• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Пешвои миллат – ҳомии маорифи кишвар

(Мизи мудаввар)

IMG_2285.JPG - 77.66 KbИмрӯз 15-уми ноябри соли 2019 дар кафедраи умумидонишгоҳии Забони англисӣ ҳамчун ихтисоси дуюм бахшида ба рӯзи Президенти маҳбуби кишвар мизи мудаввар дар мавзӯи «Пешвои миллат – ҳомии маорифи кишвар» доир гардид, ки дар он омӯзгорон ва кормандони шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ ширкат доштанд. Пеш аз ҳама ифтитоҳии мизи мудаввари мазкурро мудири кафедра, муаллими калон Ҷӯраев Хайём кушода эълон намуда, чунин қайд дошт, ки «Нақши Пешвои муаззами миллат дар пешрафту шукуфоии низоми парваришу омӯзиши ҷумҳурӣ ва азнавсозии комили соҳаи маориф беш аз ҳамаи соҳаҳои дигар мебошад. Аз рӯзҳои нахустини бар ӯҳда гирифтани идораи умури кишвар Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати таҷдиди назар ба ин соҳа пай бурда, бо камоли ояндабинӣ, фазилат, заковат ва хираду андешаи сиёсӣ ва ватандӯстӣ дарёфтааст, ки бе ислоҳи низоми маорифи кишвар ва таҷҳизу таҳкиму таҷдиди он наметавон дар дигар соҳаҳо пешрафт ва муваффақ ба анҷоми корҳои шоиставу назаррас дар амри боло бурдани сатҳи рифоҳу зисти мардум шуд». Илова бар ин, роҷеъ ба ин рӯзи муборак ва ҳумоюнқадам байни омӯзгорон ва ширкаткунандагон маърӯзаҳо ва гуфту шунидҳо гузаронида шуд. Бояд гуфт, ки дар мизи мудаввар ширкат доштанд мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Шакарбеков Ғайрат, ва аъзоёни кафедраву шуъба Ҳакимов Файзалӣ, Маҳмадалиев Масрур, Расулов Абдулҳафиз ва Ҳасанзода Фозил. Дар фарҷом мудири кафедра Ҷӯраев Хайём мизи мудаввари мазкурро бо сухани хотимавӣ ҷамъбаст намуд.

Кафедраи умумидонишгоҳии забони

англисӣ ҳамчун ихтисоси дуюм

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj