• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ

«Масъалаҳои тамоили салоҳиятнокӣ дар раванди таълими

фанҳои тахассусии синфҳоиибтидоӣ»

352.JPG - 165.78 KbСанаи 07 декабри соли 2019 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои тамоили салоҳиятнокӣ дар раванди таълими фанҳои тахассусии синфҳои ибтидоӣ»  бо ташабуси мудири  кафедраи методикаи таҳсилоти ибтидоӣ дотсент Бегимов Ҳ.Х. баргузор гардид. Дар он муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, д.и.б., проффесор Мирзораҳимов А.К. ва доираи васеи устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Зимни оғози конференсия зикр гардид, ки муносибати босалоҳият дар таълим муносибатест, ки дар он диққати асосӣ ба ташаккули малакаҳои амалӣ равона карда мешавад. Муносибати босалоҳият дар ҷараёни таълим, пеш аз ҳама аз таҳияи салоҳиятҳо оғоз мегардад. Салоҳият натиҷаи таҳсил буда, ҳамчун қобилияти истифода бурдани дониш, малака ва маҳорат ҳангоми  ҳалли масоили соҳаи муайян зоҳир мешавад.

Гуфтан ба маврид, ки «салоҳият»-ро таълим намедиҳанд, он дар натиҷаи азхудкардани дониш, маҳорат ва малакаҳо ташаккул меёбад. Дар асоси ин гуфтаҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки шахси босалоҳият амалеро хуб, моҳирона ва боэътимодона иҷро карда метавонад.

Дар идомаи чорабинӣ маърӯзаи доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдулбоқӣ Нуров - «Баъзе андешаҳо оиди муносибати босалоҳият ба таълим бароио мӯзгорони оянда дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» ва маърӯзаи номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Тағоймурод Раҷабов «Ташаккули салоҳиятҳои муаллимони ояндаи синфҳои ибтидоӣ мавриди таълими фанҳои тахассусӣ дар донишгоҳҳои омӯзгорӣ» шунида шуд.

Конференсия дар 4 бахш идома ёфта, маводи конференсия дар ҳаҷми 432 саҳифа ба нашр расид, ки аз 102 маърӯза иборат аст.

 

353.JPG - 132.88 Kb 354.JPG - 175.03 Kb 355.JPG - 234.04 Kb

356.JPG - 236.64 Kb 357.JPG - 269.43 Kb 358.JPG - 225.89 Kb

359.JPG - 112.67 Kb 360.JPG - 237.09 Kb 361.JPG - 176.79 Kb

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj