• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Фестивал- озмун бахшида ба 80- солагии

факултети забон ва адабиёти рус

378.JPG - 259.06 KbДар санаи 12-уми декабри соли 2019 дар толори асоси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Фестивал- озмун бахшида ба 80- солагии факултети забон ва адабиёти рус ва ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии  такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2015-2020» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ хатмкунандагони солҳои гузаштаи  факултет ва меҳмонон иштирок намуданд, аз он ҷумла: Спектор  Александра Леонидовна, Муллоев Шариф Бакиевич,  Нозимов Абдулахад Абдуалимович ва ғайраҳо.

 

Фестивал бо Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  бо сухани табрикотии ректори донишгоҳ Нумонҷон Ғаффорӣ Усмонзода оғоз ёфт. Дар баромади ҳуд ректори донишгоҳ қайд намуданд, ки   факултети забон ва адабиёти рус, дар 80-соли фаъолияти худ чандин шахсони барӯманд – профессорон, олимон, академикҳо, докторҳои илм ва номзадҳои илмро баровардаст, ки онҳо айни замон дар соҳаҳои гуногуни илму маориф кор ва фаъолият намуда истодаанд.

Дар Фестивал-озмун донишҷӯён аз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, филиали Донишкадаи энергетикии шаҳри Москва дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи забонҳо ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, инчунин донишҷӯёни факултетҳои англисӣ ва романӣ–германии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ иштирок намуданд.

Озмун аз чор қисм иборат буд, навиштани диктант, ифоданок қироат намудани шеър. Баъдан саҳначаҳо аз ашъори нависандагони рус пешкаш намуданд ва дар қисми мусиқӣ донишҷӯён романҳои ҳалқи русро сароиданд.

Дар ҳотимаи фестивал ба ғолибон мукофотҳо супорида шуд.

Садорати забон ва адбиёти рус

 

363.JPG - 207.92 Kb 364.JPG - 197.87 Kb 365.JPG - 196.66 Kb 366.JPG - 198.88 Kb

367.JPG - 153.89 Kb 368.JPG - 197.68 Kb 369.JPG - 138.97 Kb 370.JPG - 207.12 Kb

371.JPG - 160.14 Kb 372.JPG - 184.14 Kb 373.JPG - 157.04 Kb 374.JPG - 184.02 Kb

375.JPG - 189.56 Kb 376.JPG - 230.67 Kb 377.JPG - 218.25 Kb 378.JPG - 259.06 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj