирзоев Д., ва донишҷӯён мизи мудаввар дар мавзӯи  “Конститутсия  ҳуҷҷати мӯътабару мӯътамади тақдирсози ҳар як миллат” баргузор гардид, ки дар он устодону донишҷӯён суханронӣ намуданд.

Сараввал суханро мудири кафедраи забонҳои Шарқ  Бекчаев Ё. оғоз намуда, зимни суханронияш қайд карданд, ки Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омоли меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Конститутсия барои сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин хуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарин давлатҳои узви Созмони Амният ва хамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.

Инчунин омӯзгори кафедраи забонҳои Шарқ Фарзонаи Раҳмон дар мавзӯи “Сарқонун – шиносномаи давлату миллат” суханронӣ намуд.

Ба қонуни ҳақиқат месароям то забон дорам,

Ба зиди душманонаш мебароям то, ки ҷон дорам.

Қайд кардан ба маврид аст, ки тамоми омӯзгорони кафедраи забонҳои Шарқ бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.

Инчунин донишҷӯёни фаъоли факултети забони англисӣ, ихтисоси англисӣ – кореягӣ Маҳмадзода Фаришта ва Турсунова Сайёра ва ихтисоси англисӣ-хитоӣ  Холматов Бежан низ баромад намуданд. Зимни суханронӣ донишҷӯён кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро бо рӯзи иди “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” табрик намуданд. Донишҷӯён қайд карда гузаштанд, ки Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Дар он асоси низоми ҳуқуқии давлат муайян мегардад. Он ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мегардад. Он барои ҳама баробар дониста мешавад.
Бо шарофати қабули Конститутсия Точикистон чун субъекти комил ҳуқуқӣ муносибатҳои байналмилалӣ, халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтаанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз чун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад.

Дар фарҷом мудири кафедраи забонҳои Шарқ Бекчаев Ё.  ба ташкилкунандагони ин чорабинӣ ва инчунин ба иштирокчиён миннатдорӣ баён намуданд ва  қайд карданд, ки имрӯзҳо  боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи кишвар дастгиру роҳнамои мардуми тоҷик гардидааст. Вазифаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аз он иборат аст, ки Конститутсияро эҳтиром намояд.

Омӯзгори кафедра

Фарзонаи Раҳмон

IMG_1145.JPG - 81.16 Kb IMG_1146.JPG - 87.67 Kb IMG_1147.JPG - 90.15 Kb IMG_1149.JPG - 62.92 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj