• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

МО ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ

195.jpg - 141.17 KbДар санаи 15 -уми ноябри соли ҷорӣ дар кафедраи забонҳои шарқи факултети забони англисӣ бо иштироки мудири кафедраи забонҳои Шарқ, Бекчаев Ё., мудири кафедраи методикаи таълимӣ забони англисӣ Ғуломов А., муовини декан оид ба тарбия Шералиев Самандар., муовини декан оид ба таълим Холиқов Абдуманон., ва дигар омӯзгорону донишҷӯён чорабинии илмӣ – фарҳангӣ, бахшида ба Иҷлосияи 16-уми Шӯрои  Олӣ таҳти уновонӣ «Мо ҷавонон пайравони Пешвои миллатем» бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. Чорабинии мазкур бо иштироки  донишҷӯёни курси аввали ихтисоси англисӣ – кореягӣ бо роҳбари сарпарасти гурӯҳ Фарзонаи Раҳмон омода ва гузаронида шуд.

Дар сароғози чорабинӣ донишҷӯён бо як рӯҳияи баланди инсондӯстӣ, ҳиссӣ бузургӣ давлатдорӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносӣ бо қироати шеърҳо, маърӯзаҳо ва беҳтарин сурудҳо дар васфи Ватан ва бо нишон додани муҳимтарин ва сангинтарин лаҳзот аз солҳои нооромии кишвар то замони соҳибистиқлолии Ватани азизамон порчаҳо аз  филми «Марди Роҳ» манзури ҳозирин гардониданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки вақти тамошои ин саҳнаи даҳшатбор дар чашмони ҳар як бинанда ашк ҷорӣ буд, хеле душвор буд дидани ин саҳна, ҳатто дар чашмони нафароне, ки шаҳрвандони хориҷӣ буданд аз он ҷумла аз Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии ба мо дӯсту бародар Узбекистон ва Туркменистон иштирок доштанд, шояд ҳеҷ тасаввуроте дар бобати гузаштаи давлату миллати мо надоштанд, аммо барояшон дидани ин саҳна хеле сахт буд.

Маврид ба зикр аст, ки Пешвои миллат! Шахсияти беназир дар таърихи давлатдории тоҷикон аст. Бахту иқбол, саодатмандиву сарбаландӣ, ягонагиву сарҷамъӣ ва ободиву озодии комили кишвар маҳз аз талошҳо ва масъулияти волои ватандории Пешвои муаззами миллат, ки барои мо насли ҷавон ибрати беназир аст ба даст омадаанд. Сано ба модаре, ки фарзанди сарсупурдаву ҷонфидо – Эмомали Раҳмонро ба дунё овард. Шинохти миллати мо ва соҳиби давлату истиқлоли комил шудани мо маҳз аз заҳмати  беназири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Имрӯз бо ҳисси баланди ватандориву ватанпарастӣ ба шумо ваъда медиҳем, ки дар роҳи шукуфоии Ватан саҳмгузор буда, пайравони асили Пешвои миллат мегардем.

Тоҷ бар сар мениҳем мо бо нишони Пешво,

Лаб ба лаб мефишонем бо каломи Пешво.

Даст бар даст, қалб бар қалб мо ҳама аз якдигар,

Бояд омӯзем хайрро аз нигоҳи Пешво.

Ҷаҳди мо дасти ба дасту қавми мо дасти ба даст.

Роҳи мо созандагиву рух бошад ношикаст.

Хурда савганди Ватандорӣ ба номи Пешво.

Сарнавишти Тоҷикистонро сипар моем, мо.

 

Дар фарҷоми чорабинӣ мудири кафедра Бекчаев Ё., зимни  баромади пурмуҳтавои худ қайд намуданд, ки шунидани ин ҳама нақлҳо на танҳо барои пирону гузаштагон, балки барои худи мо ҷавонон сахту душвор аст. Бо шунидани ин қиссаи ғамангез, бешубҳа ашк аз чашмони ҳар як ватандӯст равон мегардад. Барои таҷлил ва гузаронидани ин чорабинии  сиёсӣ ба донишҷӯён арзи сипос намуданд ва барои дар оянда саҳм гузоштан дар ободиву гулгулшукуфоии Ватани азизамон аз донишҷӯён талаб намуданд, то ки нақши арзанда ва содиқона дошта бошанд.

Кафедраи забонҳои шарқ

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj