• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

«Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров

дар рушди худшиносии миллӣ»

69.JPG - 137.73 KbБо ташаббуси факултети таърих ва кафедраи таърихи халқи тоҷик санаи 14 феврали соли 2020 дар толори асосии донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар мавзӯи «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар рушди худшиносии миллӣ», семинари илмӣ баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор А. Мирзораҳимов бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чунин қайд карда буданд: «олимони таърихнигор ва ҷомеашиноси мо ва умуман аҳли зиёи кишвар бояд дар омӯзиш ва тарғиби зиндагинома ва осори ҷовидонаи ин бузургмарди миллат саҳмгузор бошанд» оғоз намуданд.

Сипас сухани аввал ба узви вобастаи Академияи Илмҳои Ҷумурии Тоҷикистон, д.и.т., профессор Ҳ. Пирумшоев дода шуд. Устод дар мавзӯи Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар рушди худшиносии миллӣ» сухан ронда, нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро дар рушд ва нумӯи таърихшиносии миллӣ ҳалкунанда арзёбӣ намуданд. Ташаккули ҷаҳонбинии таърихии Б. Ғафуровро устод марҳила ба марҳила таҳқиқ намуда, нақши онро ба роҳ андохтани омӯзиши таърихи халқи тоҷик равшан намуданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки мавзӯи калидии таҳқиқоти академик Бобоҷон Ғафуровро таърихи халқи тоҷик аз замонҳои қадим то давраи муосир ташкил медиҳад. Бо фарохии мавзӯи тадқиқотӣ, масъалагузорӣ ва ҳалли он дар заминаи маводҳои нодиру дасти аввал ва тадқиқоти таърихшиносии ҷаҳонӣ Б. Ғафуров имрӯз низ дар таърихнигории тоҷик мақоми аввалиндараҷаро соҳиб мебошад. Воқеан таҳқиқоти Бобоҷон Ғафуров, ба вижа «Тоҷикон»,-и ӯ дар таърихшиносии миллӣ ҳамчун асарҳои бунёдии ҷамъбастӣ то имрӯз арзиши баланди илмии худро нигоҳ медоранд ва ояндаҳо нигоҳ хоҳад дошт.

 

Оид ба мавзӯи «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров поягузори илми таърихи халқи тоҷик дотсент Ғ.  Роҳатов баромад намуда, чунин ифода намуданд, ки «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ифшогари асолати миллати тоҷик буда, дар бедор кардани ҳисси ватандӯстии махсусан наврасон ва ҷовонони кишвар аҳамияти муҳим дорад.

Дар кори семинар устодон Ғ. Гадоев дар мавзӯи Нақши «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар тарбияи ҷавонон , Давлатшо Маҳмудов оид ба ҳаракати босмачигарӣ аз нуқтаи назари Бобоҷон Ғафуров, оид ба шуҳрати ҷаҳонии «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дотсент Сулаймоншо Ғуломшоев баромад намуданд.

Кори семинар аз ҷониби декани факултет дотсент А.  Муродзода бо чунин суханон анҷом дода шуд: Китоби «Тоҷикон» -и Бобоҷон Ғафуров нақшаҳои шуми бадхоҳони миллати тоҷикро бо далелу санадҳои раднопазири илмӣ барбод дода, таъриху фарҳанг ва забони тоҷикиро наҷот дод. Имрӯз муаррифгари бунёдкору тамаддунофар будани тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ гашт.

Факултети таърих, мудири кафедраи

таърихи халқи тоҷик М.Фозилова

64.JPG - 142.06 Kb 65.JPG - 221.73 Kb 66.JPG - 158.49 Kb 67.JPG - 122.82 Kb

68.JPG - 187.66 Kb 69.JPG - 137.73 Kb 70.JPG - 155.29 Kb 71.JPG - 145.92 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj