• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

 

21 - уми феврал Рӯзи байналмилалии забони модарӣ

77.JPG - 5.65 MbЗабони модариро пос дорем” унвон дошт ҳамоиши илмӣ- амалӣ, ки ба ифтихори Рӯзи байналмиллалии забони модарӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ доир гардид. Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳӣ  Ректори  донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ кушода, роҷеъ ба ҳифзи забонҳои модарӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди забони модарии миллатҳои маскуни Тоҷикистон ибрози назар намуд.

 

Дар маърӯзаи мудири кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ, дотсент Мирбобоев Азиз “Забони модарӣ ва истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” нақши истиқлол дар таҳким, тадрис ва рушди забонҳои миллатҳои маскуни мамлакат мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Профессори кафедраи забони тоҷикии донишгоҳ Саидмуроди Хоҷазод оид ба “Нақши Паёми Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон дар рушди забони миллӣ” сухан кард. Номбурда зикр кард, ки ҷиҳати амалӣ намудани нуктаҳои меҳварии Паём роҳбарияти ДДОТ ба номи С.Айнӣ ба омӯзиши забони тоҷикӣ диққати калон медиҳад. Омӯзиши забони тоҷикӣ дар 13 факултети донишгоҳ ба роҳ монда шудааст. Ба ғайр аз узбекҳо дар ин муассиса боз миллатҳои дигар, амсоли русҳо, туркманҳо, куриёиҳо ва ғ.-ҳо таҳсил доранд ва ҳамаи онҳо забони тоҷикиро меомӯзанд. Омӯзиши забони тоҷикӣ дар муассисаҳои олии мамлакат ҷавобгӯи талаботи замон буда, дар ин самт монеае вуҷуд надорад. Барномаҳои таълимӣ, комплексҳои методӣ- таълимӣ, китобу воситаҳои таълимӣ барои омӯзандагони забони тоҷикӣ комилан фароҳам аст.

Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки кормандони тамоми муассисаҳои олии кишвар, бавижа ДДОТ ба номи С.Айнӣ ҷиҳати ҳамовозӣ, тарғибу ташвиқи  сиёсати забонии роҳбарияти олии мамлакат пайваста ҷаҳд меварзанд ва барои амалӣ гаштани нуктаҳои меҳварии ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз, инчунин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо неруи дучанд собитқадамона ва ғайратмандона азму талош хоҳанд кард.

Дар хотима донишҷӯён бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ, туркманӣ, фаронсавӣ, куриёӣ, вахонӣ ва шӯғнонӣ пораҳои шеърӣ қироат намуда, ба маҳфил шаҳомати вижа бахшиданд.

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj