• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

БАРГУЗОРИИ НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

44.jpg - 79.62 Kb27-уми январи соли 2020 тибқи нақшаи ташкил ва баргузории нишастҳои матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2019 бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон ва намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.

Зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ аз натиҷаи дастовардҳо ва бурду бохти таълимгоҳ дар давоми соли 2019 ва вазифаҳо дар соли 2020 дар назди рӯзноманигорон ҳисоботи муфассал ироа намуд. Ректори донишгоҳ аз таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ёдовар шуда, изҳор дошт, ки аҳли коллективи донишгоҳ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти давлату ҳукумат баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмию омӯзгорӣ пайватса ҷаҳду талош менамоянд.

Инчунин ректори донишгоҳ атрофи дастовардҳои илмӣ аз қабили конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, донишгоҳӣ ва семинарҳои илмӣ-амалӣ, мизи мудаввар суханронӣ намуда, қайд намуд, ки донишгоҳ дар соли 2019 дар миёни 38 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар аз рӯйи фанҳои таълимӣ сазовори ҷойи 2-юм гардид ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуд.

Дар қисмати дувуми нишасти матбуотӣ намояндагони расонаҳои хабарии кишвар - Заробиддин Ширинов аз агентии иттилоотии “Ховар”, Бузургмеҳр Ҷалилов аз рӯзномаи «Ҷумҳурият», Қурбон Аҳмадзода аз рӯзномаи «Минбари халқ», Ҷамшеди Сабоҳиддин аз рӯзномаи «Садои мардум», Абдурауф Муродӣ аз рӯзномаи «Омӯзгор», Саида Набизода аз маҷаллаи «Маърифати Тоҷикистон», Мутрибаи Тоҷиддинзода аз маҷаллаи «Тоҷикистон», Насрулло Тӯйчизода аз маҷаллаи «Илм ва ҳаёт», Тоҷиддин Латипов аз рӯзномаи «Қонун ва ҷомеа», Хуршед Ховарӣ аз рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», Усмон Раҳимзода аз рӯзномаи «Тоҷикистон», Ҷамшед Одинаев аз шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо», Валӣ Тоҳир аз шабакаи телевизионии «Душанбе» ва Шодиҷон Султонов аз шабакаи телевизионии «Варзиш» суолу пешниҳодҳо намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

36.jpg - 100.68 Kb 39.jpg - 101.64 Kb 33.jpg - 93.95 Kb 35.jpg - 103.56 Kb

34.jpg - 92.74 Kb 37.jpg - 75.34 Kb 38.jpg - 111.08 Kb 40.jpg - 117.40 Kb

41.jpg - 96.86 Kb 42.jpg - 113.16 Kb 43.jpg - 92.62 Kb 45.jpg - 96.46 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj