• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

Ҷаласа оид ба шарҳу тафсири Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

28.jpg - 75.06 KbДар таърихи 17-уми январи соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласа вобаста ба шарҳу тафсири Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид.

Нахуст ҷаласаи мазкурро ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода ифтитоҳ намуда, дар боби аҳамият ва зарурияти нуқтаҳои дар Паём зикршуда суханронӣ намуд.

Сипас мудири кафедраи фалсафаи донишгоҳ, дотсент Бердиев Шоҳназар Пирназарович дар мавзӯи "Сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон" ва мудири бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ Саидова Гулхумор Зиннатовна дар мавзӯи "Паёми Пешво-дастури созандагию бунёдкорӣ" маърӯзаҳои хешро ироа намуданд.

Дар интиҳои ҷаласа ноиби ректор оид ба илм Мирзораҳимов Акобир Каримович ва Раиси иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ Буриев Маҳмадалӣ вобаста ба тақвият додани омӯзиши фанҳои табиию риёзӣ, ки яке аз масъалаҳои умдаи Паёми Пешвои миллат аст, суханронӣ карданд.

Шуъбаи тарбияи ДДОТ

ба номи С. Айнӣ

28.jpg - 75.06 Kb 25.jpg - 76.41 Kb 26.jpg - 78.09 Kb 27.jpg - 60.53 Kb

29.jpg - 73.79 Kb 30.jpg - 81.79 Kb 31.jpg - 81.35 Kb 32.jpg - 70.25 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj