• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

 

ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ МАРДӢ.....

394.JPG - 209.29 KbРаёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамкорӣ бо Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ тасмим гирифтаанд, суҳбату вохӯриҳо бо донишҷуёни ятиму бепарастор ва маъюбони гурӯҳи якум баргузор намояд. Дар вохӯрии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила Мансур, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ Иброҳимзода Амирҷон, сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Убайдуллои Шамсулло, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи С.Айнӣ Қувватов Сайдулло, Раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни ДДОТ ба номи С.Айнӣ Раҷабов Дилшод, мудири шуъбаи тарбияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ Иброҳимов Қобилҷон ва донишҷӯёни ятиму бепарастор  иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Мусоҷонзода Ҷамила Мансур суханронӣ намуда меҳмононро ба ин даргоҳи илму маърифат хайру мақдам гуфта, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳои худ қайд менамоянд, ки дастгирии ятимон ва оилаҳои камбизоат кори хайру саховат мебошад, дар партави суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ тасмим гирифтааст, ки ятимон ва маъюбони гурӯҳи якуми донишгоҳро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намоянд. Сипас мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар суханронии худ қайд намуданд, ки донишҷӯёни азиз ҳеҷгоҳ худро танҳо ҳис накунед ва доимо дар ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошед. Дар охир донишҷӯён дар васфи Тоҷикистон, Модар ва Пешвои миллат шеърҳо қироат намуда сипас ба зиёда аз 55 нафар донишҷӯёни ятими кул ва маъюбони гурӯҳи якуми донишгоҳ бо тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби меҳмонон қадрдонӣ карда шуданд.

 

Шуъбаи кор бо ҷавонон

 

391.JPG - 166.39 Kb 392.JPG - 203.96 Kb 393.JPG - 167.37 Kb

395.JPG - 173.85 Kb 396.JPG - 191.20 Kb 397.JPG - 192.60 Kb 398.JPG - 184.90 Kb 399.JPG - 194.20 Kb 400.JPG - 235.23 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj