• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Ду лоиҳаи пешниҳодкардаи Донишгоҳи омӯзгорӣ

оид ба баланд бардоштани сифати таълим татбиқ гардида

истодаанд-бардошт аз нишасти матбуотӣ

55-5.jpg - 63.34 Kb

ДУШАНБЕ, 27.01.2020. /АМИТ «Ховар»/.Бо дастгирии лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон соли гузашта ду лоиҳаи пешниҳодкардаи донишгоҳи мо- «Ҳамгироии технологияи информатсионӣ дар раванди таълим ҳамчун омили баланд бардоштани сифати таълим» бо маблағи 2755 ҳазор сомонӣ ва «Беҳтар гардонидани шароити зисти духтарон дар хобгоҳ-ҳамчун ангезиши дохилшавӣ  ба ДДОТ аз минтақаҳои кӯҳистон» ба маблағи 360 ҳазор сомонӣ қабул гардида, дар маҷмӯъ ба маблағи умумии 3115 ҳазор сомонӣ татбиқ шуда истодаанд. Ин нукта имрӯз дар нишасти матбуотии  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баён гардид.

Ректори Донишгоҳи мазкур,  доктори илмҳои таърих, профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ гуфт, ки яке аз дастовардҳои дигари назарраси соли сипаригардида ба медали биринҷӣ ноил гардидани  муҳаққиқи ҷавон Фарзона Абдуҷалилзода  мебошад. Номбурда бо дастгоҳи ихтироъкардааш- «Дастгоҳи комплекси офтобӣ барои ҳосил намудани энергияи электрикӣ ва гармӣ» дар 12-умин Намоишгоҳи байналмилалӣ ва Форуми занони ихтироъкор дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ иштирок варзида, сазовори ҷои сеюм ва медали биринҷӣ гардид.

Зикр шуд, ки дар баробари  ҳамкорӣ бо 73 донишгоҳи хориҷии дуру наздик, ҳамчунин ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории тарафайн, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули таҷрибаи омӯзгорону донишҷӯён бо 6 донишгоҳи хориҷи мамлакат шартнома ба имзо расонида шуд.

Дар донишгоҳ донишҷӯёни бурунмарзӣ дар се шакли таҳсил- рӯзона, ғоибона ва фосилавӣ тариқи квота ва дар асоси шартнома таҳсил мекунанд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj